Глава налогового комитета Таджикистан Давлатзода Нусратулло, архивное фото

Аз "Тоҷиктелеком" то "Роғун"-у "ТАЛКО" : Кумитаи андоз калонтарин қарздоронашро гуфт

1299
Кумитаи андози Тоҷикистон калонтарин қарздоронашро эълон кард, ки дар садри он “Тоҷиктелеком”,  НБО Роғун ва ТАЛКО  менишиннад

ДУШАНБЕ, 18 фев— Sputnik. Нусратулло Давлатзода раҳбари ин ниҳод зимни нишасти хабарие дар Душанбе гуфт, соли гузашта бинобар пандемияи коронавирус 303,6 миллион сомонӣ қарзҳои андозӣ бештар гардид.

Ба иттилои Кумита, маблағи қарзи андозҳо дар ин давра, асосан, аз ҳисоби ҶСК "Тоҷиктелеком" 76 млн сомонӣ, ҶСК "НБО Роғун" 67,2 млн сомонӣ, КВД "Ширкати Алюминийи Тоҷик" 38 млн сомонӣ, ҶСК "НБО Сангтуда 1" ба маблағи 36 млн сомонӣ, Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе 35 миллон сомонӣ, Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд 31 млн сомонӣ, “Талко Ресуср” 17 млн сомонӣ, “Алюминсохтмон” 16 миллион сомонӣ ва

Ба иттилои Кумита, бақияи қарзи андоз ба ҳолати 1 январи соли равон 884 млн сомониро ташкил медиҳад, ки дар муқоиса бо аввали соли гузашта 303 миллион сомонӣ афзудааст.

Ҷабри “вируси карона”: қарзи андоз дар Суғд зиёд шудааст

Тибқи иттилои манбаъ, давоми соли гузашта нақшаи ҷамъоварии андоз 93, 7 фисад иҷро шуда, нисбат ба нишондиҳандаҳои пешбинишуда ба буҷа 600 миллион кам маблағ ворид шуд.

1299
Барчаспҳо:
қарздор, Кумитаи андози ҶТ, Тоҷикистон
Денежные купюры

Бонки миллӣ арзиши рублу доллар ва евроро нисбат ба сомонӣ барои имрӯз эълон кард

445
(Таҷдидшуда 12:24 26.02.2021)
Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ барои имрӯз эълон кард, ки давоми ҳафта дар ҳоли коҳишёбист

ДУШАНБЕ, 26 фев— Sputnik. Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон арзиши 1 рубли русӣ барои имрӯз 0.1530 сомонӣ нишон дода шудааст.

Ин ниҳод қурби миёнаи фурӯши 1 доллар дар муассисаҳои қарзии Тоҷикистонро аз 11.3045 то 11.3300 сомонӣ арзёбӣ кард.

Бонки миллӣ қурби миёнаи фурӯши 1 евроро 13.8277 то 13.9100 сомонӣ арзёбӣ кардааст. Харидуфурӯши 1 рублро бошад, Бонки миллӣ имрӯз дар бозори нақди кишвар аз 0.1523 то 0.1555 сомонӣ муқаррар кардааст.

Дар бонкҳои дигари кишвар, аз ҷумла "Бонки Эсхата" харидуфурӯши 1 рублро имрӯз аз 0,1510- 0,1535 сомонӣ муқаррар кардаанд.

Дар "Спитаменбонк" бошад, арзиши 1 рубл аз 0.1510 то 0.1540 ва дар "Алифбонк", 1 рубл аз 0,1500 то 0,1555 сомонӣ нишон дода шудааст.

Чаро қурби сомонӣ паст мешавад? Шарҳи намояндаи Бонки миллӣ

БМТ огоҳ менамояд, ки "берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад".

445
Барчаспҳо:
сомонӣ, доллар, рубл, Бонки милии Тоҷикистон
Таджикские сомони и рубли, архивное фото

Ҷаҳиши рубл дар бозори асъори Тоҷикистон: сомонӣ заиф мешавад

1266
(Таҷдидшуда 00:01 25.02.2021)
Тағйироти назаррас дар қурби асъор аз охири ҳафтаи гузашта то ҳол дар Тоҷикистон ин болоравии якбораи рублу доллару евро дар баробари сомонӣ мебошад

ДУШАНБЕ, 25 фев - Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон қурби асъори хориҷиро нисбат ба сомонӣ барои имрӯз эълон кард, ки тибқи нишондод асъори миллӣ дар ҳоли заифшавист.

Қурби рубл, ки чанде қабл поин рафта буд, давоми ҳафтаи равон ба таври назаррас боло рафт.

Тибқи нишондоди Бонки миллии кишвар, арзиши рубл танҳо давоми як шабонарӯз беш аз 3 сомонӣ гарон шуд. Ҳоло барои 1000 рубл дар кишвар 155 сомону 30 дирам муқаррар шудааст.

Доллар низ пас аз каме боло рафтан дорад ба нишондоди аввали худ бармегардад ва имрӯз як доллар дар Тоҷикистон 11,3045 сомонӣ арзиш дорад.

Дар мавриди қурби асъори Аврупо бошад, он тули чанд муддат аст, ки калобанда дар марзи 13,6500 то 13,7500 қарор мегирад. Ин ниҳод қурби як евро барои 25 феврал 13,7169 сомонӣ муқаррар кардааст.

Дар мавриди поинравии асъори миллӣ Наврӯз Валиев, сардори шӯъбаи минтақавии Бонки миллӣ дар Хуҷанд мегӯяд, то замони тағйир наёфтани тавозуни савдо ва зиёд нашудани ҳаҷми содироти мол, вазъи бозори асъор осебпазир ва фишор ба қурби пули миллӣ эҳсосшаванда боқӣ мемонад.

Чаҳор бонки мушкилдори Тоҷикистон назди амонатгузорон ҳудуди 90 миллион доллар қарздоранд

Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон тамоми амалиёти мубодила танҳо дар бонкҳо ва филиалҳои онҳо, ташкилотҳои қарзӣ, нуқтаҳои махсус, нуқтаҳои интиқоли пул, банкоматҳо ва терминалҳо иҷозат дода мешавад.

Дар сурати риоя накардани меъёрҳо, вайронкунандагон ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешаванд.

1266
Соҳибёр Толиб, коргардони ҷавони тоҷик ҳангоми наворбардории филм

"Моҳиҳои бузург" сабт шуду “Қаландар” дар ҳоли таҳия: Соҳибёр дар Русия чӣ кор мекунад?

0
Соҳибёри Толиб, рӯзноманигор ва коргардони тоҷик филми ҷадидаш зери унвони “Моҳиҳои бузург” – ро дар дар вилояти Ленинград ба навор гирифтааст

ДУШАНБЕ, 28 фев – Sputnik. Филм дар бораи бекорхӯҷаи 35-солаи бе хона ва шуғли муайян қисса мекунад, ки бо дидадароияш боварии хонумҳои сарватмандро ба даст оварда, аз ҳисоби онҳо зиндагӣ мекунад.

Қаҳрамони лаванд бо зане бо номи София, ки 10 сол аз худаш калон аст, робита барқарор мекунад. Далер, писари София, бо хушдори муфтхӯри модараш муноқиша мекунад ва ӯро водор месозад, то биравад.

Ба гуфтаи коргардон, "мушкилоти матраҳшуда ҳамагонӣ буда, дар ҷомеаи Русия низ мубраманд”.

Продюсери филм Беҳзод Исомиддин изҳор медорад, ки дар ҷараёни таҳияи филм ба муаллиф озодии комили эҷодӣ  бидуни маҳдудияти тиҷорӣ дода шуда буд.

Нақшҳои асосиро дар филм Александр Громико ва Антон Логвиненко иҷро намуда, Оксана Полевикова, Олга Афанасева ва Даниил Худоногов низ нақш офаридаанд. Наворбардори филм Павел Смирнов ва рассом – саҳнасоз Ксения Неб мебошанд.

"Моҳиҳои бузург" дуввумин филми ҳунарии Соҳибёри Толиб аст. Ӯ қаблан  дар Тоҷикистон "Талош" – нахустин филми хомӯш дар таърихи кинои тоҷикро ба навор гирифта, дар ҷашнвораи синамои “Дидор” ҷоизаи ба номи Тоҳир Собиров аз Кумитаи радио ва телевизионро ба даст овард.

Филми мазкур инчунин ба барномаи озмунии Мактаби байналмилалии синамогарони ҷавони ИДМ - "Иттиҳод" дар Батуми қабул карда шуд, ки мебоист аз 18 то 24 майи соли 2020 баргузор мешуд, аммо ба таъхир гузошта шуда,  ҳанӯз баргузор нашудааст.

Феълан Соҳибёри Толиб ба таҳияи филми мустанад таҳти унвони кории “Қаландар” машғул аст. Филм дар бораи зиндагии муҳоҷири тоҷик қисса мекунад, ки наметавонад ба ватан баргардад ва ранҷ мекашад.  Наворбардорӣ тобистон ва зимистон сурат гирифта, намоиши он охири соли 2021 пешбинӣ шудааст.

Ҳарду филм дар доираи озмоишгоҳи коргардонии "Кинокоммуна" -и назди Маркази ҷавонони Иттифоқи синамогарони  Санкт-Петербург таҳия шудаанд.  Соҳибёр Толиб дар баробари таҳияи филмҳо донишҷӯи бахши сенарияи Донишкадаи синоамо ва телевизиони Санкт-Петербург мебошад.

0
Барчаспҳо:
нашр, таҳия, филм, Тоҷикистон