Омӯзгор. Акс аз бойгонӣ

Хонандагони тоҷик аз Туркияву Тайланд бо 16 медал баргаштанд

29
Соли равон хонандагони тоҷик дар олимпиадаҳои байналмилалӣ 125 медал ба даст овардаанд, ки аз ин 28 медал тилло, 31 медали нуқра ва 66 медали биринҷӣ мебошад.

ДУШАНБЕ, 16 ноя — Sputnik. Хонандагони тоҷик аз олимпиадаҳои байналмилалӣ дар Тайланд ва Туркия бо 5 медали тилло ва 11 медали биринҷӣ баргаштанд, иттилоъ доданд ба Sputnik дар Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон.

"Тоҷикистонро дар ин ду олимпиада 23 нафар талабагон аз гимназияи "Ҳотам ва ПВ", литсейи Оқохони шаҳри Хоруғ ва литсей-интернати президентӣ барои кўдакони лаёқатманди шаҳри Душанбе намояндагӣ мекарданд",- афзуд сарчашма.

Дар Олимпиадаи 12-уми байналмилалии риёзӣ ва илмӣ, ки дар Шоҳигарии Тайланд баргузор шуд, хонандагони тоҷик дар миёни хонандагони 20 кишвари дунё  соҳиби 1 медали нуқра ва 6 медали биринҷӣ гардиданд.

Ҳамчунин, дар Олимпиадаи VII-уми байналмилалии мактаббачагон ва донишҷўён аз фанни табиӣ-риёзӣ дар шаҳри Анталияи Туркия муҳассилини тоҷик соҳиби 4 медали тилло ва 5 нишони биринҷӣ шуданд.

Ба қавли масъулини Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, соли равон хонандагони тоҷик дар олимпиадаҳои байналмилалӣ 125 медал ба даст овардаанд, ки аз ин 28 медал тилло, 31 медали нуқра ва 66 медали биринҷӣ мебошад.

29
Барчаспҳо:
тилло ва биринҷӣ, олимпиадаи байналмиллалӣ, 16 медали хонандагони тоҷик, литсейи президентӣ, литсейи Оқохон, гимназияи Ҳотам ПВ, Тайланд, Туркия, Тоҷикистон