Занги охир дар мактаб

Вазорати маориф “занги охир”-ро боз ҳам кӯтоҳтар кард

74
(Таҷдидшуда 11:24 22.05.2015)
Ин дафъа махсус таъкид шудааст, ки риояи қатъии талаботи танзими расму оин ва дастури вазири маориф дар бораи "Занги камолот"-ро риоя кунанд, дар сурати баръакс, нисбати онҳо чораҳои маъмурӣ андешида мешавад.

ДУШАНБЕ, 22 май — Sputnik. Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон маъракаи имсолаи "занги камолот"-ро боз ҳам маҳдудтар кард, ҳамакнун он на дар саҳни мактаб, балки дар ягон синфхона ё маҷлисгоҳ баргузор мешавад, иттилоъ медиҳад Радиои Озодӣ.

"Дар фармони вазир имсол 3 талаби сахт дар назди муассисаҳои таълимӣ ва кумитаи волидон гузошта шудааст. Омӯзгорон аз ин масаъалаҳо аллакай огоҳанд, аммо аксар вақт мо шоҳиди он мешавем, ки гунаҳкори аслии чунин чорабиниҳои бошукӯҳ ва қонунвайронкунӣ волидон ҳастанд",- гуфтааст Абдуҷаббор Алиев, масъули бахши мактабҳои миёнаи Вазорати маорифи Тоҷикистон.

Ба қавли манбаъ, "Занги камолот"  аз ин ба баъд дар чаҳорчӯби синфҳои 11 ва он ҳам на дар саҳн ё ҳавлии мактаб чун ҳарсола, балки дар ягон синфхона ё маҷлисгоҳ маҳдуд мешавад.

Бино бар ин дастур, дар тӯли 45 дақиқа омӯзгорон хонандаҳои фаъол ва ғолибони озмунҳои мактабро табрик мегӯянд ва бо ҳамин маросим тамом мешавад. Тибқи дастур волидон ба табрики фарзандони худ намеоянд ва хатмкунандаҳо набояд мунтазири тӯҳфаву сабаду гулдаста бошанд. Хатмкунандаҳо ҳамчунин бояд занги охирро на бо либосҳои муҷаллал, балки бо либосҳои маъмулӣ баргузор намоянд.

Директори маткаби  рақами 10-и шаҳри Душанбе Маҳбуба Муродова  фармони вазир дар даст чанд рӯз аст кори худро аз таъкид ва сӯҳбат бо хатмкунандаҳо шурӯъ мекунад. "Албатта, чанд сол шуд ин мушкил алакай то ҷое аз байн рафтааст, вале бо вуҷуди ин, мо имсол таъкид дорем то фармон пурра риоя шавад. Рӯзи занги камолот рӯзи корӣ аст ва хатмкунандаҳо ҳам баъд аз табрикот ба дарс машғул мешаванд,"?— гуфтааст ӯ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ.

Маврид ба ёдоварист, ду рӯз қабл вазири маориф ва илм дар ҷаласаи вижае бо раҳбарони мактабҳо ва шӯъбаҳои маориф бори дигар таъкид кардааст, ки аз баргузории бошукӯҳи занги охир ҷилавгирӣ шавад. Тибқи дастури вазир, имсол ҳамчунин ба волидон ҳам таъкиди ҷиддӣ шудааст, ки аз чаҳорчӯби қонуни танзими расму оин берун набароянд ва ба фарзандони худ маблағ надиҳанд.

74
Барчаспҳо:
ба волидон ва муаллимон дастур дода шудааст, таъкиди вазир барои таҷлили занги камолот, занги охир кӯтоҳ карда шуд, Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, Абдуҷаббор Алиев, Маҳбуба Муродова, Тоҷикистон

Дари як донишгоҳи бонуфуз дар Маскав баста шуд: шумораи дардмандони коронавирус зиёд буд

690
(Таҷдидшуда 15:47 21.10.2020)
Роспотребнадзор дари Донишгоҳи давлатии техникии Маскавро мӯҳр зад. Иллати баста шудани донишгоҳ ба шумораи зиёди мубталоёни коронавирус дар ин таълимгоҳ рабт дода мешавад

ДУШАНБЕ, 21 окт - Sputnik. Яке аз бонуфузтарин донишгоҳи техникии Маскав баста шуд, хабар медиҳад Ситоди фаврии коронавирус дар Русия.

Марги 332 маризи коронавирус дар Эрон давоми як рӯз

Ба иттилои манбаъ, ДДТМ ба номи Бауман ба далели нақзи қоидаҳои профилактикӣ ва афзун шудани шумораи мубталоёни коронавирус аз ҳисоби муҳассилин ва намояндагони ин боргоҳ маҳкам намуданд.

"Донишгоҳи давлатии техникии Маскав ба номи Бауман ба далели шумораи зиёди ҳолатҳои гирифторшавӣ ба COVID - 19 ва риоя накардани режими санитарию эпидемиологӣ бастаанд", - омадааст дар иттилоия.

Зикр мегардад, ки қарори мазкуро Роспотребнадзор ба тасвиб расонд.

Дар ҳамин ҳол, ҳанӯз дар аввали моҳи октябр, вақте ки таътили дуҳафтаина ҷорӣ карда шуд, Вазорати илм ва таҳсилоти олии Федератсияи Русия эълон кард, ки донишҷӯёни донишгоҳҳоро ба таҳсили фосилавӣ намефиристад.

Бидуни фавт: афзоиши гирифторони коронавирус дар Тоҷикистон

Аммо, баъдан департамент илова кард, ки вазъи эпидемиологӣ дар ҳама донишгоҳҳо таҳти назорат қарор дорад ва тасмим дар мавриди фиристодани донишгоҳҳо ба таҳсили фосилавӣ аз вазъият дар ҳар як минтақаи алоҳида ва дар маҷмӯъ дар кишвар вобаста аст.

690
Барчаспҳо:
баста, донишгоҳ, Русия
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

“Омӯзгорони замонаҳои вазнин”: аз “вируси корона” то Афғонистон

322
(Таҷдидшуда 18:51 16.10.2020)
Панҷоҳ омӯзгори рус дар ҳоле вориди Тоҷикистон мешаванд, ки роҳҳо баставу ҷанги Афғонистон ташдид меёбад

ДУШАНБЕ, 16 окт — Sputnik. Ин нукта дар нишасте, ки барои пазироӣ аз 50 омӯзгори рус дар толори маркази илму фарҳангии “Россотрудничество” анҷом ёфт, зикр шуд.

Шамил Шамсутдинов, мушовири сафири Федератсияи Русия дар Тоҷикистон, гуфт, интиқоли омӯзгорон дар вазъияте, ки ба далели беҳдоштӣ марзҳо баставу тайёраҳо парвоз намекунанд, бо кӯмаки ҳамкорони тоҷик фароҳам шуд. Вай гуфт, Тоҷикистон вижагиҳои худро дорад ва авомиле ҳастанд, ки ба вазъи умумӣ таъсир мерасонанд.

 “Қабл аз ҳама ин ба таҳдидҳои хориҷӣ рабт мегирад, зеро кишвар бо Афғонистон, ҷое ки даҳсолаҳо ба ин сӯ оташи ҷанг хомӯш намешавад, ҳамсоя аст. Вазъи он ҷо рӯ ба ташаннуҷ гароидааст. Дар 200 – километрии Душанбе, ки дарёи Панҷ равон аст, марзи Афғонистон мегузарад. Дар як калом, он ҷо сахт ноором аст, ҳамчунон бояд шароити кӯҳистонӣ ва вазъи беҳдоштии Тоҷикистонро низ бояд ба назар гиред”, - гуфт Шамил Шамсутдинов.

Вуруди омӯзгорони рус ба Тоҷикистон замоне иттифоқ меафтад, ки мактабҳои ин кишвар ҳанӯз аз моҳи август ба ин сӯ фаъолият доранд, аммо кишвар ҳамоно бо пандемияи “вируси корона” дасту панҷа нарм мекунад.

Аз маълумоти вазорати тандурустии Тоҷикистон, ки ҳамарӯза пахш мешавад, вазъи беҳдоштӣ дар кишвар он қадар вахим наменамояд. Аммо аз гирифтории даҳҳо нафар ва фавти одамон низ хабар пахш мешавад.

Ирина Сулжина, ҳамоҳангсози барномаҳои забони русии намояндагии “Россотрудничество” дар Тоҷикистон, мегӯяд, бо вуҷуди шароити ногувор ба Тоҷикистон омадани омӯзгорон ҳамаро хуш кардааст.

“Шумо, воқеан, сифати таълимро аз рӯи фанҳо баланд бурдед, ки пирӯзии шогирдони шумо дар олимпиадаҳо ва ширкати онҳо дар конфронсҳои илмиву амалӣ инро собит мекунад. Шумо ба фаъолияти тарҳ низ дастовардҳои бузург овардед. Аз ин хотир, дар Тоҷикистон ба шумо ниёз аст. Шумо набудед, аммо омӯзгорон аз мо мепурсиданд, ки онҳо кай меоянд, мо онҳоро хеле интизорем. Ин суханҳои самимӣ буданд”, - гуфт Ирина Сулжина.

 Тарҳи маърифатии эъзоми омӯзгорони рус барои тадрис дар макотиби Тоҷикистон таҳти сарпарастии палатаҳои болоии Русияву Тоҷикистон - Шӯрои Федератсия ва Маҷлиси миллӣ соли 2017 оғоз ёфт.

Дар соли таҳсили 2017 – 2018 26 нафари онҳо ба Тоҷикистон омаданд ва дар соли таҳсили 2018 – 2019 теъдоди онҳо ба 44 нафар расид.

Имсол омӯзгорони рус боз шаш нафари дигар зиёд шуданд, ки ин далели боризи афзудани таваҷҷӯҳи онҳо барои тадрис дар Тоҷикистон аст, он ҳам дар замонае, ки дар ҷаҳон пандемияи “вируси корона” ҳукмронӣ мекунад.

Аз сӯи дигар, бино ба иттилои намояндагии “Россотрудничество” дар Тоҷикистон, дар саросари ин кишвари кӯҳистонӣ ва шароити мухталиф машғули тадрис хоҳанд шуд.

Дар баробари шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб ва Хоруғ, ки шароити зиндагии шаҳриёна доранд, онҳо дар навоҳии дур аз шаҳрҳо, назири Ашт, Данғара, Рашт, Ашт, Кушониён, Бӯстон ва Бобоҷон Ғафуров низ ба тадрис хоҳанд пардохт.

Ба қавли ҳамоҳангсози барномаҳои забони русии намояндагии “Россотрудничество”, онҳо аз рӯи дархости шуъбаҳои маорифи шаҳру навоҳии Тоҷикистон барои таълим даъват шудаанд.

“Мо бар асоси ин дархостҳо омӯзгоронро дар макотиби кишвар тақсим кардем. Маъмулан, онҳо дар макотиби тоҷикӣ ба тадриси забони русӣ ва дар макотиби русзабон ба таълими фанҳои дигар машғул хоҳанд буд”, - гуфт Ирина Сулжина.

Бино ба иттилои масъулин, вақтҳои охир дар Тоҷикистон талабот ба омӯзгорони улуми табиӣ ва дақиқ, назири математика, биология, физика ва химия афзуда, имсол бештари омӯзгорони тозаворид ба ин фанҳо ихтисос доранд.

Дар ҳамин ҳол, ҳукумати Тоҷикистон солҳои 2020 – 2040 - ро солҳои омӯзиш ва рушди илмҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ эълон карда, тамоми сохторҳои илму маориф ва умуман, муассисаҳои иҷтимоиро вазифадор кардааст, ки ба таълими ин қабил илмҳо зиёдтар таваҷҷуҳ намоянд, то мафкураи техникии насли наврас қавӣ гардад.

Ба ҳамин минвол, омӯзгорони рус на фақат ба ҳимоят аз сиёсатҳои ҳукумати Тоҷикистон барои рушди забони русӣ, балки дигар барномаҳо низ ҷалб мешаванд. Ҳамзамон ба қавли Шамил Шамсутдинов, на фақат омӯзгор, балки фиристодаҳои нияти неки забони русӣ ва фарҳанги Русия дар Тоҷикистон хоҳанд буд.

322
Барчаспҳо:
Афғонистон, вируси корона, омӯзгорон, муаллимон, Русия, Тоҷикистон
Марзбони тоҷик, акс аз бойгонӣ

КДАМ Тоҷикистон моҷаро дар марз ва тирпаронии марзбонҳои қирғизро шарҳ дод

473
(Таҷдидшуда 22:44 25.10.2020)
Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон моҷарои 25 октябр дар марз ва тирпаронии сарҳадбонҳои қирғизро шарҳ доданд

ДУШАНБЕ, 25 окт — Sputnik. Тибқи иттилои нерӯҳои марзбонии КДАМ, рӯзи 25-уми октябри соли 2020, соати 15:30 дақиқа, сокинони деҳаи Хоҷаи Аълои ноҳияи Исфара дар дохили деҳа қубури обгузарро, ки кӯҳнаву афсурда шудааст, иваз мекарданд.

"Дар ин вақт 25-30 нафар сарҳадбонони мусаллаҳи Ҷумҳурии Қирғизистон ба назди деҳаи мазкур ҳозир шуда, аз сокинон талаб мекунанд, ки корро қатъ созанд.  Онҳо даъво пеш меоранд, ки маҳали кори шаҳрвандони Тоҷикистон минтақаи баҳсӣ дониста мешавад ва аз силоҳи оташфишон ҷониби сокинони Хоҷаи Аъло тир мекушоянд", - омадааст дар изҳороти КДАМ.

КДАМ таъкид кардааст, ки ин қитъа қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, иғвогарии навбатии марзбонони қирғиз ба мураккаб намудани вазъият дар хатти сарҳади ду давлат равона гардидааст.

Манбаъ афзуд, хушбахтона, аз тирпаронии марзбонони қирғиз сокинони Хоҷаи Аъло осеб надидаанд. Корҳо дар маҳали муноқиша муваққатан қатъ карда шуданд.

Байни сарҳадбонони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон, бо иштироки намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ду кишвар  гуфтушунид идома дорад.

Хадамоти марзбонии Қирғизистон қаблан бо нашри як изҳорот гуфт, марзбонҳои қирғиз барои ҳифзи ҳаёту саломатӣ ва ҷилавгирӣ аз шиддати вазъ ба ҳаво тир холӣ карданд.

473
Барчаспҳо:
тирпаронӣ, марз, Тоҷикистон