Министр экономики Таджикистана Завки Завкизода

Завқизода гуфт соли гузашта ба иқтисоди Тоҷикистон чӣ қадар қарзу грант ҷалб шудааст

107
(Таҷдидшуда 13:24 19.02.2021)
Вазири иқтисод ва савдои Тоҷикистон таъкид дошт, ки барои кам кардани таъсири иқтисодию иҷтимоии пандемияи коронавируси COVID-19 ба ҷумҳурӣ, Тоҷикистон аз як қатор ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ кумакҳои молиявӣ ва қарз дархост кард

ДУШАНБЕ, 19 фев — Sputnik. Ба гуфтаи Завқи Завқизода  Ҳукумат барои ҷалби маблағҳо ба хотири пешгирӣ ва кам кардани таъсири иқтисодию иҷтимоии пандемияи коронавируси COVID-19 ба кишвар аз институтҳои байналмилалии молиявӣ ва шарикони рушд маблағҳои грантӣ ва қарзҳои имтиёзнок ҷалб намуд.

Вазири иқтисод ва савдои Тоҷикистон афзуд, ки Тоҷикистон аз ҷумла аз Хазинаи Байналмилалии Асъор (ХБА) 189,5 миллион доллар қарзи бефоиз, Фонди Авруосиёгии Стабилизатсионӣ ва Рушд 50 миллион доллар қарз, Бонки Осиёи Рушд 122,5 миллион доллар грант, Бонки Ҷаҳонӣ 11,3 миллион доллар грант, Бонки Исломии Рушд 9,4 миллион доллар ва Ҳукумати Олмон 1 миллион евро дар маҷмӯъ зиёда аз 384,3 миллион доллар ҷалб карда шуданд.

Инчунин вазорат ҳамчун ҳамраиси комиссияҳои байниҳукуматӣ бо давлатҳои ҳамшарик ва масъули ҳамкориҳо бо ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ гуфтушунидҳо гузаронида, дар маҷмӯъ барои ҷалби 265,5 миллион доллар мусоидат намуд.

Ҳамзамон Завқи Завқизода қайд кардааст, ки сатҳи таваррум дар соли 2020-ум 9,4 фоизро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2019 (8 фоиз) 1,4 банди фоизӣ зиёд буда, аз ҳисоби 13 фоиз болоравии нархҳои маҳсулоти озуқаворӣ, 5,8 фоиз молҳои ғайриозуқа ва 4 фоиз тарофаҳои хизматрасонии пулакӣ ташаккул ёфтааст.

107
Барчаспҳо:
кумаки молӣ, кумак, иқтисод, ҷалб, қарз, Тоҷикистон
Душанбе плаза

Бонки миллӣ ба ширкати “Бейкер тилли Тоҷикистон” барои фаъолият иҷозатнома дод

27
(Таҷдидшуда 00:11 08.03.2021)
Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон эълон намудааст, ки ба ширкати “Бейкер тилли Тоҷикистон” барои 5 соли оянда иҷозатномаи фаъолият дода шуд

ДУШАНБЕ, 8 мар — Sputnik. Дафтари матбуоти Бонки миллии Тоҷикистон таъкид доштааст, ки қарори раёсат дар ин бора санаи 4 марти соли равон ба имзо расидааст.

Тибқи иттили манбаъ, қарори навбатии Раёсати Бонк таҳти №42, мутобиқи моддаи 17 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият” ва боби 19 Низомнома дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият ба ширкати “Бейкер тилли Тоҷикистон” барои фаъолияти аудиторӣ дар бахши аудити ташкилотҳои суғуртавӣ ба муҳлати 5 сол иҷозатнома дода шуд.

Бонки миллӣ таъкид доштааст, ки Идораи назорати суғуртавӣ уҳдадор карда шуд, ки дар Феҳристи ташкилотҳои аудиторӣ, ки ҳуқуқи анҷом додани аудити ташкилотҳои суғуртавӣ (азнавсуғуртакунӣ)-ро доранд, сабти дахлдор ворид намояд.

Ёдрас мешавем, ки чанде пеш Бонки миллии Тоҷикистон иҷозатномаи БДА "Амонатбонк" ва "Ташкилоти қарзии ғайрибонкии "Вестерн Юнион ДП Восток"-ро барои фаъолияти оператори низоми пардохтӣ ба муҳлати панҷ сол тамдид кард.

27
Барчаспҳо:
фаъолият, Тоҷикистон, ширкат, иҷозатнома, Бонки миллӣ
Экономический рост, архивное фото

“Шохиси озодиҳои иқтисодӣ”: Тоҷикистон 21 зина пешрафт кардааст

151
(Таҷдидшуда 18:21 07.03.2021)
Тоҷикистон дар радабандии нави “Шохиси озодиҳои иқтисоди” миёни кишварҳои дунё нисбати соли гузашта 21 зина пешрафт кардааст

ДУШАНБЕ, 7 март — Sputnik. Ин радбандӣ, ки ахиран аз ҷониби пажуҳишгоҳи Heritage Foundation ва маҷаллаи The Wall Street нашр шуд, 186 кишвари дунёро дар бар гирифтааст, ки Тоҷикистон дар он зина 134-ро ишғол мекунад.

Соли гузашта Тоҷикистон дар рейтинги “Шохиси озодиҳои иқтисодӣ” дар ҷойи 155 ва қабл аз он дар зинаи 122 қарор дошт. Гузоришгарон новобаста аз пешрафт Тоҷикистонро имсол низ аз сабаби сатҳи пасти молиявӣ, озодии соҳибкорӣ ва тиҷорат ба гуруҳи кишварҳои “иқтисодаш ноозод” ворид кардаанд.

Гузоришгарон гуфтаан дар соли ҷорӣ мизони озодиҳои иқтисодӣ дар Тоҷикистон 3 бал афзуда, аз 100 холи имконпазир 55,2 холро соҳиб гаштааст.

Иқтисоди Тоҷикистон ва дигар кишварҳои пасошӯравӣ 

Ҳамчунин гузоришгарон дар шарҳи мавқеи Тоҷикистон гуфтаанд, Тоҷикистон дар байни 40 кишвари минтақаи Осиё ва ҳавзаи уқёнуси Ором ҷойгоҳи 42-юмро ишғол мекунад ва нишондиҳандаҳои умумии он аз нишондиҳандаҳои миёнаи минтақа ва ҷаҳон хеле пасттаранд.

Ба гуфти гузоришгарон дар пайи ҳамагирии коронавирус иқтисоди Тоҷикистон танҳо 1 фисад поин рафт.

Гуфта мешавад, давоми солҳои нашри раддабандӣ нишондиҳандаҳои иқтисодии Тоҷикистон номусод буданд, аммо бо сабаби воридшавии маблағи муҳоҷирон аз Русия, сармоягузорӣ ва содироти канданиҳои фоиданок аз қабили тилло, сурб ва руҳ маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар афзоиш ёфтааст.

Таҳиягарони гузориш ҳамчунин гуфтаанд, Тоҷикистон барои даст ёфтан ба озодиҳои иқтисодӣ, бояд қонунгузориро бознигарӣ кунад, ислоҳот дар бозори меҳнат ба вуҷуд оварад ва муҳити мусоиди сармоягузорӣ фароҳам оварад.

Дар раддабандии мазкур мақоми кишварҳои пасошуравӣ ба таври зайл аст: Эстония-8, Гурҷистон-12, Литва-15, Латвия-30, Қазоқистон-34, Арманистон-32, Озарбойҷон-38, Қирғизистон-78, Молдова-87, Белорус-88, Русия-94, Ӯзбекистон-108, Украина-127 ва Туркманистон-167.

Раҳимзода гуфт чаро COVID-19 вазъи иқтисоди Тоҷикистонро муташанниҷ накард

Гузоришгарон иқтисоди Сингапур, Зеландияи нав ва Австралияро озодтарин ва Кубаву Венесуела ва Кореяи шимолиро маҳдудтарин гуфтаанд.

151
Барчаспҳо:
радабандӣ, иқтисод, Тоҷикистон
В учебной аудитории Кабульского политехнического института

Фаъолияти донишгоҳҳои Афғонистон аз сар гирифта шуд

0
(Таҷдидшуда 00:17 08.03.2021)
Пас аз се моҳ таътилӣ ба хотири маҳдудиятҳои ворид шуда ба хотири паҳншавии вируси корона донишгоҳҳои Афғонистон дубора дарҳои худро барои донишҷӯён боз карданд

ДУШАНБЕ, 8 мар — Sputnik. Дарсҳои ҳузурии донишгоҳҳои Афғонистон пас аз се моҳ таътилӣ ба далели маҳдӯдиятҳои коронаӣ, ахиран аз сар гирифта шуд.

Ба гузориши хабаргузории “Парстудей”, вазорати омӯзиши олии Афғонистон ахиран эълом кард, ҳамаи донишгоҳҳои давлатӣ ва ғайридавлатии ин кишвар бояд дар муддати як моҳ, дарсҳои гузаштаи тирамоҳи имсолро ба поён бирасонанд.

Коронавирус дар Афғонистон: мақомот маҳдудиятҳоро дар Кобул тамдид кард

Бар асоси мусаввабаи вазорати омӯзиши олии Афғонистон, қарор аст, давраи баҳории донишгоҳҳои ин кишвар 10 майи 2021 оғоз шавад.

Дар замони таътилии донишгоҳҳо ба далели мушкилоти зерсохтӣ дар Афғонистон хабаре аз тадриси маҷозӣ набуд.

Даҳҳо корманди дастгоҳи раисҷумҳури Афғонистон гирифтори коронавирус шудаанд

Токунӯн ҳудӯди 56 ҳазор нафар дар Афғонистон ба вируси корона мубтало шудаанд, ки аз ин теъдод ду ҳазору 450 нафар ҷон бохтанд.

0
Барчаспҳо:
таътил, донишҷӯён, донишгоҳ, вируси корона, вирус, Афғонистон