Тоджиксодиротбанк. Архивное фото

“Қарзҳои сархӯр”: чаро Бонки миллӣ иҷоза дод, ки бонкҳо муфлис шаванд?

1150
(Таҷдидшуда 01:11 12.02.2021)
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон як ба як мушкили бонкҳои муфлисшударо баршумурд, аҳволи имрӯзии онҳоро баён кард ва роҳи наҷотро гуфт. Аз нигоҳи ӯ, сарнавишти онҳо ба заъфи мудирият ва то ҷое ғафлати эҳтимолии танзимгар – Бонки миллӣ бастагӣ дорад

ДУШАНБЕ, 11 фев — Sputnik. Фахриддин Холбек. Ҳоким Холиқзода, ки дар нишасти матбуотии ниҳодаш суҳбат мекард, дар посух ба суоли Sputnik Тоҷикистон “оё дар мушкили бонкҳои муфлисшуда то куҷо танзимгар - Бонки миллӣ муқассир аст?”, гуфт, қабл аз ҳама ин мушкил аз сатҳи заифи мудирияти корпоративии худи бонкҳо бармеояд, ки қабл аз танзимгар бояд хавфҳои худро худ муҳосаба мекарданд.

“Бояд ҳар як хавфе, ки ҳаст, чӣ қарзӣ бошад ё фоизиву амалиётӣ, аз сӯи онҳо пешбинӣ мешуд. Мутаассифона, надиданд. Мушкили аслӣ роҳбарӣ ва мудирияти нодуруст дар замони буҳрони молиявию иқтисодӣ аст. Эҳтимолан аз сӯи танзимгар – Бонки миллӣ низ хато содир шудааст, аммо бонкҳо тиҷоратӣ буданд ва мебоист худашон манфиатдор мебуданд, ки ба ин мушкилот дучор нашаванд”, - гуфт Ҳоким Холиқзода.

“Хатти сиёҳ”

Сухан аз чаҳор бонки Тоҷикистон - “Тоҷпромбонк”, “Фононбонк”, “Тоҷиксодиротбонк” ва “Агроинвестбонк” меравад, ки тайи солҳои ахир ба куллӣ муфлис шуданд ва ё миёни будану набудан даступо мезананд.

Намунаҳои боризи бонкҳои муфлисшуда – “Тоҷпромбонк” ва “Фононбонк” - анд, ки имрӯзҳо охирин нафасҳои худро мекашанд. Ба қавли раиси Бонки миллӣ, “Фононбонк”, ки 27 феврали соли 2017 аз муҷаввизи фаъолият маҳрум шудааст, дар оғоз аз шахсони воқеӣ ё амонатгузорон 71,5 миллион сомонӣ қарздор буд ва то 1 январи соли равон ин қарз ба 5, 2 (моҳи июли соли гузашта - 12) миллион коҳиш ёфт.

“Фононбонк” 93% - и уҳдадориҳои қарзиашро иҷро кардааст. Охири моҳи декабр мо бо мудири махсус (ё шахси масъули барҳамдиҳиҳӣ) – и бонк ҷаласа доштем. Ба мо гуфтанд, ки моҳи феврал уҳдадорӣ (қарзҳо) –и худро пурра бартараф мекунад”, - гуфт Ҳоким Холиқзода.

Дар қиёс бо “Фононбонк”, бонки муфлисшудаи дигар - “Тоҷпромбонк” ҳамоно дар миёнаи “хатти сиёҳ” – и худ аст. Ба қавли раиси Бонки миллӣ, кор ба ин ҷо кашидааст, ки 5 моҳи қабл мудири махсуси ин бонк барканор ва мудири нав таъйин карда шуд, зеро раванди барҳамдиҳӣ хеле кунд пеш мерафт.

“3 марти соли 2017, замоне, ки муҷаввизи бонк бозпас гирифта шуд, ин бонк аз шахсони воқеӣ ё амонатгузорон 174,8 миллион сомонӣ қарз дошт. Ҳоло ин рақам ба 49 (моҳи июли соли гузашта - 65) милллион сомонӣ пойин омада, бонк 72% - и уҳдадориҳояшро иҷро кардааст. Дороиҳояш дар ҳоли ҳозир 320 миллион сомониро ташкил медиҳад, ки барои пурра анҷом додани уҳдадориҳо пеши амонатгузорон кифоят мекунад”, - гуфт Ҳоким Холиқзода.

Ё ин тараф, ё он тараф?

“Тоҷиксодиротбонк” ва Агроинвестбонк” ду бонке мебошанд, ки аз соли 2015 ба ин сӯ ба гирдоби буҳрони густардае афтоданд ва то ба ҳол, ба истилоҳ, миёни маргу зиндагӣ ҷон мекананд. Ҳукумати Тоҷикистон ихтиёри кори онҳоро аз раҳбарияташон гирифта, ба вазорати молия вогузор кард ва ҳоло барои наҷоташон талош мекунад.

“Тоҷиксодиротбонк”, бонке, ки дар миёни бонкҳои тиҷоратӣ қудратмандтарин ба ҳисоб мерафт, соли 2015, замони мувоҷеҳ шуданаш ба мушкилоти молӣ 4 миллиарду 300 миллион сомонӣ дороӣ дошт ва бино ба иттилои Бонки миллӣ, ҳоло дар ҳадди қариб 4 миллиард, бо тағйири андаки 0,60% - и коҳиш, онро нигоҳ медорад.

Ҳоким Холиқзода гуфт, ин бонк дар оғоз 3 миллиарду 700 миллион сомонӣ аз мизоҷонаш қарздор буд ва то ба ҳол 1 миллиарду 274 миллион сомонӣ ё 65% - и онро адо кардааст.

“Уҳдадории қарзӣ пеши шахсони воқеӣ аз 1 миллиарду 200 миллион сомонии аввал ба 344,6 (моҳи июли соли гузашта – 444) миллион ё 71% поён омада, 70% - и муштариён амонатҳои худро бозпас гирифтаанд”, - гуфт раиси Бонки миллӣ.

Аз рӯи оморе, ки Бонки миллӣ ироа мекунад, вазъи “Агроинвестбонк” ҳамоно беҳбуд наёфтааст. Бино ба ин манбаъ, дороиҳои ин бонк ҳоло ба 1,6 миллиард сомонӣ, ё 17% кам аз замони мувоҷеҳ шуданаш ба буҳрон, коҳиш ёфтаанд.

Раиси Бонки миллӣ гуфт, қарзи бонк ҳоло 1 миллиарду 300 миллион сомонӣ ё 44% кам шудааст.

“Дар назди шахсони воқеӣ 1 миллиарду 247 миллион сомонӣ ӯҳдадории қарзӣ дошт, ки ин рақам ҳоло ба 661 (моҳи июли соли гузашта – 750) миллион сомонӣ ё 50% поин омадааст”, - гуфт Ҳоким Холиқзода.

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон мегӯяд, ба ҳама бонкҳои фавқуззикр тавсия шудааст, ки дороиҳои худро фурӯшанд ва хароҷоти худро кам кунанд, то қабл аз ҳама, уҳдадориҳо дар назди шахсони воқеӣ ё амонатгузоронро кам кунанд

“Ҳоло мушкили аслие, ки вуҷуд дорад, саривақт фурӯхта натавонистани иншооту биноҳо аз сӯи ин бонкҳо аст. Ин кор вақтро талаб мекунад”, - гуфт Ҳоким Холиқзода.

“Бачаҳои угай” ё саркаш

Аз далоили буҳронӣ шудани вазъи чор бонки болоӣ ҳарфҳои зиёде гуфта мешавад, аммо боризтарини онҳо ҳамоно қарзҳои бузургеанд, ки ба истилоҳ, сари онҳоро хӯрдаанду мехӯранд.

Сироҷиддин Икромӣ, раиси “Амонатбонк” дар посух ба суоли Sputnik Тоҷикистон, ки “оё эҳтимоли ба сарнавишти бонкҳои дигар дучор омадани “Амонатбонк” вуҷуд дорад?” гуфт, ки ҳамчунин дурнамо пешбинӣ намешавад, зеро ин бонк бо қарзҳои бузург сарукор надорад.

“Бино ба як қарори Бонки миллии Тоҷикистон, қарзи калонтарине, ки “Амонатбонк” бояд диҳад, аз 5 миллион сомонӣ ё ҳудуди 500 ҳазор доллар набояд зиёд бошад”, - гуфт Сироҷиддин Икромӣ.

Аз ин посухи раиси “Амонатбонк” бармеояд, ки Бонки миллӣ ду соли пеш мутаваҷҷеҳи мушкил шуда, ин бонки давлатиро ҳушдор додааст. Аммо суоли мантиқӣ ҳам ин аст: чаро минҳайси танзимгари соҳаи бонкӣ, аз оғоз мутаваҷҷеҳи бонкҳои дигар нашуд?

Раиси Бонки миллӣ бо зикри “хатои эҳтимолии танзимгар” гуфт, ки онҳо бонкҳои тиҷоратиянд ва ин ба он маъност, ки онҳо истиқлоли амал доранд ва мушкил дар мудирияти заъифи онҳост.

Маълум аст, ки “Амонатбонк” бонки давлатӣ аст ва масъулияти фаъолияти онро ҳукумати Тоҷикистон бар дӯш дорад. Аммо оё ин ҳам иҷоза медиҳад, ки бонкҳои ғайридавлатӣ ба масобаи, ба истилоҳ, “бачаҳои угай” дида шаванд?

Як корманди собиқи Бонки миллии Тоҷикистон, ки нахост номашро зикр кунем, гуфт, дар гузашта бонкҳои ғайридавлатӣ агарчи расман таҳти назорати Бонки миллии Тоҷикистон буданд, дар амал онҳо озодии бештари амал дар сиёсату фаъолиятҳоиҳои худро доштанд ва ба истилоҳ, БМТ-ро писанд намекарданд.

“Агар БМТ солҳои пеш сиёсатеро пеш мегирифт, ки 5 соли қабл мо гирифтем, шояд ба ин вазъ омада намерасиданд. Ин ба он маъност, ки раҳбарияти қаблии БМТ ё диди дуруст аз хавфҳои эҳтимолиро надошт, ё гирифтори дигар мушкилоте буд, назири назорати суст, сатҳи пасти идоракунӣ, непотизм, бемасъулиятӣ ва факторҳои инсонӣ. Бо ин вуҷуд, талошҳои ҷараён доранд, ки ду бонк - “Агроинвестбонк” ва “Тоиксодиротбонк” наҷот дода шаванд”, - гуфт ӯ.

Бино ба иттилои дарёфтӣ, бонкҳои муфлисшуда ва рӯ ба муфлисӣ ба мизоҷони худ, ки аксаран ширкатҳои ватаниянд, аз 10 то 500 миллион сомонӣ дар гузашта қарз дода будаанд. Кор ба ин ҷо кашидааст, ки аз ҷумлаи мизоҷони танҳо “Агроинвестбонк” ҳоло раҳбарону масъулини 37 корхона дар боздоштгоҳ қарор доранд. Иттилои кофӣ дар ин маврид нест, аммо ин далел худ вусъати фоҷиаи бонкҳоро барҷастатар кардааст.

1150
Барчаспҳо:
мушкил, муовини раиси танзимгар, муфлисшавӣ, Бонки миллӣ, бонк, Тоҷикистон
Встреча Президента с Председателем Правления Евразийского банка развития Николаем Подгузовым

Суҳбати Раҳмон бо Подгузов: аз ҷалби сармоя барои саноат ва энержӣ то сохтмони мактабҳо

278
(Таҷдидшуда 16:41 05.03.2021)
Ҷонибҳо ҷалби сармояро барои рушди саноат, аз ҷумла истихроҷу коркарди маъдан, саноати хӯрокворӣ дар асоси коркарди маҳсулоти кишоварзии аз ҷиҳати экологӣ тоза, баррасӣ карданд

ДУШАНБЕ, 5 мар — Sputnik.  Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо раиси Раёсати Бонки Авруосиёии Рушд Николай Подгузов мулоқот кард.

Бино ба гузориши котиботи раисиҷумҳур, дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Бонки Авруосиёии Рушд баррасӣ гардидааст.

"Тоҷикистон ба масъалаи рушди ҳамкории судманд бо Бонки Авруосиёии Рушд, аз ҷумла дар самти ҷалби сармоя ба бахшҳои афзалиятноки иқтисодиёт ҳавасманд аст", — таъкид намуд Эмомалӣ Раҳмон.

Аз сатҳи ҳамкории дуҷониба ва иқдоми Ҳукумати Русия оид ба татбиқи лоиҳаи сохтмону муҷаҳҳазгардонии 5 мактаб дар Тоҷикистон, ки тавассути Бунёди Авруосиёии устуворӣ ва рушд амалӣ мегардад, изҳори қаноат карда шуд.

Мавриди зикр аст, ки идоракунандаи фонди мазкур Бонки Авруосиёии Рушд мебошад.

Ҷонибҳо зимни мулоқот имкониятҳои ҳамкории пурсамар ва ҷалби сармояро барои рушди саноат, аз ҷумла истихроҷу коркарди маъдан, саноати хӯрокворӣ ва сабук дар асоси коркарди маҳсулоти кишоварзии аз ҷиҳати экологӣ тоза ва рақамикунонии иқтисодиёт, табодули андеша карданд.

Манбаъ афзуда, ки дар бахши энергетика иштироки бонк дар татбиқи лоиҳаҳои сохтмону таҷдиди нерӯгоҳҳои хурду бузург ва бунёди хатҳои интиқоли барқ, зарур шумурда шуд.

278
Барчаспҳо:
иқтисод, мулоқот, суҳбат, Эмомалӣ Раҳмон, БОР, Тоҷикистон
Денежные купюры

Бонки миллӣ арзиши рублу доллар ва евроро нисбат ба сомонӣ барои имрӯз эълон кард

413
(Таҷдидшуда 12:38 05.03.2021)
Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ барои имрӯз эълон кард. Дар Тоҷикистон қурби евро ва рубли русӣ боло рафтааст

ДУШАНБЕ, 5 мар— Sputnik. Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон арзиши 1 рубли русӣ барои имрӯз 0.1534 сомонӣ нишон дода шудааст.

Ин ниҳод қурби миёнаи фурӯши 1 доллар дар муассисаҳои қарзии Тоҷикистонро аз 11.3045 то 11.3300 сомонӣ арзёбӣ кард.

Бонки миллӣ қурби миёнаи фурӯши 1 евроро аз 13.6101 то 13.8500 сомонӣ арзёбӣ кардааст.

Харидуфурӯши 1 рублро бошад, Бонки миллӣ имрӯз дар бозори нақди кишвар аз 0.1534 то 0.1555 сомонӣ муқаррар кардааст.

Дар бонкҳои дигари кишвар, аз ҷумла "Бонки Эсхата" харидуфурӯши 1 рубл имрӯз 0,1530 - 0,1550 сомонӣ муқаррар кардаанд.

Дар "Спитаменбонк" бошад, арзиши 1 рубл аз 0.1530 то 0.1560 ва дар "Алифбонк", 1 рубл аз 0,1520 то 0,1560 сомонӣ нишон дода шудааст.

БОР ба Тоҷикистон 105 миллион доллар медиҳад: вазир гуфт ба куҷо сарф мекунанд

БМТ огоҳ менамояд, ки "берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад".

413
Барчаспҳо:
сомонӣ, доллар, рубл, Бонки Миллӣ
Футбольный клуб Худжанд

Футболбозони клуби “Хуҷанд” ба Туркия мераванд: мақсад чист?

0
(Таҷдидшуда 20:34 05.03.2021)
Футболбозони клуби “Хуҷанд” ба Туркия сафар карда 10 рӯз он ҷо мемонанд. Пеша аз сафар раиси вилояти Суғд бо онҳо мулоқот кард

ДУШАНБЕ, 5 март - Sputnik. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо футболбозони клуби "Хуҷанд" дидору мулоқот кард.

Бино ба гузориши мақомоти вилояти Суғд, раиси вилоят аснои мулоқот бо ҳайати даста гуфтааст, ки роҳбарияти вилоят дар партави дастурҳои Эмомалӣ Раҳмон ба рушди намудҳои варзиш, аз ҷумла футбол таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир намуда, клубҳои футболро мунтазам дастгирӣ менамояд.

Дар ин росто бозингарони дастаи "Хуҷанд"  бо мақсади баланд бардоштани маҳорату малака ва омодагӣ ба мавсими нави футбол, инчунин омӯзиши техникаҳои нави бозии футбол ба Ҷумҳурии Туркия сафарбар карда мешаванд.

"Бозингарони "Хуҷанд" давоми 10 рӯз дар Туркия се бозии рафиқона анҷом дода, барои иштирок дар чемпионатҳо омодагӣ мебинанд", - омадааст дар хабарнома.

Таъкид гардида, ки минбаъд дастаҳои футболи "Эсхата" ва "Истаравшан" низ барои такмили маҳорат ва мубодилаи таҷриба ба кишварҳои дуру наздик фиристода мешаванд.

Раиси вилоят дар поёни мулоқот ба шахсони масъул ҷиҳати беҳтар намудани шароити бозингарон, омодагии ҳамаҷонибаи дастаҳои футбол дар лигаи олӣ, рушди варзиш дар шаҳру навоҳӣ супоришҳои мушаххас додааст.

0
Барчаспҳо:
Раҷаббой Аҳмадзода, Туркия, Хуҷанд, Футбол