Раҳбари Россотрудничество Любов Глебова. Акс аз бойгонӣ

Россотрудничество дар омӯзиши улуми дақиқ ба донишҷӯён кӯмак мекунад

38
(Таҷдидшуда 10:45 24.07.2015)
“Россотрудничество” як оҷонсии давлатии Русия аст, ки ҳадафаш барқарории иртибот бо кишварҳои пасошӯравӣ ва ҳифзу рушди забони русӣ унвон мешавад.

ДУШАНБЕ, 24 — Sputnik. Муовини Сарвазири кишвар Марҳабо Ҷабборӣ бо роҳбари созмони "Россотрудничество"-и Федератсияи Русия Любов Глебова мулоқот кард, менависад АМИТ Ховар.

Дар вохӯрӣ вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Агентии федеролии Федератсияи Русия оид ба корҳои ИДМ, ҳамватанони бурунмарзӣ ва ҳамкории байналмилалии гуманитарӣ "Россотрудничество" баррасӣ шудаанд.

Ҷабборӣ бо Глебова доир ба омӯзиши забони русӣ дар муассисаҳои таълимии Тоҷикистон, интишори адабиётҳои таълимӣ бо ин забон, ҷудо намудани квотаҳо дар муассисаҳои таълимии Русия барои таҳсили магистратура ва аспирантураи фанҳои дақиқ ва бунёди муассисаҳои таҳсилоти умумии таълимашон бо забони рўсӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурро баррасӣ кардааст.

"Россотрудничество" оҷонсии давлатии Русия аст, ки ҳадафаш иртибот бо давлатҳои мустақили пасошӯравӣ, ҳамватанони берун аз он кишвар ва ҳифзу рушди забони русӣ унвон мешавад. Ин оҷонсӣ дар Тоҷикистон аз чанд сол ба ин сӯ намояндагӣ дорад ва ба таври мудовим давраҳои омӯзиши забони русӣ, барномаҳои фарҳангӣ барпо мекунад ва китобҳои омӯзишиву таълимии забони русиро интишору паҳн месозад.

38
Барчаспҳо:
таълим, забони русӣ, баррасӣ, дидор, "Россотрудничество", Марҳаббо Ҷабборӣ, Любов Глебова, Русия, Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва профессор Лутфулло Солиев

Даргузашти профессор Солиев, чанд ҳафта баъд аз гирифтани ҷоизаи махсус

4297
(Таҷдидшуда 15:27 21.09.2020)
Профессор, олими маъруфи кимиё, Лутфулло Солиев, ки чанд ҳафта қабл бо ҷоизаи махсуси Президент дар соҳаи маориф қадрдонӣ шуда буд, даргузашт

ДУШАНБЕ, 21 сен — Sputnik.  Дар бораи даргузашти Солиев, ки тайи солҳои охир мудири кафедраи кимиёи Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон буд, сомонаи расмии ин муассиса хабар додааст.

Президент Таджикистана Эмомали Рахмон
© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook.

Солиев 79 сол дошт. Феълан дар бораи сабаби даргузашташ чизе маълум нест. Ӯ чанд ҳафта қабл аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо мукофоти давлатӣ, Ҷоизаи Президенти Тоҷикистон дар соҳаи маориф қадрдонӣ шуда буд.

Котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон хабар дода буд, ки “бори аввал дар таърихи соҳибистиқлолии кишвар бо Амри Президенти мамлакат ба хотири қадршиносии омӯзгорони беҳтарин мукофоти махсуси давлатӣ таъсис дода шуда, 5 нафар бо Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф сарфароз гардид”.

Бар асоси донишномаи озод, Лутфулло Солиев, кимиёшиноси маъруфи тоҷик, доктори илмҳои химия (1989), профессор (1991), Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон (2002), академики шӯъбаи тоҷикистонии Академияи илмҳои байналмилалии мактабҳои олӣ буд. Ӯ соли 1941 дар ноҳияи Рӯдакӣ,  собиқ ноҳияи Ленин таваллуд шуда, солҳои 1959–1964 дар факултети табиатшиносӣ ва географияи Донишкадаи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко таҳсил кардааст.

“Солҳои 1964–1965 дар сафҳои Артиши Шӯравӣ хизмат намудааст. Солҳои 1966–1969 аспиранти Институти химияи умумӣ ва ғайриорганикии АИ ҶШС Украина (ш. Киев), 1970–1989 ходими хурди илмӣ, ходими калон илмӣ ва ходими пешбари институти мазкур, 1989–1997 дотсент ва профессори кафедраи химияи умумӣ ва ғайриорганикии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Қ. Ҷӯраев, 1997–1998 декани факултети химия, 1998–2007 муовини ректори донишгоҳи номбурда оид ба корҳои илмӣ буд”, - омадааст дар ҳолномаи Солиев дар донишномаи озод.

Ӯ аз соли 2007 то дами марг ба ҳайси мудири кафедраи химияи умумӣ ва ғайриорганикии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ фаъолият кардааст. Шогирдону ҳамкорон ӯро ҳамчун омӯзгори ҳалим, олими пуркор пухтакор ва хоксор ёд мекунанд.

4297
Барчаспҳо:
профессори фахрӣ, даргузашт, Тоҷикистон
Студенты на лекции

Вазорати маориф сабти номи донишҷӯёни машғули таҳсил дар хориҷаро оғоз кард

488
(Таҷдидшуда 16:48 15.09.2020)
Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон сабти донишҷӯёни тоҷикро, ки дар мактабҳои олии кишварҳои хориҷа дохил шуданд ё таҳсил мекунанд ва бинобар сабаби қатъи алоқаи ҳавоӣ ба муассисаҳои таълимиашон рафта наметавонанд, оғоз кард

ДУШАНБЕ, 15 сен — Sputnik. Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон таъкид кардааст, ки  бақайдгирии донишҷӯён дар Маркази барномаҳои байналмилалии вазорат ба роҳ монда мешавад.

“Аз донишҷӯёне, ки дар соли таҳсили 2020-2021 ба муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва илмии хориҷи кишвар дохил шудаанд ва донишҷӯёне, ки ҳангоми таътил ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омада, вобаста ба вазъи эпидемиявӣ ҷорӣ шудани маҳдудият ва баста шудани сарҳадҳо ба донишгоҳҳои хориҷи кишвар баргашта натавонистанд, хоҳиш карда мешавад, ки тибқи ҷадвали замимашуда ба суроғаи электронии Маркази барномаҳои байналмилалии Вазорати маориф ва илм - mbb-2008@mail.ru (ш. Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода 47) маълумоти заруриро ирсол намоянд”, -таъкид доштааст вазорати маориф.

Бояд қайд кард, ки қаблан ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” барои донишҷӯёни тоҷик, ки дар мактабҳои олии Беларус ва Украина таҳсил мекунанд, ду парвози чартерӣ ба шаҳри Минск ташкил кард.

Ҳамчунин донишҷӯёни тоҷике, ки дар донишгоҳу донишкадаҳои Русия таҳисл мекунанд, интизори оғози парвозҳо мебошанд.

Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон, шумори донишҷӯёнро, ки дар мактабҳои олии Русия таҳсил мекунанд беш аз 4 ҳазор нафар эълон карда буд. Ба иттилои ВУХ Тоҷикистон аз ин шумор зиёда аз 1 ҳазор нафарашон ҳамин сол дохил шудаанд.

488
Барчаспҳо:
хориҷ, таҳсил, алоқа, ҳавоӣ, мактаб, донишҷӯён, вазорати маориф, Тоҷикистон
Человек пишет в блокноте, архивное фото

Бори нахуст дар Колумбия шеъри тоҷикӣ садо дод

0
(Таҷдидшуда 18:03 22.09.2020)
Дар озмуне дар ин кишвар бори аввал аз Тоҷикистон шоири тоҷик, журналист ва мутарҷим Абдуқаҳҳори Қосим иштирок намуда, бо забони тоҷикӣ шеърҳои худро қироат намуд

ДУШАНБЕ, 22 сен — Sputnik. Бори нахуст дар Фестивали адабии байналмилалии Меделин шеъри тоҷикӣ садо дод, гузориш медиҳад Вазорати фарҳанги Тоҷикистон.

Бино бар иттилои манбаъ, дар 30-юмин солгарди Фестивали адабии байналмилалии Меделин, ки ба таври онлайн дар шаҳри Меделини Колумбия баргузор гардид ва дар он 40-умин солгарди таъсиси мукофоти алтернативии Нобел низ ҷашн гирифта мешавад, бори аввал аз Тоҷикистон шоири тоҷик, журналист ва мутарҷим Абдуқаҳҳори Қосим иштирок намуда, бо забони тоҷикӣ шеърҳои худро қироат намуд. 

Имсол дар Фестивал 180 нафар шоирону олимони маъруф ва 20 дорандаи мукофоти алтернативии Нобел аз 103 давлати дунё ширкат намуданд.

Фестивали мазкур соли 1991 аз ҷониби шоир, файласуф ва арбоби ҷамъиятӣ Фернандо Рендон таъсис дода шуда, соли 2006 ба Ҷоизаи алтернативии Нобел – “Барои ҳақиқат,  сулҳ ва адолати иҷтимоӣ” сазовор гаштааст.

Инчунин Фестивали адабии байналмилалии Меделин аз ҷониби ЮНЕСКО ҳамчун мероси фарҳангии Колумбия эътироф гардидааст.

Абдуқаҳҳори Қосим дар суҳбат бо "Ховар" иброз намуд, ки “фестивал аз  моҳи октябри соли 2019 оғоз гардида, шоирону нависандагон маҳсули эҷоди худро тавассути сабти видеоӣ пешниҳод намуданд. Ман 15 шеъри худро, ки тараннумгари сарзамини Тоҷикистон, модар, ишқу муҳаббат ва Ватан буданд, қироат намудам”.

Сабти қироати муаллиф бо забони тоҷикӣ ва бо тарҷума ба забони испанӣ тӯли як соат дар ин фестивал тариқи сомонаҳои Ютуб, Зум, Фейсбук ва ғайра намоиш дода шуд. Инчунин аз ҷониби тарҷумонҳо маълумот дар бораи сарзамини Тоҷикистон  ва аксҳои табиати дилрабои мамлакатамон бо забони испанӣ пешниҳод гардиданд.

Эрдуғон дар маросими кушоиши масҷиди Аёсофия ба забони форсӣ шеър хонд- видео

Хусусияти дигари ҳамоиш он аст, ки намояндаи ҳар миллат бо забони худ суханронӣ ва шеър қироат мекунад.

Фестивали адабии байналмилалии Меделин то 10 октябр идома меёбад. То имрӯз дар ин фестивал зиёда аз 1800 шоир аз 170 давлати панҷ қитъаи рӯи дунё ва 165 миллат ширкат варзидаанд. Имсол ҳамоишро дар сомонаҳои иҷтимоӣ зиёда аз 350 ҳазор нафар тамошо кардаанд.

0