Школьная доска. Архивное фото

Риёзидони ҷавони тоҷик нишони тилло гирифт

8
(Таҷдидшуда 10:38 27.02.2015)
Олимҷони Пираҳмад, риёзидони ҷавони тоҷик, ахиран ба сандуқи нишонҳои тиллои маорифи Тоҷикистон боз як медали дигар зам кард.

ДУШАНБЕ, 27 фев — Sputnik. Олимҷони Пираҳмад, донишҷӯи соли савуми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, аз озмуни байналмиллалии илмҳои дақиқ, ки рӯзҳои 18-20 уми феврал дар Беларус баргузор шуд, бо нишони тилло баргашт, иттилоъ медиҳад "Радиои Озодӣ".

Дар ин сабқат донишҷӯёни беш аз 30 донишгоҳҳои Русия, Эстония, Лаҳистону Беларус ва Словенияву Қирғизистон, ширкат доштаанд.

Тоҷикистонро дар баробари Олимҷон донишҷӯйи дигар аз Донишгоҳи миллӣ Равшан Каримов намояндагӣ кард, ки вай соҳиби медали нуқра шудааст. Ба ин тартиб, тими дунафараи донишҷӯёни тоҷик дар сабқати ғайрирасмии гурӯҳӣ, баъд аз муҳассилини Донишгоҳи давлатии Маскав мавқеи дувумро касб кардаанд, ки ин, ба гуфтаи устодон, барои соҳаи маорифи Тоҷикистон дастоварди бузург аст.

"Ин озмун байни донишҷӯён, аспирантҳо ва магистрҳо буд. Медали мо ҳам аз байни медалҳои тилло ягон 8 ё нуҳум аст. Шарт ҳамин буд, ки 30 масъала аз чанд шохаи математика, мисли таҳлили математикӣ, алгебраи хаттӣ пешниҳод мекарданд ва мо бояд ҳал мекардем. Фикр мекунам муваффақ шудам, сабаб худомӯзии зиёд аст, ман болои худ бисёр кор мекардам", — гуфтааст Олимҷон.

Ин донишҷӯ хатмкардаи мактаби муштараки Тоҷикистону Русия мавсум ба "Ҳотам ПВ" ва ҳоло донишҷӯёи соли савуми Донишгоҳи миллӣ аст. Ин дувумин нишони тиллоест, ки Олимҷон дар 7 моҳи ахир ба Тоҷикистон меорад. Моҳи августи соли равон вай дар озмуни ҷаҳонии донишҷӯён аз фанни риёзӣ дар Булғория, низ дар миёни донишҷӯёни беш аз 51 кишвар  ширкат ва сазовори нишони тилло шуда буд.

Бино ба иттилои вазорати моарифи Тоҷикистон, танҳо дар соли 2014 164 муҳассили мактабҳои миёнаву олӣ дар сабқатҳои ҷаҳонӣ ширкат кардаву соҳиби 128 медал, аз ҷумла 19 нишони тилло шудаанд. Аксари медалҳои тиллоро хонандагон дар озмунҳои илмҳои дақиқ аз худ кардаанд.

8
Барчаспҳо:
илмҳои дақиқ, озмун, нишони тилло, "Ҳотма ПВ", Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Олимҷони Пираҳмад, Белорус, Тоҷикистон
Дети собирают конфеты по обычаю идгардак

Омӯзгорон муваззаф шуданд дар рӯзи ид рафтори шогирдонашонро зери назорат гиранд

1072
(Таҷдидшуда 22:12 22.05.2020)
Вазорати маорифи Тоҷикистон устодону омӯзгорони тамоми зинаҳои таҳсилотро вазифадор кардааст, ки дар рӯзҳои ид рафтору муносибати хонандагону донишҷӯёни маҳалли зисти худро зери назорат гиранд

ДУШАНБЕ, 22 май – Sputnik. Вазорати маорифи Тоҷикистон дар як муроҷиатномае аз хонандагону донишҷӯён хоҳиш кардааст, ки дар рӯзҳои таҷлили иди Рамазон ва рӯзҳои дигари таътил ба вазъи саломатии худ ва атрофиёнашон таваҷҷуҳи бештаре зоҳир карда, тартибу низоми вазъи кунунии кишварро ба таври ҳатмӣ риоя намоянд.

"Дар рӯзҳои ид барои идгардак ба хонаи якдигар нараванд, ҳамсинфону ҳамкурсони худро ба зиёфатҳои идона даъват нанамоянд ва шиори Вазорати маориф ва илмро, ки "Мо худ ва дигаронро аз беморӣ ҳифз менамоем" аст, ба таври қатъӣ риоя кунанд.Устодону омӯзгорони тамоми зинаҳои таҳсилот даъват ва вазифадор мешаванд, ки дар рӯзҳои ид рафтору муносибати хонандагону донишҷӯёни маҳалли зисти худро зери назорат қарор дода, бетарафӣ зоҳир накунанд", - омадааст дар муроҷиатномаи Вазорат.

Дар баробари ин, ин ниҳод дар муроҷиат ба падару модарон хоҳиш кардааст, ки вазъи имрӯзаи эпидемикии кишвар ва оламро дуруст дарк намуда, ба заҳмату талошҳои духтурон, ҳамшираҳои шафқат, кормандони дорухонаҳо ва санитарию эпидемикии деҳа, ноҳия ва шаҳри худ эҳтиром гузоранд ва ба онҳо кумаку дастгириҳои хешро ба хонадони онҳо дареғ надоред, зеро онҳо ҳастии худро барои ҳифзи саломатии мардум равона кардаанд.

"Падару модарони меҳрубон, бо назардошти эҳтирому арҷгузорӣ ба ҳамаи анъанаву суннатҳои миллӣ оид ба таҷлили идҳои динӣ аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки дар рӯзҳои ид садди роҳи идгардаки кӯдакон шуда,  аз оростани дастурхонҳои пурдабдабаи идона, омода кардани хӯроку хӯришҳои гуногун, даъвати хешу табору наздикон худдорӣ карда, маблағҳои худро барои ҳифзи саломатии хонадону пайвандон, харидории китобу лавозимоти таълимӣ ва вазъи беҳдоштии фарзандони худ равона сохта, ба шахсони ятим, беморону дармондагони маҳалли зисти худ дасти ёрию навозиш дароз намоед", - таъкид намудааст Вазорат. 

Зиёда аз ин Вазорат дар хитоб ба волидайн хоҳиш кардааст, ки ҷиҳати самаранок гузаронидани таътили тобистонаи фарзандон, ҳифзи саломатии онҳо  таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда, рафтору муносибат ва фазои иттилоотии онҳоро дар ин рӯзҳои ниҳоят душвори паҳншавии бемории оламро фарогир – КОВИД-19 зери назорати ҷиддӣ қарор диҳандд.

"Нагузоред, ки гурӯҳҳои мухолифу манфиатҷӯ аз ин вазъият истифода карда, фарзандони мову шуморо гирифтори доми фиребу найранги худ созанд", - омадааст дар муроҷиатнома. 

Ҳамчунин роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, сардорони сарраёсат, раёсат ва мудирони шуъбаҳои маорифи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор шудаанд, ки дар чунин рӯзҳои ҳассос бо тамоми сохторҳои давлатӣ, соҳибкорон ва аҳли пешоҳанги ҷомеа ҳамкорӣ карда, дар паст гардидани шиддати паҳншавӣ, аз байн бурдани бемории коронавирусу дигар маризиҳои сироятӣ саҳмгузор бошанд ва дар самти иҷрои ҳамаи дастуру супоришҳои Ҳукумати мамлакат ва Вазорати маориф ва илм доир ба раванди таълиму тарбия ва ҳифзи саломатии мардум чораҳои зарурӣ андешанд.

1072
Барчаспҳо:
муроҷиатнома, Вазорати маориф, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Тотальный диктант в Душанбе

Русия барои овардани омӯзгорони рус ба Тоҷикистон ҳавопаймои вижа мефиристад

803
(Таҷдидшуда 12:40 20.05.2020)
Русия барои бозпас овардани омӯзгорони рус, ки дар манотиқҳои гуногуни Тоҷикистон фаъолият мекунанд, ҳавопаймои махсус мефиристад

ДУШАНБЕ, 19 май — Sputnik. Масъулони Шӯрои Федератсияи Русия, намояндагони вазорату идораҳои дахлдори Русия ва Тоҷикистон масъалаи интиқол додани омӯзгорони рус аз Тоҷикистонро баррасӣ карданд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Шӯрои Федератсия.

Бино ба гуфти раиси Шӯрои Федератсия оид ба илм, маориф ва фарҳанг Лилия Гумерова, соли хониши имсола дар Тоҷикистон бинобар авҷ гирифтани маризии сироятии коронавирус  каме пештар анҷом ёфт.

Ба ҳамин минвол, Русия тасмим гирифт, 48 омӯзгор аз 16 минтақаи Русия, ки то ҳол дар мактабҳои русӣ дар Тоҷикистон дарс мегуфтанд, баргардонад.

Гумерова шарҳ дод, ки чаро омӯзгорони рус мехоҳанд дар Тоҷикистон бимонанд

Гумерова гуфт, ки рӯзи 25 май ҳавопаймои вижа вориди Тоҷикистон мешавад, то муаллимони русро аз кишвар берун орад. Аммо, ин маънои онро надорад, ки лоиҳаи башардӯстона қатъ карда мешавад.

Тавре сенатор қайд кард, омӯзгорони рус пас аз хотима ёфтани пандемияи коронавирус рисолати худро идома медиҳанд.

Ёдовар мешавем, ки лоиҳаи таълимӣ байни Русия ва Тоҷикистон соли 2017 роҳандозӣ шуд. Ташаббускори ин лоиҳа раиси Шӯрои Федератсия Валентина Матвиенко буд.

803
Таджикские милиционеры, архивное фото

Пеши роҳашро гирифту ишораи таҳқиромез кард: шикояти духтари ҷавон ва муҷозоти ронанда

0
Нисбати ронандаи дағал бо моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи маъмурӣ тартиб дода шуда, барои баррасӣ ба Суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ирсол гардид

ДУШАНБЕ, 28  май — Sputnik. Рӯзи 22-юми май як ҷавондухтар, сокини шаҳри Душанбе бо ирсоли расми автомашинаи тамғаи "Хундай", рақамҳои қайди давлатиаш 1953 ТТ 05 мусофирбари ширкати "Olu4a Taxi" аз  милитсияи пойтахт хоҳиш намуд то нисбати ронандаи автомашинаи мазкур чораҳои қонунӣ андешида шаванд, хабар медиҳад РВКД дар шаҳри Душанбе.

Ин ниҳод аз қавли муроҷиаткунанда мегӯяд, рӯзи 22-юми май ҳангоми дар кӯчаи Н. Муҳаммад, назди собиқ бозори Шоҳмансури шаҳри Душанбе тариқи велосипед ҳаркат доштан, ронандаи автомашинаи мазкур монеи ҳаракати ӯ шуда, ҳамзамон нисбаташ ҳаракати таҳқиромез нишон дода, шаъну шарафашро паст задаст.

Муроҷиати мазкур аз ҷониби кормандони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе таҳти санҷиш ва баррасии ҳаматарафа қарор дода, муайян карда шуд, ки ронандаи автомашинаи мазкур шаҳрванд Самадзода Сомон Шарофатулло, соли таваллудаш 1989, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе мебошад.

"Бо назардошти он ки дар ҳаракатҳои шаҳрванд Самадзода Сомон аломатҳои кирдори майдаавбошона дида мешавад, нисбаташ бо моддаи 460 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи маъмурӣ тартиб дода шуда, барои баррасӣ ба Суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ирсол гардид", - омадааст дар хабарнома. 

Бино ба иттилои манбаъ, додгоҳ дар навбати худ рӯзи 23-юми май нисбати ронанда ҷазои маъмурӣ дар намуди ҷарима ба андозаи 7 нишондиҳанда барои ҳисобҳо татбиқ намудааст.

Ҳамзамон номбурда ҷиҳати  минбаъд ба чунин амалу кирдори хилофи қонун даст назадан ба таври қатъӣ огоҳонида шудааст.

0
Барчаспҳо:
муҷозот, таҳқиромез, ВКД, Душанбе