Болоравии қурби рубл ва таназзули доллар дар Тоҷикистон

266
(Таҷдидшуда 12:32 10.02.2021)
Дар Тоҷикистон қурби рубл боло рафта ва пули амрикоӣ дар ҳоли таназзул аст. Агар рӯзи гузашта 1 доллар баробар ба 11,3020 сомонӣ буд, имрӯз ин нишондод 11.3015 сомонӣ шудааст

ДУШАНБЕ, 10 фев — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон аз тақвияти сомонӣ нисбати доллар хабар медиҳад. Ҳамчунин боло рафтани қурби рубл дар кишвар назаррас аст.

Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон, арзиши миёнаи 1 доллари амрикоӣ имрӯз 11.3015 сомонӣ нишон дода шудааст.

Ин ниҳод қурби миёнаи фурӯши 1 рубл дар муассисаҳои қарзии Тоҷикистонро аз 0.1520 то 0.1545 сомонӣ арзёбӣ кард.

Бонки миллӣ қурби миёнаи фурӯши 1 евроро 13.6816 то 13.7000 сомонӣ муқаррар намудааст.

Харидуфурӯши 1 доллар бошад, Бонки миллӣ имрӯз аз 11.3015 то 11.3300 сомонӣ таъйин намудааст.

Бо ҳайати нав: Вазорати молияи Амрико омода аст долларро бар замин занад

Ҳамин тавр, Бонки миллӣ арзиши асъори хориҷиро нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон) чунин муқаррар кардааст:

  • 1 доллари ИМА — 11.3015 сомонӣ;
  • 1 евро – 13.6816 сомонӣ;
  • 1 рубли русӣ — 0.1520 сомонӣ.

БМТ огоҳ менамояд, ки "берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад".

266
Барчаспҳо:
таназзули иқтисоди Русия, қурби асъор, Тоҷикистон
Денежные купюры.

Бонки миллӣ арзиши рублу доллар ва евроро нисбат ба сомонӣ барои имрӯз эълон кард

452
(Таҷдидшуда 12:24 02.03.2021)
Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ барои имрӯз эълон кард, ки асъори миллӣ нисбат ба ҳафтаи гузашта каме тақвият ёфтааст

ДУШАНБЕ, 2 мар— Sputnik. Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон арзиши 1 рубли русӣ барои имрӯз 0.1527 сомонӣ нишон дода шудааст.

Ин ниҳод қурби миёнаи фурӯши 1 доллар дар муассисаҳои қарзии Тоҷикистонро аз 11.3045 то 11.3300 сомонӣ арзёбӣ кард.

Бонки миллӣ қурби миёнаи фурӯши 1 евроро аз 13.6174 то 13.7800 сомонӣ арзёбӣ кардааст.

Харидуфурӯши 1 рублро бошад, Бонки миллӣ имрӯз дар бозори нақди кишвар аз 0.1527 то 0.1540 сомонӣ муқаррар кардааст.

Дар бонкҳои дигари кишвар, аз ҷумла "Бонки Эсхата" харидуфурӯши 1 рубл имрӯз 0,1515 - 0,1540 сомонӣ муқаррар кардаанд.

Дар "Спитаменбонк" бошад, арзиши 1 рубл аз 0.1520 то 0.1560 ва дар "Алифбонк", 1 рубл аз 0,1500 то 0,1560 сомонӣ нишон дода шудааст.

Пешгӯиҳо дар мавриди қурби рублу доллар дар моҳи март

БМТ огоҳ менамояд, ки "берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад".

452
Барчаспҳо:
сомонӣ, арзиши доллар, арзиши ҷаҳонӣ, арзиши асъор, Бонки Миллӣ, Тоҷикистон
Сохтмонҳои нав дар Душанбе, акс аз бойгонӣ

Бонкҳои Тоҷикистон ипотекаро зиёд кардаанд

194
Ташкилотҳои қарзии Тоҷикистон ният доранд, ки ҳаҷми қарзҳои ипотекаро имсол зиёд кунанд, зеро дар кишвар рушди устувори бунёди биноҳои нав ба қайд гирифта шудааст

ДУШАНБЕ, 1 мар - Sputnik. Дар Тоҷикистон ният доранд, ҳаҷми қарзҳои ипотекиро барои шаҳрвандони кишвар афзоиш диҳанд, навиштааст "Авеста".

Бонкҳои кишвар тасмим гирифтанд, ки шумораи қарзҳои ипотекаро зиёд кунанд, зеро солҳои охир дар Тоҷикистон рушди устувори бинои манзил ба қайд гирифта шудааст. Аммо ташкилотҳои қарзӣ вобаста ба имкониятҳои молиявии худ қарзҳои ипотекӣ медиҳанд.

Андозаи маблағе, ки барои қарзи ипотекӣ ҷудо шудааст, нисбатан кам аст. Масъулини бонкҳои ҷумҳурӣ мегӯянд, барои гирифтани қарзи дарозмуддат амонати дарозмуддат лозим аст. Аммо дар ташкилотҳои қарзии маҳаллӣ пасандозҳо кӯтоҳмуддат - аз як то сесола мебошанд.

Чунин муҳлати ками пасандозҳо имкониятҳо барои қарздиҳии ипотекиро коҳиш додаст. Дар маҷмӯъ, дар соли 2020, бонкҳо ба маблағи умумии 103 миллион сомонӣ, беш аз 9 миллион доллар қарзи ипотека доданд, ки ин нисбат ба соли 2019 ҳудуди 17,1 миллион сомонӣ ё худ 1,4 миллион доллар зиёд аст.

Қаблан роҳбарияти "Амонатбонк" эълон карда буд, ки дар нимаи дуюми сол ба муштариён қарзҳои ипотека пешниҳод мекунад. Тибқи омори соли гузашта, дар Тоҷикистон биноҳои истиқоматӣ бо масоҳати умумии 1,3 миллион метри мураббаъ ба истифода дода шуданд, ки ин нисбат ба соли пешӣ 1,4% зиёдтар аст.

194
Барчаспҳо:
қарз, Тоҷикистон
Церемония открытия учений Центр-2019

Покистон: мо ҳамаи ихтилофот бо Ҳиндро ҳал мекунем

0
(Таҷдидшуда 15:14 02.03.2021)
Вазири умури хориҷаи Покистон аз тасмими ин кишвар барои ҳаллу фасли тамоми ихтилофот ва танишҳову масоили дуҷониба бо Ҳинд хабар дод

ДУШАНБЕ, 2 мар — Sputnik. Ба нақл аз хабаргузории "Форс", Шоҳмаҳмуди Қурайшӣ, вазири умури хориҷаи Покистон гуфт: Мо мехоҳем ҳамаи масоилро бо Ҳинд аз тариқи гуфтугӯи сулҳомез ҳал кунем.

Вай изофа кард, ки Покистон мехоҳад мутобиқ бо қатъномаҳои Шӯрои амнияти Созмони Милал бо Ҳинд дар мавриди масъалаи Кашмир гуфтугӯ кунад, аммо мо наметавонем аз мавзӯи ҳуқуқи башари кашмириҳо чашмпӯшӣ кунем.

Қурайшӣ ёдовар шуд, ки Покистон қасди ҳуҷум надорад, аммо агар ҳодисаи Болокут такрор шавад, медонад чӣ гуна аз худ дифоъ кунад.

Ба гуфтаи вазири умури хориҷаи Покистон, Ҳинд 26 феврали 2019 аз марзҳои Покистон убур ва Болокутро бомбаборон кард то ба ҷаҳониён бигӯяд, ба як урдӯгоҳи шибҳинизомиён ҳамла кардаву ҳудуди 300 террористро куштааст. Аммо имрӯз ба ҷаҳон собит шудааст, ки ҳеч урдӯгоҳе аз шибҳинизомиён дар он ҷо набуда ва ҳеч террористе дар онҷо кушта нашудааст.

Қурайшӣ таъкид кард, ки Покистон дунболи ташдиди танишҳо нестем, аммо мехоҳем ба ҷаҳониён собит кунем, ки қодир ба муҳофизат аз худ ҳастем.

0
Барчаспҳо:
таниш, ихтилофот, мушкилот, Покистон, Ҳинд