Занги камолот

Вазири маориф: “занги камолот” 6 июн, 45 дақиқа баргузор шавад

139
(Таҷдидшуда 17:10 24.04.2015)
Вазир гуфтааст, барои риоя нашудани фармон масъулин ҷазои интизомӣ хоҳанд дид.

ДУШАНБЕ, 24 апр — Sputnik. Нуриддин Саид, вазири маориф ва илми Тоҷикистон фармон додааст, ки занги камолот дар кишвар имсол 6-уми июн, ҳамагӣ 45 дақиқа аз соати 8:00 то 8:45 баргузор шавад, менависад оҷонсии "Озодагон".

Книга Э. Рахмона Таджики в зеркале истории на французском языке. Архивное фото
Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook

Нуриддин Саид ба сардорони раёсатҳои вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо ва муассисаҳои таълимӣ дастур додааст, ки "занги камолот" танҳо бо иштироки хонандагони синфи 9 ва 11 баргузор шавад.

"Гузарондани ҳама гуна шабнишинӣ, зиёфатороию туҳфаситонӣ, ҷамъоварии маблағ, овехтан ва оро додани худ бо лента ва зангӯла, омадан бо мошинҳои шахсӣ, сайругашт ва ба тарабхона рафтани хонандагонро қатъиян манъ намоянд", — омадааст дар фармони вазир.

Нуриддин Саид таъкид намудааст, ки дар сурати иҷро нашудани ин фармон нисбати масъулин чораҳои интизомӣ андешида хоҳад шуд. Вазир ба масъулини маориф супориш додааст, ки бо мақсади пешгирӣ намудани ҳодисаҳои нохуш ва амалҳои номатлуб ҳангоми баргузории "занги камолот" ба Вазорати умури дохилӣ, раёсат ва шуъбаҳои он дар вилоят, шаҳру ноҳияҳо ва Оҷонсии зидди коррупсия мактуб ирсол намоянд.

Ин дар ҳолест, ки ҳамасола дар бархе аз макотиби миёна занги камолот бо дабдаба ва шукуҳи номақбул барпо мешавад, ки бо сайру гашт ва шабнишиниҳои хонандагон анҷом меёбад.

139
Барчаспҳо:
синфи 9, синфи 11, хатмкунандагон, омӯзгорон, ҷазои интизомӣ, назорат, 45 дақиқа, 6 июн, "занги камолот", фармон, вазорати маориф ва илми ҶТ, Нуриддин Саид, Тоҷикистон