Синфхона. Акс аз бойгонӣ

Дар ноҳияи Ғафуров ҳудуди 4 ҳазор нафар ба синфи аввал мераванд

4
(Таҷдидшуда 10:47 24.08.2015)
Дар Рӯзи дониш дар макотиби ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳудуди 4 ҳазор нафар хонандагони синфи аввал ба таҳмил меоянд. Маъмурияти макотиб тақрибан куллияи хонандагонро бо либоси яксони мактабӣ таъмин кардаанд.

ДУШАНБЕ, 24 авг — Sputnik. Дар соли ҷорӣ ҳудуди чаҳор ҳазор нафар ба синфи аввали макотиби ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мераванд, менависад хабаргузории "Авеста".

Дар маҷӯъ дар 89 мактаби ин ноҳияи беш аз 13 ҳазор нафар хонандагон бо таҳсил фаро гирифта шудаанд.

Ба иттилоъи масъулон дар ноҳия як мактаб ба забони русӣ ва макотиби дигар бо чанд забон таҳсилро роҳандозӣ кардаанд.

Ҳоло қариб ҳамаи мактабҳо ва боғчаҳои кӯдакона ба фасли тирамоҳу зимистони соли ҷорӣ омода шудаанд, зикр карданд дар ниҳод.
Ҳамчунин хабар дода шуд, ки беш аз 89% хонандагон бо либоси яксони таълимӣ таъмин шудаанд.

4
Барчаспҳо:
омодагии макотиб барои соли ҷадиди таҳсил, идораи маорифи ноҳия, Бобоҷон Ғафуров, Тоҷикистон
Мавзуъ
Вазорати маориф “занги охир”-ро боз ҳам кӯтоҳтар кард
Вазири маориф: “занги камолот” 6 июн, 45 дақиқа баргузор шавад