Донишҷӯён аснои дарс. Акс аз бойгонӣ

Тақозои донишҷӯён: барои мо мақоми вижаи ҳуқуқӣ бидиҳанд

15
(Таҷдидшуда 08:04 05.08.2015)
Ҳайати донишҷӯёни тоҷикистонӣ барои таъсиси Ассосиатсияи хатмкунандагон дар доираи давлатҳои аъзои СҲШ ва БРИКС тасмим гирифтанд ва аз дигарон даъват карданд, ки ин иқдомро ҷонибдорӣ намоянд.

ДУШАНБЕ, 5 авг — Sputnik. Донишҷӯёни тоҷик дар Русия пешниҳод карданд, ки ба толибилмони хориҷӣ мақоми вижаи ҳуқуқӣ дода шавад, то ба омаду рафти эшон ба ФР мушкил эҷод нагардад, менависад сомонаи "Русия барои ҳама".

Ин пешниҳод дар чаҳорчӯби ҳамоиши нахустини ҷавонони кишварҳои аъзои СҲШ ва БРИКС дар Уфа садо дод. Ба қавли сарвари намояндагии донишҷӯёни тоҷик Салим Урунов, сабаби аслии ироаи чунин пешниҳод манъи воридшавии бархе аз донишҷӯён ба қаламрави Федератсияи Русия мебошад.

Ба ғайр аз ин, ҳайати донишҷӯёни тоҷикистонӣ барои таъсиси Ассосиатсияи хатмкунандагон дар доираи давлатҳои аъзои СҲШ ва БРИКС тасмим гирифтанд ва аз дигарон даъват карданд, ки ин иқдомро ҷонибдорӣ намоянд.

"Пас аз хатми донишгоҳҳо дар қаламрави Русия бештари донишҷӯёни бурунмарзӣ бо мушкили таъмини ҷойи кор рӯбарӯ мешаванд. Агар ба мо даст медоду мо як чунин ташкилоти ҳамоҳансозандаро таъсис медодем, ин барои рафъи мушкил кӯмак мекард",- иброз дошт Ӯрунов.

Ӯ қайд кард, ки ҷавонон неруи пешбарандаи ҷомеъаи муосир маҳсуб меёбанд, роҳандозии иртиботи байниҳамдигарии донишҷӯён дар чорчӯби СҲШ ва БРИКС ба нафъи ҳама ҷонибҳо аст.

Салим Ӯрунов унвонҷӯи бахши дуюми Донишгоҳи давлатии нафти Уфа буда, дар садади анҷоми рисолаи илмӣ аст. Ҳамзамон, ба ҳайси сардори шӯъбаи ғайри таълим ва раводиду бақайдгирии раёсати ҳамкории байналхалқии донишгоҳ ифои вазифа мекунад. Ӯрунов инчунин ба таври ғайрирасмӣ дар консулгарии генералии Уфа кор карда, сарпарастии донишҷӯёни тоҷикистонии муқими пойтахти Бошқирдистонро ба ӯҳда дорад.    

15
Барчаспҳо:
рисолаи илмии донишҷӯи тоҷикистонӣ, тақозои ҳуқуқ, донишҷӯёни хориҷӣ асоссатсия таъсис медиҳанд, Донишгоҳи давлатии Уфа, БРИКС, СҲШ, Салим Ӯрунов, Бошқирдистон, Уфа, Тоҷикистон, Русия
Открытие нового здания факультета политики и государственного управления Государственного университета Бохтара

ММТ қоидаҳои қабул ба донишгоҳҳои Тоҷикистонро дар соли 2020 эълон кард

1033
(Таҷдидшуда 11:33 29.05.2020)
Маркази миллии тестии Тоҷикистон эълон кард, ки қабули донишҷӯён ба донишгоҳҳо ва коллеҷҳои ҷумҳурӣ чӣ гуна сурат мегирад

ДУШАНБЕ, 29  май — Sputnik. Тоҷикистон тасмим нагирифтааст, ки қоидаҳои баргузории имтиҳони марказонидашудаи дохилшавӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбиро тағйир диҳад.

Гуфта мешавад, ки довталабон аз 1 июл то 7 июл метавонанд дар имтиҳонҳо иштирок кунанд.

"Дар сурати ворид намудани тағирот ба қоидаҳои баргузории СЕЕ, мо дар ин бора дар вебсайти расмии худ ва тавассути васоити ахбори омма иттилоъ хоҳем дод. Довталабон бояд аз 10 то 30 июн дубора сабти ном шаванд", - омадааст дар иттилоияи ММТ.

Ба иттилои манбаъ, то имрӯз беш аз 110 ҳазор нафар барои дохил шудан ба донишгоҳу донишкадаҳои кишвар ҳуҷҷат супоридаанд.

Соли 2020 дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии Тоҷикистон беш аз 80 ҳазор ҷой ҷудо карда шудааст.

Масъулини ММТ мегӯянд имсол довталабон бешиар ҳуҷҷатҳояшонро дар риштаҳои  тиб, ҳуқуқ, биология, тарбияи ҷисмонӣ, филология, педагогика ва санъат супоридаанд.

Сабти ном барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ дар соли 2020 2 март оғоз шуда, 30 апрел ба анҷом расид.

1033
Дети собирают конфеты по обычаю идгардак

Омӯзгорон муваззаф шуданд дар рӯзи ид рафтори шогирдонашонро зери назорат гиранд

1079
(Таҷдидшуда 22:12 22.05.2020)
Вазорати маорифи Тоҷикистон устодону омӯзгорони тамоми зинаҳои таҳсилотро вазифадор кардааст, ки дар рӯзҳои ид рафтору муносибати хонандагону донишҷӯёни маҳалли зисти худро зери назорат гиранд

ДУШАНБЕ, 22 май – Sputnik. Вазорати маорифи Тоҷикистон дар як муроҷиатномае аз хонандагону донишҷӯён хоҳиш кардааст, ки дар рӯзҳои таҷлили иди Рамазон ва рӯзҳои дигари таътил ба вазъи саломатии худ ва атрофиёнашон таваҷҷуҳи бештаре зоҳир карда, тартибу низоми вазъи кунунии кишварро ба таври ҳатмӣ риоя намоянд.

"Дар рӯзҳои ид барои идгардак ба хонаи якдигар нараванд, ҳамсинфону ҳамкурсони худро ба зиёфатҳои идона даъват нанамоянд ва шиори Вазорати маориф ва илмро, ки "Мо худ ва дигаронро аз беморӣ ҳифз менамоем" аст, ба таври қатъӣ риоя кунанд.Устодону омӯзгорони тамоми зинаҳои таҳсилот даъват ва вазифадор мешаванд, ки дар рӯзҳои ид рафтору муносибати хонандагону донишҷӯёни маҳалли зисти худро зери назорат қарор дода, бетарафӣ зоҳир накунанд", - омадааст дар муроҷиатномаи Вазорат.

Дар баробари ин, ин ниҳод дар муроҷиат ба падару модарон хоҳиш кардааст, ки вазъи имрӯзаи эпидемикии кишвар ва оламро дуруст дарк намуда, ба заҳмату талошҳои духтурон, ҳамшираҳои шафқат, кормандони дорухонаҳо ва санитарию эпидемикии деҳа, ноҳия ва шаҳри худ эҳтиром гузоранд ва ба онҳо кумаку дастгириҳои хешро ба хонадони онҳо дареғ надоред, зеро онҳо ҳастии худро барои ҳифзи саломатии мардум равона кардаанд.

"Падару модарони меҳрубон, бо назардошти эҳтирому арҷгузорӣ ба ҳамаи анъанаву суннатҳои миллӣ оид ба таҷлили идҳои динӣ аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки дар рӯзҳои ид садди роҳи идгардаки кӯдакон шуда,  аз оростани дастурхонҳои пурдабдабаи идона, омода кардани хӯроку хӯришҳои гуногун, даъвати хешу табору наздикон худдорӣ карда, маблағҳои худро барои ҳифзи саломатии хонадону пайвандон, харидории китобу лавозимоти таълимӣ ва вазъи беҳдоштии фарзандони худ равона сохта, ба шахсони ятим, беморону дармондагони маҳалли зисти худ дасти ёрию навозиш дароз намоед", - таъкид намудааст Вазорат. 

Зиёда аз ин Вазорат дар хитоб ба волидайн хоҳиш кардааст, ки ҷиҳати самаранок гузаронидани таътили тобистонаи фарзандон, ҳифзи саломатии онҳо  таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда, рафтору муносибат ва фазои иттилоотии онҳоро дар ин рӯзҳои ниҳоят душвори паҳншавии бемории оламро фарогир – КОВИД-19 зери назорати ҷиддӣ қарор диҳандд.

"Нагузоред, ки гурӯҳҳои мухолифу манфиатҷӯ аз ин вазъият истифода карда, фарзандони мову шуморо гирифтори доми фиребу найранги худ созанд", - омадааст дар муроҷиатнома. 

Ҳамчунин роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, сардорони сарраёсат, раёсат ва мудирони шуъбаҳои маорифи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор шудаанд, ки дар чунин рӯзҳои ҳассос бо тамоми сохторҳои давлатӣ, соҳибкорон ва аҳли пешоҳанги ҷомеа ҳамкорӣ карда, дар паст гардидани шиддати паҳншавӣ, аз байн бурдани бемории коронавирусу дигар маризиҳои сироятӣ саҳмгузор бошанд ва дар самти иҷрои ҳамаи дастуру супоришҳои Ҳукумати мамлакат ва Вазорати маориф ва илм доир ба раванди таълиму тарбия ва ҳифзи саломатии мардум чораҳои зарурӣ андешанд.

1079
Барчаспҳо:
муроҷиатнома, Вазорати маориф, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Кобилчон Гиёев

Вазифаи баланд ё шикояти раис? Сабабҳои барканории Қобилҷон Гиёев

278
Мақомот барканории Қобилҷон Гиёев, акнун собиқ сардухтури ноҳияи Раштро шарҳи яксон намедиҳанд. Ба қавли яке, бар асоси шикояти раиси ноҳия барканор шудааст, дуввумӣ мегӯяд, ӯ вазифаи баландтар хоҳад гирифт

ДУШАНБЕ, 2 июн – Sputnik. Маркази матбуоти вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон дар як шарҳи кӯтоҳ ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки барканории сардухтури ноҳияи Рашт ибтикори вазорат нест.

“Ӯ бар пояи шикояти раиси ноҳияи Рашт аз вазифа барканор шудааст. Шикоят ҳам ин аст, ки Қобилҷон Гиёев ба ҷуз сардухтур буданаш, муовини раиси Ситоди ноҳияи Рашт барои ҷилавгирӣ аз густариши “вируси корона” низ будааст ва дар ҷои кор ҳам ҳузур надоштаасту дар ҷаласаҳои ситод низ ширкат накардааст”, - гуфтанд дар Маркази матбуоти вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ.

Зимнан, рӯзи гузашта, 1 июн, Қобилҷон Гиёев ба Sputnik Тоҷикистон низ далели барканориашро шикояти Раҳимҷон Муқимӣ, раиси ноҳияи Рашт ба вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ гуфта буд.

Дар ҳамин ҳол, бегоҳи ҳамон рӯз дар як тамоси телефонӣ бо Sputnik Тоҷикистон Раҳимҷон Муқимӣ, раиси ноҳияи Рашт, ин иддаоро рад карда, гуфт, Қобилҷон Гиёев бо ариза, хоҳиш ва ихтиёри худ аз вазифа рафтааст.

“Он қадар ки мо хабар дорем, чанде пас ӯ бояд дар Душанбе ба вазифаи баландтар таъин шавад. Имрӯз ӯ назди ман омада буд. Суҳбат доштем. Ба хурсандӣ хайрухуш кардем. Ҳамаи гап ҳамин”, - гуфт Раҳимҷон Муқимӣ.

Рухсатӣ ё...?

Дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон Қобилҷон Гиёев дар шарҳи гуфтаҳои вазорати тандурустӣ ва раиси ноҳияи Рашт гуфт, ӯ 27 май ба вазорат даъват шуда, аризаи аз кор рафтанашро навишт.

Вай афзуд, рӯзи дигар, 28 май, ӯро дигарбора ба вазорат даъват карда, гуфтанд, ки аризаи аз кор рафтан на, балки рухсатӣ рафтанро бинависам ва дар ҷои худ муовинамро иҷрокунандаи вазифа таъин кунам.

“Ҳоло ман дар ҳайрат уфтодаам. Ман 12 май ба Душанбе рафтам. 12 май дигарбора ба Рашт баргаштам. Ҳамон рӯз ҷаласаи ситодро баргузор кардам. Бегоҳ мустақим бо вазири тандурустӣ мулоқоти видеоӣ баргузор шуд. Субҳ боз ҷаласаи ситод буд. Пас аз он рафтам ба шифохонаҳои минтақаӣ - Ҳоит, Қалъаи Сурх, Навобод. Аз 13 то 15 пурра дар Рашт будам. Азбаски вазъи сиҳӣ дар ноҳия ба эътидол омада буд, дигарбора ба Душанбе омада, ин ҷо ба табобат машғул шудам”, - гуфт Қобилҷон Гиёев.

Бино ба иттилои ӯ, дар ноҳияи Рашт 174 нафареро, ки ҳарорат доштаанд, дар хонаҳо ва 60 нафарро бо ташхиси пневмония дар шифохонаҳо табобат кардаанду даҳҳо нафари дигар пас аз муроҷиату табобати кӯтоҳ зуд рухсат шудаанд. Вай афзуд, дар ин миён ду нафар мутаваллидони яке, соли 1940 ва дигаре, 1942 аз маризиҳои дил фавтидаанд, на пневмония ё “вируси корона”.

“Вақте вазъи сиҳӣ Рашт муътадил шуд, ман ба Душанбе рафтам. Дуюм ин, ки ман на бо хоҳиши худ, балки бо даъвати мақомот омада будам, ки дар вазорати тандурустӣ огаҳӣ доранд”, - гуфт Қобилҷон Гиёев.

Пизишки ҳайрат

Қобилҷон Гиёев пас аз он дар забони расонаҳо уфтод, ки дар оғози мубориза алайҳи “вируси корона” бо як доруи ғайримаъмулии зидди пневмонияи бузҳо дар ноҳияи Рашт, ба қавли худаш, ҳудуди 300 нафарро табобат кард.

Ин дору аз пенитсилин ва стрептамитсин иборат буда, кӯтоҳ “пенстреп” номида ва барои “вируси корона” – и ҳайвонот истифода мешавад. Баъдтар ӯ ба Душанбе омад ва дар пойтахту навоҳии атроф ва вилояти Хатлон бо табобати маризон машғул шуд.

Ӯ қаблан (23 май) дар як суҳбати ихтисосӣ ба Sputnik Тоҷикистон гуфта буд, ки дар умум беш аз 1000 нафарро табобат кардааст. Аммо ҳоло мегӯяд, теъдоди маризоне, ки ӯ табобат кардааст, аз ин ҳам бештар шудааст.

“Ҳоло бисёриҳо ба табобати ман шак доранд. Ҳақ ҳам доранд. Аммо шоҳидони ман ҳамон маризоне ҳастанд, ки шифо ёфтанд. Мегӯянд, ки ман барои рекламаи худ ва пулкоркунӣ Душанбе рафтам. Инҳоро ҳам ба Худо месупорам. Аммо ҳоло бо забони дароз мегӯям, ки ду моҳи ахир ман дар хизмати мардуму давлати худ будам ва ин корамро давом хоҳад дод”, - гуфт Қобилҷон Гиёев.

Ҳоло танҳо гуфтугузоре, ки сардухтури инак собиқи ноҳияи Раштро дар ҳайрат гузоштааст, вазифаи наваш аст. Вай мегӯяд, аз ин боб аслан хабаре ҳам надораду бо касе ҳам машварате нашудааст.

278
Барчаспҳо:
вазифа, табобат, бемор, табиб, Ғарм, Тоҷикистон