Хонанда бо либоси мактабӣ. Акс аз бойгонӣ

Ба ниёзмандон дар Норак кӯмак расониданд

11
(Таҷдидшуда 10:36 08.09.2015)
Дар шаҳри Норак бо ташабббуси мақомоти маҳаллӣ ва дастгирии соҳибкорону корхонаҳо иқдоми хайриявӣ бахшида ба ҷашни Истиқлол анҷом дода шуд.

ДУШАНБЕ, 8 сен —Sputnik. Дар арафаи таҷлил аз 24-умин солгарди истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ба беш аз 140 донишомӯзи синфи 1 аз оилаҳои камбизоат дар шаҳри Норак либоси мактабӣ туҳфа шуд, хабар медиҳад АМИТ Ховар.

"Бо ташаббуси мақомоти маҳаллии шаҳри Норак ва дастгирии соҳибкорону корхонаҳо 144 донишомӯзи синфи 1 аз хонаводаҳои ниёзманд бо либос ва лавозимоти мактабӣ таъмин шуданд", —менависад агентии иттилоотӣ.

Манбаъ таъкид кардааст, ки ин иқдом дар асоси супоришу дастурҳои раҳбари давлат дар робита ба дастгирии ниёзмандон дар арафи ҷашни 24-солагии истиқлолияти давлатӣ сурат гирифтааст.

11
Барчаспҳо:
ёрдам, 144 талаба ашёи мактабӣ гирифт, либосҳои мактабӣ тақдим гардиданд, кӯмак ба хонандагони ниёзманд, мақомоти маҳаллии шаҳри Норак, Норак, Тоҷикистон