Мактаби №31 дубора дарашро ба рӯи хонандагон боз мекунад

© Sputnik / Сергей ЕщенкоСинфхона. Акс аз бойгонӣ
Синфхона. Акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Бинои ин мактаби миёна, ки солҳои ахир дар он яке аз факултетҳои донишгоҳи сохтмонӣ воқеъ буд, баъд аз бозсозии кулл дар соли нави таҳсил дубора барои шогирдон омода мешавад.

ДУШАНБЕ, 3 мар — Sputik. Сохтмони мактаби таҳсилоти миёнаи №31 ба низоми омӯзишии пойтахт баргардонида шудааст, хабар медиҳад "Tojnews" бо истинод ба Раёсати маорифи шаҳри Душанбе.

Чанд соли ахир дар ин бино факултаи "Сохтмон ва меъморӣ"-и яке аз донишгоҳҳо воқеъ буд. Вале ҳамакнун Раёсати маорифи шаҳр қасд дорад ин сохтмонро бозсозӣ карда ва дар соли нави таҳсил ба он ҷо шогирдонро роҳ диҳад.

"Мо барои анҷоми бозсозии кулл ва сохтмон дар ин мактаб озмун эълом кардем. Мо қасд дорем дар ин ҷо толори варзишии муъосир бо таҷҳизоти зарурӣ бунёд кунем", — гуфт дар ин робита раҳбари Раёсати маорифи пойтахт Ҳамидуллохон Фақеров.

Фақеров ҳамчунин гуфт, ки зарфияти ин мактаб ҳудуди 900 хонанда дар як баст аст ва ба ду забон — тоҷикиву русӣ фаъол мешавад.

Эҳтимол дорад ба ин мактаб шогирдони бархе аз макотиби ҳамсоя, ки теъдоди хонандагонаш аз меъёр зиёд аст, аз ҷумла аз мактаби №21 интиқол шаванд.

Лентаи хабарҳо
0