Истифодабарандаи роёна. Акс аз бойгонӣ

Мақоми аввали донишҷӯи тоҷик дар Варшава

13
Як донишҷӯйи тоҷик дар Варшава – пойтахти Лаҳистон барандаи озмуни таҳияи бозиҳои компютерии “Microsoft” шудааст.

ДУШАНБЕ, 21 сен — Sputnik. Мехостам ба ташкилкунандагони ин чорабинӣ, ба ширкатҳои Microsoft, Xbox, MicrosoftGameStudio, Intel, ки барои гуруҳи мо ҷойи аввалро сазовор донистанд, миннатдории хешро баён созам, навиштааст Аминҷон Абдуллозода, донишҷӯйи соли дуюми Донишгоҳи Вистулаи Лаҳистон дар саҳифаи Фейсбуки худ.

Барномаи таҳиякардаи Аминҷон Абдуллозода аз миёни 25 гуруҳи барномасозон беҳтарин шинохта шудааст. Барномаи бозиҳои компютерии Аминҷон, ки "Лазер" ном дорад, давоми 24 соат таҳия шудааст.

Чанде муқаддам ширкати Google — яке аз бузургтарин торнамоҳои ҷустуҷӯӣ дар интернет шогирди гимназия-интернети Тоҷикистону Русия "Ҳотам ва ПВ" Меҳрубон Тӯраевро барои кор даъват карда буд.

Тӯраев, шогирди гимназия-интернати Тоҷикистону Русия "Ҳотам ва ПВ", ду соли пеш дар олимпиада аз фанни информатика дар Қазоқистон барандаи медали нуқра, соли 2014 барандаи медали тилло ва имсол ҳам дар ин озмун миёни намояндаи 84 кишвар сазовори ҷои сеюм ва барандаи медали биринҷӣ шуд. Меҳрубон дар бахши барномасозӣ соҳиби ин ҳама ҷоизаҳо шудааст.

Меҳрубон дар бораи таҳсил ва шуғли худ дар як мусоҳибаи Sputnik муфассал нақл карда буд.


13
Барчаспҳо:
донишҷӯи тоҷик, ихтирои бозӣ, пирӯзӣ, Microsoft, Меҳрубон Тӯраев, Аминҷон Абдуллозода, Лаҳистон