Оғози соли таҳсил дар макотиб

1-уми сентбяр: 203 ҳазор хонандаи синфи 1 дар Тоҷикистон

15
(Таҷдидшуда 09:15 01.09.2015)
Дар кишвар ҳудуди 3 ҳазору 845 мактаб мавҷуд аст, ки аз ин теъдод 9 мактаб фаъолияти шабона ва ё ғоибона доранд.

ДУШАНБЕ, 1 сен — Sputnik. Имрӯз 1-уми  сентябр ҳудуди 203 ҳазор хонанда дар Тоҷикистон бори аввал ба даргоҳи дабистон қадам мегузоранд, навиштааст ОИ TojNews.

Бино ба иттилои Эҳсони Хушбахт, сухангӯи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, тибқи рақаме, ки Агентии омор ба қайд гирифтааст, дар соли нави хониши 2015-2016 дар кишвар 203 ҳазор нафар ба синни мактабӣ расидаанд.

Ӯ гуфт, ки омори дақиқи хонандагони синфи якум охири моҳи сентябр омода хоҳад шуд, зеро ҳоло маълум нест, ки аз 203 ҳазор чӣ теъдоде ба мактаб хоҳанд рафт.

Дар Тоҷикистон ҳудуди 3 ҳазору 845 адад муассисаҳои таҳсилоти умумӣ мавҷуд мебошад, ки аз ин адад 9 мактаб ғоибона ва шабона фаъолият мекунад.

Соли гузашта дар Тоҷикистон 180 ҳазору 350 нафар ба синфи як рафта буданд.

15
Барчаспҳо:
Рӯзи дониш, саросари кишвар, 203 хонандаи синфи 1, соли хониш, 1-уми сентябр, Вазорати маориф ва илм, Эҳсон Хушвахтов, Тоҷикистон