Золото

Дар Тоҷикистон 4,2 ҳазор нафар ҳуқуқи истихроҷи сангҳои қиматбаҳоро ба даст овардаанд

442
(Таҷдидшуда 11:35 20.02.2021)
Зиёда аз 4,2 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон барои истихроҷи инфиродии металлҳо ва сангҳои қиматбаҳо иҷозатнома гирифтаанд

ДУШАНБЕ, 20 фев — Sputnik. Дар ин бора муовини вазири молияи Тоҷикистон Карим Гулмуродзода зимни нишасти хабарии ин ниҳод иттилоъ дод.

Ба гуфтаи вай, аз шумораи умумии шахсони иҷозатномадор танҳо 500 нафарашон бо нуқтаҳои хариди  металлҳои қиматбаҳо шартнома бастаанд.

Ба иттилои манбаъ, дар умум то охири соли 2020 дар қаламрави ҷумҳурӣ 21 нуқтаи хариди металлҳои қиматбаҳо кушода шуд.

Аммо вазорат аз иттилоъ дар бораи миқдори тиллои харидаашон аз истихроҷкунандагони инфиродӣ худдорӣ кард.

Ёдовар мешавем, ки ҳукумати Тоҷикистон соли 2019 ба шахсони алоҳида иҷозат додааст, ки металлҳои ранга ва қиматбаҳо, сангҳои қиматбаҳо ва нимқиматбаҳо истихроҷ кунанд.

Қаблан Саридораи геологияи кишвар хабар дода буд, ки харитаи конҳоро барои тиллои пошхӯрда таҳия кардааст.

Гуфта мешавад, шаҳрвандон метавонанд бидуни пешниҳоди ягон ҳуҷҷат металҳои қиматбаҳоро фурӯшанд.

Ҳукумати Тоҷикистон барои ҷуброни касри буҷет як қисми захоири тиллоро фурӯхтааст

Ёдовар мешавем, қаблан Оймаҳмадзода Илҳомҷон, роҳбари Саридораи геологияи тоҷик  гуфт бо дастури ҳукумат, то имрӯз дар кишвар 145 қитъаро муаян кардаанд, ки сокинон метавонанд дар он ҷой тилло шӯянд.

Ба иттилои манбаъ,  ин минтақаҳоро  дар ҳудуди 900 киллометр дар шаҳру навоҳии Айнӣ, Бохтар, Ванҷ, Дарвоз, Дӯстӣ, Лахш, Масчоҳи кӯҳӣ, Мӯъминобод ва Мурғоб ҷудо кардаанд.

Набзи иқтисодро бояд донем: истиқболи вазир аз тиллофурӯшии давлат

Ӯ гуфт, барои фаъолияти фардии тиллошӯйӣ баъзе талаботҳо ҳаст, ки яке аз он техникаи истифодашаванда набояд аз 50 қувваи асп зиёд набошад.

442
Барчаспҳо:
тиллошӯӣ, Вазорати молия, Тоҷикистон
Экономический рост, архивное фото

“Шохиси озодиҳои иқтисодӣ”: Тоҷикистон 21 зина пешрафт кардааст

56
(Таҷдидшуда 18:21 07.03.2021)
Тоҷикистон дар радабандии нави “Шохиси озодиҳои иқтисоди” миёни кишварҳои дунё нисбати соли гузашта 21 зина пешрафт кардааст

ДУШАНБЕ, 7 март — Sputnik. Ин радбандӣ, ки ахиран аз ҷониби пажуҳишгоҳи Heritage Foundation ва маҷаллаи The Wall Street нашр шуд, 186 кишвари дунёро дар бар гирифтааст, ки Тоҷикистон дар он зина 134-ро ишғол мекунад.

Соли гузашта Тоҷикистон дар рейтинги “Шохиси озодиҳои иқтисодӣ” дар ҷойи 155 ва қабл аз он дар зинаи 122 қарор дошт. Гузоришгарон новобаста аз пешрафт Тоҷикистонро имсол низ аз сабаби сатҳи пасти молиявӣ, озодии соҳибкорӣ ва тиҷорат ба гуруҳи кишварҳои “иқтисодаш ноозод” ворид кардаанд.

Гузоришгарон гуфтаан дар соли ҷорӣ мизони озодиҳои иқтисодӣ дар Тоҷикистон 3 бал афзуда, аз 100 холи имконпазир 55,2 холро соҳиб гаштааст.

Иқтисоди Тоҷикистон ва дигар кишварҳои пасошӯравӣ 

Ҳамчунин гузоришгарон дар шарҳи мавқеи Тоҷикистон гуфтаанд, Тоҷикистон дар байни 40 кишвари минтақаи Осиё ва ҳавзаи уқёнуси Ором ҷойгоҳи 42-юмро ишғол мекунад ва нишондиҳандаҳои умумии он аз нишондиҳандаҳои миёнаи минтақа ва ҷаҳон хеле пасттаранд.

Ба гуфти гузоришгарон дар пайи ҳамагирии коронавирус иқтисоди Тоҷикистон танҳо 1 фисад поин рафт.

Гуфта мешавад, давоми солҳои нашри раддабандӣ нишондиҳандаҳои иқтисодии Тоҷикистон номусод буданд, аммо бо сабаби воридшавии маблағи муҳоҷирон аз Русия, сармоягузорӣ ва содироти канданиҳои фоиданок аз қабили тилло, сурб ва руҳ маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар афзоиш ёфтааст.

Таҳиягарони гузориш ҳамчунин гуфтаанд, Тоҷикистон барои даст ёфтан ба озодиҳои иқтисодӣ, бояд қонунгузориро бознигарӣ кунад, ислоҳот дар бозори меҳнат ба вуҷуд оварад ва муҳити мусоиди сармоягузорӣ фароҳам оварад.

Дар раддабандии мазкур мақоми кишварҳои пасошуравӣ ба таври зайл аст: Эстония-8, Гурҷистон-12, Литва-15, Латвия-30, Қазоқистон-34, Арманистон-32, Озарбойҷон-38, Қирғизистон-78, Молдова-87, Белорус-88, Русия-94, Ӯзбекистон-108, Украина-127 ва Туркманистон-167.

Раҳимзода гуфт чаро COVID-19 вазъи иқтисоди Тоҷикистонро муташанниҷ накард

Гузоришгарон иқтисоди Сингапур, Зеландияи нав ва Австралияро озодтарин ва Кубаву Венесуела ва Кореяи шимолиро маҳдудтарин гуфтаанд.

56
Барчаспҳо:
радабандӣ, иқтисод, Тоҷикистон
Дмитрий Голубовский

Голубовский: Русия Тоҷикистон ва тамоми Осиёи Марказиро аз бӯҳрон берун хоҳад овард

308
Агар Русия дар солҳои наздик рушди хуби иқтисодӣ нишон диҳад, пас ба гуфтаи таҳлилгари молиявӣ Дмитрий Голубовский, ҳамаи ҳамсоягон, аз ҷумла тамоми Осиёи Марказиро аз пасаш мекашад

ДУШАНБЕ, 7 мар- Sputnik. Нархи ҷаҳонии маводщои ғизоӣ моҳи нӯҳум пай дар пай афзоиш ёфт, ки бештар аз ҳама шакар ва равғани растанӣ боло мерафт.

Вобаста ба ин дар гузориши ахири Созмони ғизо ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (ФАО) ишора шудааст.

"Ин тамоюл акнун солҳои тӯлонӣ идома хоҳад кард",- гуфт Голубовский дар мусоҳиба бо Sputnik Тоҷикистон.

Коршинос таъкид кард, ки аз болоравии нархҳо кишварҳои камбизоат аз ҳама бештар зарар мебинанд.

"Сармоягузорон инро" гардиши олии ашёи хом меноманд. Ин ба қадри кофӣ давом хоҳад кард, ба ёд овардан лозим аст, ки вақтҳои охир чӣ қадар нафт афзоиш ёфт - нархҳо соли 1998 ба афзоиш оғоз карданд ва ҳадди аксар дар соли 2008 ба даст омад, яъне мо метавонем дар бораи 10 сол сӯҳбат кунем", - гуфт таҳлилгар.

Ба гуфтаи ӯ, моро 10-солаи болоравии нархҳои маводи ғизоӣ, металлҳо ва сӯзишворӣ интизор аст, ки ин ба даври коҳиши доллар ва инчунин ба он вобаста аст, ки амрикоиҳо таварруми ҷаҳониро ҳамчун роҳи мубориза бо сарбории йарзӣ оғоз мекунанд.

"Қарзҳо дар ҷаҳон аз ҳад зиёданд, онҳоро беқадр кардан лозим аст" гуфт ӯ.

Барои ин ду роҳ мавҷуд аст. Аввалан, эҷоди бӯҳрони қарз, вақте ки бисёр одамон муфлис мешаванд, дар ин ҳолат сарватмандон чизи зиёдеро аз даст медиҳанд. Роҳи дуюм ташкили инфлятсия мебошад, то ҳама пардохт кунанд.

Ба гуфтаи ӯ, роҳи дуввум иҷро хоҳад шуд, зеро ҳоло миқдори зиёди пул чоп мешавад.

"То ҳол мақомоти ҷаҳонӣ сенарияеро интихоб кардаанд, ки дар он ҳама мушкилот бо пул ҳал карда шаванд, аз ин рӯ нархҳо боло хоҳанд рафт. Принсипе кор хоҳад кард, ки сарватмандон бойтар ва камбизоатон фақиртар хоҳанд шуд, танҳо дар сатҳи байналмилалӣ",-илова кард таҳлилгар.

Кишварҳои камбизоат дар сурати рушд накардан боз ҳам қашшоқтар мешаванд.

Ғайр аз ин, онҳо метавонанд қисми ягон намуди блокҳои иқтисодӣ гарданд ё бо кишварҳои сарватманд шартномаҳои истисноии тиҷоратӣ банданд.

"Агар Русия рушди хуби иқтисодӣ нишон диҳад, пас ҳамаи ҳамсоягони худро ҷалб хоҳад кард. Ин омили минтақавӣ аст, иқтисоди қавӣ ҳамсояҳои худро ҷалб мекунад", - бовар дорад иқтисоддон.

Ё ҳамсояҳо ба кор меоянд - онҳо пули бештар ба даст меоранд ва ба хона мефиристанд, ё иқтисоди қавӣ ба аутсорсинг ба яке аз ҳамсояҳо каме кор медиҳад, гуфт коршинос.

"Агар нархи нафту металл афзоиш ёбад, Русия метавонад суръати хуби рушди иқтисодиро дошта бошад ва он метавонад тамоми минтақаро ба ҳам кашад", - хулоса кард Голубовский.

308
Барчаспҳо:
бӯҳрон, иқтисод, Тоҷикистон, Русия
Продавец наливает мед в банку, архивное фото

Шӯрои уламо гуфт, ҷазои асалфурӯшони сохтакор чист

0
(Таҷдидшуда 20:05 07.03.2021)
Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон дар посух ба суоли корбарони сомонааш пдоши аъмоли мардумфиребиро гуфт, ки то куҷо хоҳад расид

ДУШАНБЕ, 7 мар — Sputnik. Мирзоумар, як корбари сомонаи Шӯрои уламо аз ин ниҳод суол кардааст, ки шакарро дар оташ ҷушонда ба он доруе омехта мекунанд, ки мисли асал мешавад, пас онро асали тоза гуфта мефурўшанд. Оё пули он ҳалол аст?

Шӯрои уламои Тоҷикистон посух додааст, ки Паёмбари акрам (с) дар ҳадисе фармудаанд: “Касе фиреб мекунад, аз мо нест”.

Пас, ҳар кору амале, ки дар он фиребу норостӣ вуҷуд дорад, баракате аз он ҳосил намешавад, ҳатто мумкин аст сабаби наҳсӣ дар зиндагӣ ва молу сарват ҳам гардад, таъкид кардааст, ин ниҳоди динии кишвар.

Манбаъ гуфтааст, ҳар касе панди "он чи ба худ написандӣ, ба дигарон написанд"-ро шиори зиндагии худ қарор диҳад, ҳаргиз ба ин гуна амали нораво даст намезанад.

Мавриди зикр аст, ки дар сомонаи Шӯрои уламо бахши суолу ҷавоб фаъол аст, ки корбарон дар он суолҳои худро аз бахшҳои гуногун ироа мекунанд. Ин ниҳод инчунин ба суолҳои дигари корбарон аз бахшҳои гуногун бо такя ба манобеи исломӣ посуху маслиҳат медиҳад.

Ёдовар мешавем, Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз ошкор шудани асалсозии сунъӣ хабар дод, ки барои як кило 10 сомонӣ харҷ мешаваду ба мардум чун асали куҳистон ба маротиб қиматтар фурӯхта мешавад.

Мурғи марҷону занбӯри асал: кӯмаки ҳукумати Тоҷикистон ба занони мӯҳтоҷи деҳот

Маъмурини милисаи ноҳияи Деваштич муайян кардаанд, ки шаҳрванд Қосимов Шаҳриёр, сокини 22-солаи ҷамоати деҳоти Росровути ноҳияи мазкур наздики як сол инҷониб бо истифода аз шакар, кислотаи лиму, оби нӯшокӣ ва иловагиҳои маззадиҳанда маҳсулоти ба асал монандро таҳия ва дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои Деваштич, Зафаробод, Спитамен, Ҷ.Расулов, Хуҷанд, Б.Ғафуров, Мастчоҳ ва Конибодому Исфара ҳамчун асали табиии дар шароити куҳистон истеҳсолшуда ба фурӯш мебаровардааст.

 

0