ДУШАНБЕ, 15 фев – Sputnik. Сардори минтақавии Бонки миллӣ дар шаҳри Хуҷанд зимни нишасти матбуотӣ вазъи бозори асъорро шарҳ дод.
Ба иттилои манбаъ, соли гузашта қурби сомонӣ нисбат ба доллар 16,6 % ва евро 28,1 дарсад коҳиш ёфт, вале дар навбати худ нисбат ба рубли русӣ то 3,5 % баланд шудааст.
Яъне, дар соли 2020 қурби 1 доллари амрикоӣ 11,2 сомонӣ, нархи 1 эвро ба 13,5 сомонӣ баробар шудааст.
Қиммати 1 рубли русӣ бошад 15 дирам ва ё 0,15 сомонӣ муқаррар шудааст.
Валиев коҳишёбии содирот, нисбат ба ҳаҷми воридоти мол дар кишварро яке аз омилҳои осебрасон ба қурби пули миллӣ арзёбӣ намуд.
"Дар давраи ҳисоботӣ маълум гардид, ки агар мо ба 1 доллар мол содирот карда бошем, ба 3,7 доллар маҳсулот харидаем. Вақте содирот намешавад ва асъори хориҷӣ ба кишвар намеояд, норасоии асъори хориҷӣ дар бозор ҳис карда мешавад ва ҳамаи ин ба пасравии қурби сомонӣ таъсир мегузорад",- гуфт Валиев.
Номбурда гуфт, соли 2020 ҳаҷми гардиши савдои хориҷии вилояти Суғд 1 миллиарду 667, 6 миллион доллари амрикоӣ рақам зада мешавад.
Аз ин содироти мол 354 миллион доллар ҳисоб мешавад, ки нисбат ба соли 2019, 24,5 % кам аст.
Зимнна, 1 миллиарду 313 миллион доллари дигар ҳаҷми воридоти мол ҳисоб мешавад, ки дар қиёс ба як соли пеш ба андозаи 16, 4 % коҳиёш ёфтааст.
Валиев мегуяд, тавозуни бозори истеъмолӣ собит намудааст, ки соли гузашта аз хориҷи кишвар ба маблағи бештар аз 30 миллион доллар, муодили бештар аз 311 миллион сомонӣ мол ворид карда шудааст, ки имкони истеҳсоли онҳо дар қаламрави вилоят мавҷуд мебошад.
“Ба ғайр аз номгӯи маҳсулоте, ки дар қаламрави вилоят мушкил ва ё ғайриимкон аст, дар ин давра аз хориҷи кишвар биринҷ ба маблағи 10,2 миллион доллар, гӯшти паранда ба маблағи 8,7 миллион доллар, маҳсулоти ордӣ (макарон) 6,7 миллион доллар, оби газнокшуда 3 миллион доллар, ҳасиб ва маҳсулотҳои гӯштӣ 1, 9 миллион доллар, тухми парранда 1, 9 миллион доллар, помидори консервашуда ба маблағи 682 ҳазор доллар ворид шудааст”, - гуфт ӯ.
Бо ироаи ин иттилоъ, ин масъули Бонки миллӣ, ҳамзамон таъкид варзид, ки то замони тағйир наёфтани тавозуни савдо ва зиёд нашудани ҳаҷми содироти мол, вазъи бозори асъор осебпазир ва фишор ба қурби пули миллӣ эҳсосшаванда боқӣ мемонад.
ДУШАНБЕ, 1 мар - Sputnik. Дар Тоҷикистон ният доранд, ҳаҷми қарзҳои ипотекиро барои шаҳрвандони кишвар афзоиш диҳанд, навиштааст "Авеста".
Бонкҳои кишвар тасмим гирифтанд, ки шумораи қарзҳои ипотекаро зиёд кунанд, зеро солҳои охир дар Тоҷикистон рушди устувори бинои манзил ба қайд гирифта шудааст. Аммо ташкилотҳои қарзӣ вобаста ба имкониятҳои молиявии худ қарзҳои ипотекӣ медиҳанд.
Андозаи маблағе, ки барои қарзи ипотекӣ ҷудо шудааст, нисбатан кам аст. Масъулини бонкҳои ҷумҳурӣ мегӯянд, барои гирифтани қарзи дарозмуддат амонати дарозмуддат лозим аст. Аммо дар ташкилотҳои қарзии маҳаллӣ пасандозҳо кӯтоҳмуддат - аз як то сесола мебошанд.
Чунин муҳлати ками пасандозҳо имкониятҳо барои қарздиҳии ипотекиро коҳиш додаст. Дар маҷмӯъ, дар соли 2020, бонкҳо ба маблағи умумии 103 миллион сомонӣ, беш аз 9 миллион доллар қарзи ипотека доданд, ки ин нисбат ба соли 2019 ҳудуди 17,1 миллион сомонӣ ё худ 1,4 миллион доллар зиёд аст.
Қаблан роҳбарияти "Амонатбонк" эълон карда буд, ки дар нимаи дуюми сол ба муштариён қарзҳои ипотека пешниҳод мекунад. Тибқи омори соли гузашта, дар Тоҷикистон биноҳои истиқоматӣ бо масоҳати умумии 1,3 миллион метри мураббаъ ба истифода дода шуданд, ки ин нисбат ба соли пешӣ 1,4% зиёдтар аст.
ДУШАНБЕ, 1 мар— Sputnik. Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон арзиши 1 рубли русӣ барои имрӯз 0.1507 сомонӣ нишон дода шудааст.
Ин ниҳод қурби миёнаи фурӯши 1 доллар дар муассисаҳои қарзии Тоҷикистонро аз 11.3045 то 11.3300 сомонӣ арзёбӣ кард.
Бонки миллӣ қурби миёнаи фурӯши 1 евроро 13.6897 то 13.8100 сомонӣ арзёбӣ кардааст. Харидуфурӯши 1 рублро бошад, Бонки миллӣ имрӯз дар бозори нақди кишвар аз 0.1507 то 0.1540 сомонӣ муқаррар кардааст.
Дар бонкҳои дигари кишвар, аз ҷумла "Бонки Эсхата" харидуфурӯши 1 рублро имрӯз аз 0,1515 - 0,1540 сомонӣ муқаррар кардаанд.
Дар "Спитаменбонк" бошад, арзиши 1 рубл аз 0.1515 то 0.1545 ва дар "Алифбонк", 1 рубл аз 0,1500 то 0,1555 сомонӣ нишон дода шудааст.
Чаро қурби сомонӣ паст мешавад? Шарҳи намояндаи Бонки миллӣ
БМТ огоҳ менамояд, ки "берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад".
ДУШАНБЕ, 1 мар – Sputnik. Фотима Ғуломова, ҳунарпешаи номдори театру синамо, модари коргардони машҳур Барзу Абдураззоқов ва ҳамсари Ҳабибулло Абдураззоқов, ҳунарманди номии театру синамо пас аз бештар аз як моҳи марги шавҳараш даргузашт.
Аз даргузашти ҳунарпеша корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ, ҳаводорони саҳна ва дӯстони фарзандаш Барзу Абдураззоқов хабар додаанд.
Писари дигари ҳунарманд Шаҳбоз Абдураззоқов ин хабарро тасдиқ карда, гуфтааст, модараш дар пайи беморӣ ҷон ба Ҷонофарин супурд.
Фотима Ғуломова 87 сол дошт ва бештар аз 40 сол дар саҳнаи Театри давлатии академии драмавии ба номи Лоҳутӣ фаъолият карда буд.
Фарзандонаш Барзу Абдураззоқов, коргардони тавонои тоҷик, корманди идораи Созмони Милал Шаҳбоз Абдураззоқов ва проффессори Консерваторияи Шветсия Ниссор Абдураззоқов ҳастанд.
Ӯ дар намоишҳои "Бой ва ғулом", "Шоҳ Лир", "Рӯдакӣ", "Рустам ва Суҳроб", "Мо аз боми ҷаҳон" нақшҳои асосӣ ва хотирмонро бозидааст.
Хомушии ситораи дигар: нақшҳои беҳтарини Ҳабибулло Абдуразоқов – видео
Марги Фотима Ғуломова дар ҳолест, ки ҳанӯз бештар аз як моҳ қабл, 19 январ ҳамсараш, ҳунарманди тавонои синамо ва театр Ҳабибулло Абдураззоқов даргузашта буд.