Дарс дар кафедрати тайёрии ҳарбӣ. Акс аз бойгонӣ

Коҳиши қабули донишҷӯён ба кафедраҳои ҳарбӣ

79
(Таҷдидшуда 17:01 26.02.2015)
Аз ин ба баъд аз 17 факултети Донишгоҳи миллӣ танҳо донишҷӯёни 4 факултет ба кафедраи ҳарбӣ ҷалб мешаванд.

ДУШАНБЕ, 26 фев — Sputnik. Вазорати мудофиаи Тоҷикистон теъдоди факултетҳои макотиби олиро, ки муҳассили он дар кафедраҳои ҳарбӣ таҳсил мекунанд, коҳиш додааст, иттилоъ медиҳад TojNews.

Аз ин ба баъд аз 17 факултети Донишгоҳи миллӣ танҳо донишҷӯёни 4 факултет ба кафедраи ҳарбӣ ҷалб мешаванд. Ин тағйирот дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон низ ҷорӣ шудааст, мегӯяд сухангӯи Вазорати мудофиа Фаридун Маҳмадалиев.

Ба ин тартиб, аз 17 факултет дар ДМТ танҳо донишҷӯёни факултаҳои ҳуқуқшиносӣ, химия, физика ва механикаю математика имкон доранд, ки таҳсили ҳарбӣ гиранд. Аз 9 факултаи Донишгоҳи аграрӣ донишҷӯёни факултаҳои баҳисобгирии иқтисодӣ, гидромелиоритивӣ, механика ва иқтисодӣ имкони таҳсил дар кафедраҳои ҳарбии Донишгоҳро доранд.

Сухангӯи Вазорат афзудааст, ки барои сифатан беҳтар кардани сатҳи хатмкунандагон ин тасмим гирифта шудааст.

Ҳамасола аз кафедраҳои ду донигоҳи мазкур ҳудуди 7 ҳазор донишҷӯ рутбаи афсарӣ мегирифтанд. Аммо имсол кафедраҳои ҳарбӣ ҳамагӣ 3 ҳазор донишҷӯро қабул мекунанд.

"Таҳлилҳо нишон доданд, ки на ҳамаи ихтисосҳо ба хизмат дар сафҳои қувваҳои мусаллаҳ мутобиқат мекунад. Минбаъд танҳо донишҷӯёни он ихтисосҳое қабул мешаванд, ки ихтисоси онҳо дар қувваҳои мусаллаҳ истифода мегардад. Барои мисол дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ ихтисоси андоз на он қадар зарур аст", — гуфтааст Маҳмадалиев.

Дар Тоҷикистон кафедраи ҳарбӣ дар донишгоҳҳои миллӣ, аграрӣ, тиббӣ, техникӣ ва Донишкадаи варзиш амал мекунанд. Дар мавсими қабули соли равон тартиб танҳо дар ДМТ ва ДАТ амалӣ карда шуд. Дар назар аст, ки дар кафедраҳои ҳарбии се муассисаи олӣ низ лимит ҷорӣ шавад.

Дар Вазорат мегӯянд, ки аз сафи хатмкунандаҳои кафедраҳои ҳарбӣ миқдори назарногир ё хеле ками онҳо дар мақомоти ҳарбӣ фаъолият мекунанд.

79
Барчаспҳо:
4 факулта, 17 факулта, физика, кимиё, ҳуқушиносӣ, кафедраи таёрии ҳарбӣ, донишҷӯён, коҳиш, Донишгоҳи аграрӣ, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Фаридун Маҳмадалиев, Тоҷикистон