Мулоқоти президент бо донишҷӯёни тоҷик дар Куриёи Ҷанубӣ

© Пресс-служба президента ТаджикистанаЭмомалӣ Раҳмон дар Куриёи Ҷанубӣ бо ҳамватанон мулоқот кард
Эмомалӣ Раҳмон дар Куриёи Ҷанубӣ бо ҳамватанон мулоқот кард - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар зимни мулоқот бо донишҷӯёни тоҷик дар Куриёи Ҷанубӣ ба эшон тавсия додааст, ки илму фани он кишварро ба дурустӣ аз худ карда, баъд аз бозгашт ба ватани худ онро сарф намоянд.

ДУШАНБЕ, 14 апр — Sputnik. Раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 13 апрел бо донишҷӯёни тоҷики муқими Куриёи Ҷанубӣ мулоқот кардааст, хабар медиҳад сомонаи президент.

Тоҷикистон бо Куриёи Ҷанубӣ панҷ санади ҳамкорӣ имзо кард

Дар ин мулоқот беш аз 60 донишҷӯи тоҷик ширкат кардаанд. Эмомалӣ Раҳмон дар зимн хитоб ба донишҷӯён гуфтааст, ки "аз фурсати таҳсил дар ин кишвари мутараққии ҷаҳон пурсамар истифода бурда, дониши илмию техникӣ ва технологии худро ҳамаҷониба тавсиа бахшанд ва оянда дар инкишофу пешрафти ватани худ, Тоҷикистони азиз саҳми намоён гузоранд."

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар ин мулоқот аз ҷумла гуфтааст, ки бурсияҳои таълимии Куриёи Ҷанубӣ барои донишҷӯёни тоҷик дар оянда бештар хоҳанд шуд. Дар ҳоли ҳозир дар ин кишвар 100 нафар донишҷӯи тоҷик таҳсил илм мекунанд.

Дар ҳошияи ин мулоқот миёни вазорати нақлиёти Тоҷикистон ва Донишгоҳи ҳавонавардии Куриёи Ҷанубӣ доир бар омодасозии кадрҳои тоҷики ин соҳа созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расидааст. Дар ҳоли ҳозир ҳудуди 40 соҳибкори тоҷик дар он кишвар фаъолият мекунанд.

Эмомалӣ Раҳмон дар ҳоли ҳозир зимни як сафари расмӣ дар Куриёи Ҷанубӣ қарор дорад ва дар ҳамоиши ҳафтуми ҷаҳонӣ дар масъалаи об иштирок кард.

Лентаи хабарҳо
0