Шариф Рахимзода. Архивное фото

Раҳимзода гуфт чаро COVID-19 вазъи иқтисоди Тоҷикистонро муташанниҷ накард

294
(Таҷдидшуда 15:02 17.02.2021)
Собиқ вазири иқтисод ва раиси Бонки миллӣ таъкид доштааст, ки ба хотири кам пайванди доштани иқтисоди Тоҷикистон ба иҷтисоди ҷаҳонӣ ҷумҳурӣ дар замони пандемия ба буҳрони ҷиддӣ рӯ ба рӯ нашуд

ДУШАНБЕ, 17 фев — Sputnik. Шариф Раҳимзода, директори Пажӯҳишгоҳи иқтисод ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар мусоҳиба бо рӯзномаи давлатии “Ҷумҳурият” қайд кардааст, ки иқтисоди Тоҷикистон ба иқтисоди ҷаҳонӣ хеле кам пайвандӣ дорад ва маҳз  ҳамин  пайвастагию  вобастагии камтар оқибати пандемияи коронавирусро барои Тоҷикистон то буҳрони ҷиддӣ нарасонд.

Вай афзудааст, ки ҳамчунин тадбирҳои ҳукумат оид ба дастгирии мардум ва субъектҳои хоҷагидорӣ андешидашуда, имкон дод, ки таъсири манфии коронавирус коҳиш ёфта, рушди маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 4,5 дарсад таъмин шавад.

Шариф Раҳимзода, зикр кард, ки бечунучаро, пандемияи коронавирус ба иқтисоди Тоҷикистон низ бетаъсир намонд. Лекин на ба он дараҷае, ки иддае аз коршиносони ғафлатзада ҳангома мекарданд.

“Агар ёдатон бошад, баробари сабти аввалин ҳолати гирифторшавӣ дар Тоҷикистон, садоҳое баланд шуданд, ки бинобар заифии низоми тандурустӣ, имконияти маҳдуди профилактиву табобатӣ ва техникӣ садҳо ҳазор мубталои вируси нав ва даҳҳо ҳазор қурбон мешаванд”,  - қайд кард Раҳимзода.

Вай илова кард, ки коршиносон метарсонданд, ки иқтисоди миллӣ ба чунин зарба тоб нахоҳад овард ва бо исрор мегуфтанд, ки Ҳукумат барои пешгирӣ аз ин беморӣ  бояд, ҳатман, карантини саросарӣ ҷорӣ созад. 

Вале ба гуфтаи Раҳимзода ҷамъбасти соли ниҳоят вазнини 2020 бебунёдии тарсафканиҳо ва пешгӯиҳои муғризонаро нишон дод.

“Ҳангоме ки соли гузашта дар аксари давлатҳои дунё истеҳсолот ҷиддан коҳиш ёфт, маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон 4,5 дарсад афзуд. Бояд таъкид кард, ки дар чунин вазъияти мураккаб на танҳо уфти иқтисоди миллӣ пешгирӣ шуд, балки бо суръати нисбатан камтар ҳам бошад, пешрафти он таъмин гардид”, - гуфт собиқ вазири иқтисоди Тоҷикистон.

Собиқ вазири иқтисод ва раиси Бонки миллӣ қайд кард, ки ин, пеш аз ҳама, аз ҳисоби соҳаҳои бунёдӣ – саноат ва кишоварзӣ ба даст омад. 

294
Барчаспҳо:
ҷумҳурӣ, буҳрон, иқтисод, Пайванд, вазир, Тоҷикистон
Банкноты США, архивное фото

БОР ба Тоҷикистон 105 миллион доллар медиҳад: вазир гуфт ба куҷо сарф мекунанд

1024
(Таҷдидшуда 15:15 03.03.2021)
Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи имрӯзааш созишномаҳои грантӣ миёни ҳукумати ҷумҳурӣ ва Бонки Осиёии Рушдро тасдиқ кард

ДУШАНБЕ, 3 мар — Sputnik. Бар асоси ин созишнома ҳамакнун Тоҷикистон аз Бонки Осиёии Рушд 105 миллион доллар қарзи бебозгашт мегирад.

Гуфта мешавад, ин маблағ барои лоиҳаҳои "Барномаи рушди бахши энергетика" ва "Устувории шабакаи роҳ"-ҳо равона мешавад.

Файзиддин Қаҳҳорзода, Вазири молияи Тоҷикистон зимни баромадаш дар назди вакилон гуфт, маблағҳо ба рушди шабакаҳои энергетикӣ дар шаҳрҳои Душанбе, Конибодом, Исфара, Истаравшан ва Данғара равона карда мешаванд.

Номбурда гуфт, аз ҳисоби гранти мазкур тақрибан 400 ҳазор ҳисобкунакҳои барқӣ, 264 трансформатори пуриқтидор барои коҳиши талафоти нерӯи барқ ва рушди низоми биллингӣ харидорӣ мешавад, ки дар ин умур 70 миллион доллари он масраф мешавад.

Тасвиби грант барои таъмини тоҷикистониён бо кор

Ғайр аз ин, Бонки Осиёии Рушд барои таҷдиди роҳе, ки шаҳраки Хулбукро бо маркази ноҳияи Темурмалик мепайвандад, 73 миллион доллар медиҳад.

"Лоиҳаи мазкур баҳри қонеъ намудани талаботи муҳими минтақа оид ба беҳтаргардонии шоҳроҳҳои миллӣ, алалхусус Данғара-Оқмазор ва Ҳулбук-Кангурт равона шудааст. Қитъаҳои мазкур шоҳроҳи Осиёии №66 дар Данғара ва Ҳулбукро пайваст намуда, барои ҳамгироии марказҳои бузурги иқтисодии минтақа хидмат менамояд", - омадааст дар иттилоияи Вазорати молия.

Арзиши умумии лоиҳаи мазкур 72,93 миллион доллари амрикоиро ташкил дода, аз он 67,49 миллион доллари амрикоӣ аз ҳисоби гранти Бонки Осиёии Рушд ва 5,44 миллион доллари амрикоӣ аз ҳисоби саҳми Тоҷикистон татбиқ мегардад.

“Қарз зиёд шуд, боз қарз мегирем”: қарзи хориҷии Тоҷикистон чӣ қадар аст?

Ин ташкилоти байналмилалии молиявӣ қаблан гуфта буд, ки барномаи грантиро барои тақвияти татбиқи ислоҳоти ҷорӣ ва баланд бардоштани устувории молиявии бахши энергетика дар Тоҷикистон тасдиқ кардааст.

1024
Министр экономики Таджикистана Завки Завкизода

Тоҷикистон аз Бонки Рушди Осиё кӯмак хост

104
(Таҷдидшуда 12:36 03.03.2021)
Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон бо роҳбари навтаъйини Намояндагии доимии Бонки Рушди Осиё дар Тоҷикистон масоили сармоягузорӣ ба инфрасохтори энергетикӣ ва нақлиётро баррасӣ кард

ДУШАНБЕ, 3 мар — Sputnik. Имконияти афзоиши ҳаҷми дастгирии молиявии Бонки Рушди Осиё дар амалигардонии чораҳои зиддибуҳронии Ҳукумати Тоҷикистон дар меҳвари мулоқоти Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқӣ Завқизода  бо Роҳбари навтаъйини Намояндагии доимии Бонки Рушди Осиё дар Тоҷикистон хонум Шенни Кэмпбелл қарор гирифт, иттилоъ додааст дафтари матбуоти вазорат.

Бино бар иттилои манбаъ, вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад, ки мусоҳибон масъалаҳои ҳамкорӣ дар самтҳои асосӣ, аз қабили сармоягузорӣ ба инфрасохтори энергетикӣ ва нақлиёт, рушди фазои сармоягузорӣ ва минтақахои озоди иқтисодӣ, иқтисоди сабз, таҳсилоти касбӣ ва тренингҳо, инчунин мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлимро бо таваҷҷуҳ ба минтақаҳои сусттараққикардаи кишвар муҳокима намуданд.

Ҳамзамони зимни мулоқот, имконияти афзоиши ҳаҷми дастгирии молиявии Бонки Рушди Осиё дар амалигардонии чораҳои зиддибуҳронии Ҳукумати Тоҷикистон, аз ҷумла ба буҷети давлатӣ, инчунин татбиқи “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025”, “Барномаи рушди миёнамуҳлати иқтисоди рақамӣ барои солҳои 2021-2025” ва “Барномаи давлатии рушди содирот барои солҳои 2021-2025” баррасӣ карданд.

104
Барчаспҳо:
энергетика, нақлиёт, кумак, БРО, Вазири рушди иқтисод
День 4 марта

Зодрӯзи Дона Баҳромов ва ифтитоҳи Маҷмааи тандурустии "Истиқлол": имрӯзи таърих

0
(Таҷдидшуда 14:58 02.03.2021)
Рӯзи 4 - уми март дар Белорус - Рӯзи милитсия таҷлил мешавад. Дар ин рӯз дар шаҳри Душанбе маҷмааи тандурустии "Истиқлол" ифтитоҳ шуд

Рӯзи 4 март дар ҷаҳон чӣ рух дод

 Соли 1789 аввалин Конститутсия ИМА ба ҳукми амал даромад.

Рӯзи 4 март дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2010 дар ҷаласаи Мачлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Қонуни ҶТ «Дар бораи санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ» баррасӣ карда шуд.

Соли 2012 дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол барои иштирок дар даври ниҳоии Ҷоми КФО-2012 ба пойтахти Непал-  шаҳри Катманду сафар кард.

День 2 марта
© Sputnik/ Стас Этвеш/ Мария Вишнякова

Соли 2013 палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон қарор кард, ки ба лоиҳаи Қонуни ҶТ «Дар бораи мубориза бо терроризм» тағйирот ворид намояд.

Соли 2014 дар Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» маросими кушодашавии 16-умин намоиш-ярмаркаи армуғон ва сайёҳии  «Тоҷикистон-2014»  баргузор гардид.

Соли 2015 дар шаҳри Маскав ҷаласаи навбатии комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Россия оид ба ҳамкории иқтисодӣ-тиҷоратӣ баргузор гардид.

Соли  2016 Президент Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе дар маросими ботантана Маҷмааи тандурустии "Истиқлол"- ро ифтитоҳ намуд.

Соли 2017 дар Маркази исмоилияи шаҳри Душанбе маросими ифтитоҳи Рӯзҳои фарҳанги Ҷопон баргузор гардид, ки ду рӯз идома ёфт.

Соли 2019 дар бо қарори Ҳукумати Ҷопон собиқ Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Талбак Назаров барои саҳми арзандааш  дар рушду таҳкими муносибатҳои дуҷониба байни Тоҷикистон ва Ҷопон бо мукофоти давлатии ин кишвар – Ордени Тулӯи офтоб дараҷаи I сарфароз гардонида шуд.

Соли 2020 Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ узви Кумитаи иҷроияи Шӯрои Олимпии Осиё (Olympic Council of Asia) интихоб гардид.

Ҷашнҳои рӯзи 4 март

  • Дар Белорус — Рӯзи милитсия.

Рӯзи 4 март кӣ ба дунё омадааст

Соли 1875 -нависандаи тоҷик, равшанфикр ва рӯзноманигор Маҳмудхоҷа  Беҳбудӣ.

Соли 1936 - рӯзноманигор Тулфор Қадамов.

Соли 1947 - доктори илмҳои биологӣ Сафарбек Раҳимов.

Соли 1949 - ҳофиз, ҳунарманди халқии Тоҷикистон Дона Баҳромов.

Соли 1957 – рӯзноманигор Ҳуринисо Ализода.

0
Барчаспҳо:
Ҷаҳон, Тоҷикистон, ҷашн