Шерали Кабир- министр промышленности РТ

Ҳисобу китоб: Шералӣ Кабир хостори кори шаффофи ширкатҳои чинӣ дар Тоҷикистон шуд

1827
(Таҷдидшуда 14:31 16.02.2021)
Шералӣ Кабир, вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон, иддао дар бораи набудани шаффофият дар кори ширкату сармоягузорҳои чинӣ дар ҷумҳуриро шарҳ дод

ДУШАНБЕ, 16 фев — Sputnik. Вазири саноат ва технологияҳои нав гуфт, дар мавриди шаффофияти кору ҳисобдорӣ бо сармоягузорони хориҷӣ гуфтугузорҳо рафта истодаанд.

Ӯ бо зикри он, ки дар мавриди шаффофияти баъзе корхонаҳои чинӣ дар Тоҷикистон баҳсу мунозираҳо сурат мегиранд, иттилоъ дод, ки дар мувофиқа бо Ҳукумат сари ин масъалаҳо кор карда истодаанд.

“Ҳозир дар мувофиқа бо Ҳукумати Тоҷикистон бо ширкату сармоягузоронни хориҷӣ гуфтугузор карда истодаем. Мо талаб кардем, ки онҳо бояд ба стандартҳои байналхалқии ҳисобдорӣ гузаранд, шаффофияти пурраро таъмин намоянд”, - иттилоъ дод вазир.

Ба иттилои Шералӣ Кабир, Тоҷикистон феълан азм дорад, ки шомили Ташаббуси шаффофият дар дар соҳаи куҳкорӣ шавад, ки беш аз 52 давлати дунёро фаро мегирад. Вазир гуфт, ин ташаббус ширкатҳоро муваззаф мекунад, ки талаботи муайяни шаффофият, аз ҷумла масъулияти корпоративӣ - иҷтимоиро риоя намоянд. 

Вазири саноати Тоҷикистон таъкид намуд, ки ягон давлати дунё бе сармоягузории хориҷӣ рушд карда наметавонад ва муҳим хонд, ки дар ҷумҳурӣ низ барои сармоягузорони хориҷӣ шароити мусоид фароҳам бошад.

Ӯ дар баробари ин зарур хонд, ки ширкату сармоягузорони хориҷӣ бояд тибқи қонунгузории Тоҷикистон фаъолият кунанд, ҳуқуқи шаҳрвандони кишвар риоя намоянд. Шералӣ Кабир таъкид намуд, ки вазифаи ниҳоди тобеяш ва дигар сохторҳои дахлдори давлатӣ аст, риояи қонуниятро назорат баранд.

1827
Барчаспҳо:
шаффоф, саноат, Тоҷикистон
Флагшток в Душанбе. Архивное фото

Таъсиси Палатаи савдои Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон

374
(Таҷдидшуда 00:23 08.03.2021)
Маркази тиҷоратӣ ва хизматрасонӣ дар Тоҷикистон ҳамчун Палатаи савдои Осиёи Марказӣ таъсис дода мешавад

ДУШАНБЕ, 8 мар — Sputnik. Вазорати молияи Тоҷикистон хабар додааст, ки Маркази тиҷоратӣ ва хизматрасонӣ дар Тоҷикистон бо ҳадафи иртиботи бештари корофаринон ва тавлидкунандагони Осиёи марказӣ ифтитоҳ хоҳад шуд.

Созмондиҳӣ ва фаъолияти ин марказ дар ҳоли баррасӣ аст. 

Дар моҳи феврали соли равон теъдоде аз гурӯҳҳои тиҷорӣ ва сармоягузории кишварҳои ҳамсоя барои ширкат дар ин тарҳ ба Тоҷикистон сафар карданд. 

Ин тарҳро ширкати “Девори ҷаҳон”, ки аз шуракоии ширкати сармоягузорӣ ва тавлидии “ Ориёнинвест”аст, иҷро хоҳад кард. 

Палатаи савдои Осиёи марказӣ тавлидкунандагон ва ширкатҳои мухталиф дар Тоҷикистон, Узбакистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркияро ба ҳам    муттаҳид мекунад.

Ҳамзамон дар қолиби ин пружа дар шаҳри Душанбе роҳандозии як намоишгоҳи доимии молҳо ва маҳсулоти кишварҳои ширкаткунанда дар ин пружа барномарезӣ шудааст. 

Ба таври куллӣ, барномарезӣ шудааст, ки фаъолияти ин сохтор тамоми равобити тиҷорӣ ва сармоягузорӣ дар ҳамаи мароҳил, назири ҷазби сармоягузорон, тавсеъаи барномаҳо, музокирот, ироаи хадамоту кумакҳои ҳуқуқӣ, ҳамкорӣ, тарвиҷи сармоягузорӣ ва маҳсулоти Тоҷикистонро дарбар хоҳад гирифт.

374
Барчаспҳо:
хизматрасонӣ, Осиёи Марказӣ, палата, савдо, Палатаи савдои Тоҷикистон, Тоҷикистон
Душанбе плаза

Бонки миллӣ ба ширкати “Бейкер тилли Тоҷикистон” барои фаъолият иҷозатнома дод

550
(Таҷдидшуда 00:11 08.03.2021)
Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон эълон намудааст, ки ба ширкати “Бейкер тилли Тоҷикистон” барои 5 соли оянда иҷозатномаи фаъолият дода шуд

ДУШАНБЕ, 8 мар — Sputnik. Дафтари матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон таъкид доштааст, ки қарори раёсат дар ин бора санаи 4 марти соли равон ба имзо расидааст.

Тибқи иттили манбаъ, қарори навбатии Раёсати Бонк таҳти №42, мутобиқи моддаи 17 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият” ва боби 19 Низомнома дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият ба ширкати “Бейкер тилли Тоҷикистон” барои фаъолияти аудиторӣ дар бахши аудити ташкилотҳои суғуртавӣ ба муҳлати 5 сол иҷозатнома дода шуд.

Бонки миллӣ таъкид доштааст, ки Идораи назорати суғуртавӣ уҳдадор карда шуд, ки дар Феҳристи ташкилотҳои аудиторӣ, ки ҳуқуқи анҷом додани аудити ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ)-ро доранд, сабти дахлдор ворид намояд.

Ёдрас мешавем, ки чанде пеш Бонки миллии Тоҷикистон иҷозатномаи БДА "Амонатбонк" ва "Ташкилоти қарзии ғайрибонкии "Вестерн Юнион ДП Восток"-ро барои фаъолияти оператори низоми пардохтӣ ба муҳлати панҷ сол тамдид кард.

550
Барчаспҳо:
фаъолият, Тоҷикистон, ширкат, иҷозатнома, Бонки миллӣ
Председатель Высшего совета национального примирения Афганистана Абдулла Абдулла

Вокуниши мақомоти афғон ба тарҳи сулҳи нави Амрико

0
(Таҷдидшуда 19:13 08.03.2021)
Тарҳи нави давлати Амрико дар бораи ташкили давлати муваққат ё ҳукумати мушорикатӣ бо Толибон дар Афғонистон вокуниши шадиди мақомоти ин кишварро дар пай доштаву давлати Афғонистон таъкид кардааст, ки Кобул ҳаргиз таслими хостаҳои ғайриқонунии Амрико намешавад

ДУШАНБЕ, 8 март – Sputnik.  Раиси Шӯрои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон рӯзи душанбе дар вокунише тунд ба номаи ахири вазири умури хориҷаи Амрико гуфт, ки давлати Байден наметавонад бо зӯру фишор хостаҳои ғайриқонунии худро ба мардуми Афғонистон таҳмил ва давлати Афғонистонро водор ба ташкили давлати муваққат кунад, иттилоъ додааст хабаргузории "Парстудей".

Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар маросими гиромидошти ҳафтумин солгарди даргузашти Муҳаммадқосими Фаҳим, собиқ муовини аввали раёсати ҷумҳурии Афғонистон дар Кобул изофа кард, ки вахомати авзои амниятӣ мардумро дар шароити душворе қарор додааст ва ҷомеаи маданӣ, расонаҳо, хабарнигорон, уламои динӣ ва ҳеч як аз афроди ҷомеа масуният надоранд.

Дар ҳамин ҳол, Амруллоҳ Солеҳ, муовини аввали раиси ҷумҳурии Афғонистон ҳам дар ин маросим таъкид кард, Кобул сулҳи омиронаро намепазирад ва дар муқобили он меистад.

Амруллоҳ Солеҳ тарҳи нави сулҳи Зулмай Халилзод, намояндаи Амрико дар умури Афғонистонро «санади нанг» номид ва изофа кард, ки мақомоти афғонистонӣ ҳаргиз чунин санадеро имзо нахоҳанд кард.

Муовини аввали раиси ҷумҳурии Афғонистон изҳор дошт, ки ҳамон гуна, ки Амрикову Ғарб ҳақ доранд дар бораи сарнавишти низомиёни худ бо Толибон нишаст баргузор кунанд, мо ҳам ҳақ дорем дар бораи сарнавишти шаҳрвандони худ бар асоси манофеи миллии кишварамон тасмим бигирем.

Амруллоҳ Солеҳ афзуд, ки давлати Кобул ҳаргиз ҳозир намешавад бо сарнавишти мардуми худ муомила ва созиш кунад.

Тарҳи нави Амрико барои сулҳ дар Афғонистон

Вазири умури хориҷаи Амрико дар номае ба Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, вайро таҳдид кардааст, ки бо тарҳи нави давлати Амрико дар хусуси ташкили давлати муваққат ва ё ҳукумати мушорикатӣ бо Толибон мувофиқат кунад.

0
Барчаспҳо:
сулҳ, Кобул, Толибон, вокуниш, Амрико, Афғонистон