Имтиҳонҳои дохилшавӣ. Акс аз бойгонӣ

Сабти довталабон то 30 апрел идома мекунад

18
Маркази миллии тестӣ ба далели зиёд будани шумори довталабон муҳлати бақайдгириро то 30 апрел тамдид кардааст. Қарор буд 15 апрел ин муҳлат ба поён расад.

ДУШАНБЕ, 16 апр — Sputnik. Маркази миллии тестии назди Президенти Тоҷикистон муҳлати сабти номи довталабонро то 30 апрел тамдид кард, хабар медиҳад сомонаи ин ниҳод.

Қарор буд, сабти номи давталабон барои супоридани имтиҳонҳои шомилшавии макотиби олӣ 15 апрел ба интиҳо бирасад.

Сомона менависад, бо сабаби зиёд шудани хоҳишмандон аз ҳисоби довталабоне, ки то ҳол худро ба қайд нагирифтаанд муҳлат изофа шудааст.

Ситорабону Назарова, сухангӯи ин ниҳод ба оҷонсии Озодагон гуфтааст, "дар муҳлати иловагӣ инчунин азнавбақайдгирии довталабоне, ки хоҳиши ворид намудани тағйироту иловаҳоро ба интихобҳои аввалия ва (ё) маълумоти шахсияшон доранд, аз 16 уми апрел оғоз гардида, то 30 юми апрел идома меёбад. Барои азнавбақайдгирӣ довталабон бояд ба нуқтаи бақайдгирие, ки қаблан дар он аз қайд гузаштаанд, ҳозир шаванд".

Маркази миллии тестӣ то 15 апрел зиёда аз 61 ҳазор довталабро сабти ном кардааст.

18
Барчаспҳо:
донишкада, донишгоҳ, мактаби олӣ, тест, ҳуҷҷат, 61 ҳазор довталаб, 30 апрел, истиҳон, муҳлат, тамдид, Маркази миллии тестӣ, Ситорабону Назарова, Душанбе