Денежные купюры

Болоравии рублу доллару евро дар Тоҷикистон: Бонки миллӣ қурби асъори хориҷиро эълон кард

1611
(Таҷдидшуда 13:21 16.02.2021)
Тағйироти назаррас дар қурби асъор аз охири ҳафтаи гузашта то ҳол дар Тоҷикистон ин болоравии якбораи рублу доллару евро дар баробари сомонӣ мебошад

ДУШАНБЕ, 16 фев - Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон қурби асъори хориҷиро нисбат ба сомонӣ барои имрӯз эълон кард, ки тибқи нишондод асъори миллӣ дар ҳоли заифшавист.

Дар баробари ин, қурби доллар, ки чанд моҳ дар ҳоли сукут қарор дошт, майли гароншавӣ дорад. 

Ҳамин тавр, имрӯз тибқи нишондоди Бонки миллӣ як доллар дар Тоҷикистон 11,3027 сомонӣ арзиш дорад.

Дар мавриди қурби асъори Аврупо бошад, он пас аз каме поин омадан дубора ҷояшро гирифт. Ин ниҳод қурби як евро барои шанздаҳуми феврал 13,7136 сомонӣ муқаррар кардааст.

Рубл дар баробари пули миллӣ пас аз суқути такрорӣ дигарбора боло рафт. Имрӯз ҳазор рубл дар Тоҷикистон 153 сомону 40 дирам арзиш дорад.

Дар мавриди поинравии асъори миллӣ Наврӯз Валиев, сардори шӯъбаи минтақавии Бонки миллӣ дар Хуҷанд мегӯяд, то замони тағйир наёфтани тавозуни савдо ва зиёд нашудани ҳаҷми содироти мол, вазъи бозори асъор осебпазир ва фишор ба қурби пули миллӣ эҳсосшаванда боқӣ мемонад.

Коршиносон асъори фоидаовар барои соли 2021-ро гуфтанд

Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон тамоми амалиёти мубодила танҳо дар бонкҳо ва филиалҳои онҳо, ташкилотҳои қарзӣ, нуқтаҳои махсус, нуқтаҳои интиқоли пул, банкоматҳо ва терминалҳо иҷозат дода мешавад.

Дар сурати риоя накардани меъёрҳо, вайронкунандагон ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешаванд.

1611

Коҳиши асъори хориҷӣ нисбат ба сомонӣ: Бонки миллӣ қурби рублу долар ва евроро эълон кард

572
(Таҷдидшуда 12:28 09.03.2021)
Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ барои имрӯз эълон кард, ки тибқи нишондод асъори хориҷӣ ба таври назаррас коҳиш ёфтааст

ДУШАНБЕ, 9 мар— Sputnik. Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон арзиши 1 рубли русӣ барои имрӯз 0.1509 сомонӣ нишон дода шудааст.

Ин ниҳод қурби миёнаи асъори амрикоиро ба нишондодҳои аввалааш поин оварда, фурӯши 1 долларро дар муассисаҳои қарзии Тоҷикистон аз 11.3045 то 11.3300 сомонӣ арзёбӣ кардааст.

Асъори аврупоӣ, ки ҳафтаи гузашта ба баландтарин нишондодҳояш (13.6101 то 13.8500 барои 1 евро) расида буд, ба таври назаррас коҳиш ёфт.

Бонки миллӣ қурби миёнаи фурӯши 1 евроро аз 13.4987 то 13.6200 сомонӣ арзёбӣ кардааст.

Харидуфурӯши 1 рублро бошад, Бонки миллӣ имрӯз дар бозори нақди кишвар аз 0.1509 то 0.1540 сомонӣ муқаррар кардааст.

Дар бонкҳои дигари кишвар, аз ҷумла "Бонки Эсхата" харидуфурӯши 1 рубл имрӯз 0,1510 - 0,1540 сомонӣ муқаррар кардаанд.

Дар "Спитаменбонк" бошад, арзиши 1 рубл аз 0.1480 то 0.1545 ва дар "Алифбонк", 1 рубл аз 0,1520 то 0,1560 сомонӣ нишон дода шудааст.

БОР ба Тоҷикистон 105 миллион доллар медиҳад: вазир гуфт ба куҷо сарф мекунанд

БМТ огоҳ менамояд, ки "берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад".

572
Барчаспҳо:
Тоҷикистон, Бонки Миллӣ, рубл, коҳиш
Флагшток в Душанбе. Архивное фото

Таъсиси Палатаи савдои Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон

472
(Таҷдидшуда 00:23 08.03.2021)
Маркази тиҷоратӣ ва хизматрасонӣ дар Тоҷикистон ҳамчун Палатаи савдои Осиёи Марказӣ таъсис дода мешавад

ДУШАНБЕ, 8 мар — Sputnik. Вазорати молияи Тоҷикистон хабар додааст, ки Маркази тиҷоратӣ ва хизматрасонӣ дар Тоҷикистон бо ҳадафи иртиботи бештари корофаринон ва тавлидкунандагони Осиёи марказӣ ифтитоҳ хоҳад шуд.

Созмондиҳӣ ва фаъолияти ин марказ дар ҳоли баррасӣ аст. 

Дар моҳи феврали соли равон теъдоде аз гурӯҳҳои тиҷорӣ ва сармоягузории кишварҳои ҳамсоя барои ширкат дар ин тарҳ ба Тоҷикистон сафар карданд. 

Ин тарҳро ширкати “Девори ҷаҳон”, ки аз шуракоии ширкати сармоягузорӣ ва тавлидии “ Ориёнинвест”аст, иҷро хоҳад кард. 

Палатаи савдои Осиёи марказӣ тавлидкунандагон ва ширкатҳои мухталиф дар Тоҷикистон, Узбакистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркияро ба ҳам    муттаҳид мекунад.

Ҳамзамон дар қолиби ин пружа дар шаҳри Душанбе роҳандозии як намоишгоҳи доимии молҳо ва маҳсулоти кишварҳои ширкаткунанда дар ин пружа барномарезӣ шудааст. 

Ба таври куллӣ, барномарезӣ шудааст, ки фаъолияти ин сохтор тамоми равобити тиҷорӣ ва сармоягузорӣ дар ҳамаи мароҳил, назири ҷазби сармоягузорон, тавсеъаи барномаҳо, музокирот, ироаи хадамоту кумакҳои ҳуқуқӣ, ҳамкорӣ, тарвиҷи сармоягузорӣ ва маҳсулоти Тоҷикистонро дарбар хоҳад гирифт.

472
Барчаспҳо:
хизматрасонӣ, Осиёи Марказӣ, палата, савдо, Палатаи савдои Тоҷикистон, Тоҷикистон
Социальная сеть Фейсбук, архивное фото

Фейсбук сафҳаҳои тиҷоратии Тоҷикистонро бо мудиронашон бастааст

0
Дасти кам даҳ ширкати тоҷикӣ баста шудани сафҳаҳои худ дар Фейсбукро таъйид карданд. Сабаб ин иқдомро Фейсбук шарҳ надодааст

ДУШАНБЕ, 09 мар — Sputnik. Яке аз масъулони ин ширкатҳо, ки нахост номаш фош шавад, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, тариқи почтаи электронӣ як мактуберо дарёфт кардаанд, ки дар он гуфта шудааст, шумо аз “мудирияти тиҷорӣ” – ии Фейсбук ҳазф карда шудаед.

“Дар идома омадааст: “Ин бад-он маънӣ аст, ки шумо дигар ба ҳисобҳои рекламавӣ ё сафаҳоте, ки ба унвони корманди ширкат бо онҳо кор кардаед, дастрасӣ надоред. Агар фикр мекунед набояд ҳазф мешудед, бо мудири Мудирияти тиҷорӣ тамос гиред”.

Ин паём ирсол шудааст: Facebook, inc., Таваҷҷуҳ: Пуштибонии ҷомеа, 1 Facebook way, Menlo Рark, CA 94025”, - гуфт ҳамсуҳбати мо. Ба ҳамин минвол, тоҷирон ва афроди масъули ширкатҳо, ки аз Фейсбук ҳазф шудаанд, ҳам ба сафҳаи ширкат ва ҳам ҳисобҳои худ дар ин шабака дастрасӣ надоранд.

Ҳамсуҳбати мо мегӯяд, ӯ метавонад муҳтавои қаблан гузошташуда аз сӯи ширкат ё худро бубинад, аммо амалан коре дар онҳо карда наметавонад, ҳатто наметавонад “лайк” гузорад.

“Аз рӯи таҳлилҳои мо, ҳамон сафҳаҳое ҳазф шудаанд, ки тариқи имейли худ ё ширкат дар Фейсбук сабти ном шудаанд. Асосан админ ё мудирони сафҳаҳоро ҳазф кардаанд. Онҳое, ки сафҳаҳояшонро тариқи рақамҳои телефонҳои худ сабти ном кардаанд, алъон аз дасти бераҳми Фейсбук дар амонанд. Мо ду рӯз пеш ба “мудирияти тиҷорӣ” – и Фейсбук навиштем, ки сабабҳои ҳазф карданро шарҳ диҳад. То ба ҳол посухе нест”, - гуфт ҳамсуҳбати мо.

Моҳи ноябри соли равон Фейсбук як сафҳаи маъруф дар Тоҷикистон – “Ман Хуҷандро дӯст медорам” – ро ба хотири ҷой додани рекламаи маводи тиббӣ дар замони пандемияи “вируси корона” баста буд.

Фейсбук ба мудирони ин гуруҳ ваъда супурда буд, ки як моҳ пас посухи боз кардан ё дигар боз накардани сафҳаашонро хоҳад дод.

Аммо 6 моҳ мегузараду аз санг садо ҳаст, аз Фейсбук на. 3 марти соли равон Кумитаи андози Тоҷикистон хабар дода буд, ки сомонаи иҷтимоии Facebookро ҳамчун андозсупоранда сабти ном кардааст.

Аз канали Зеваров то "Дугонаҳо"-ву "ORZU": Кумитаи андоз 10-гонаи блогерҳоро ҳисоб кард

Аммо дар навбати худ Фейсбук низ саҳафоти ширкатҳои тиҷории Тоҷикистонро андоз мебандад ё хайр, ё онҳоро ҳам мисли сафҳаи “Ман Хуҷандро дӯст медорам” моли таърих хоҳад кард, як суоли боз аст.

0
Барчаспҳо:
сафҳа, Фейсбук, Тоҷикистон