Роҳбари Хадамоти федеролии назорат дар бахши маориф ва илми ФР Любов Глебова

Глебова: Русия 15 ҳазор хориҷиро барои таҳсили ройгон даъват мекунад

679
(Таҷдидшуда 13:23 04.03.2016)
Киҳо дар Русия имкони таҳсил ва маълумоти олӣ гирифтанро доранд, шартҳои пазируфтан ба донишгоҳҳо чӣ аст ва паҳлуҳои дигари илмомӯзиро аз мусоҳибаи Sputnik бо Любов Глебова пайдо мекунед.

ДУШАНБЕ, 3 мар — Sputnik. Идораи "Россотрудничество" қабули озоди шаҳрвандони хориҷиро ба донишгоҳу донишкадаҳои Русия эълон кард. Роҳбари ин ниҳод Любов Глебова дар бораи шарту шароит ва паҳлуҳои мухталифи қабули донишҷӯён, гирифтани дипломи олӣ дар ФР нақл кард.  

-Любов Николаевна, ҳар сол чанд нафар хориҷиён ба Русия барои гирифтани маълумоти олӣ меоянд?

— Се соли охир  ФР ҳудуди 15 ҳазор шаҳрванди хориҷиро  барои таҳсил даъват мекунад. Беш аз 400 донишгоҳҳои Русия ба ин лоиҳа шомил буда, довталабонро қабул менамоянд.

Соли 2016 мо бори аввал қабули довталабонро  ба таври озод (боз) эълом намудем. Фаъолияти дигар ҳамкоронамонро аз мамлактҳои хориҷ таҳлил намуда, ба хулосае омадем, ки имсол довталабон метавонанд аризаҳои худро ба шакли электронӣ ирсол намоянд. Тартиби қабул дар умум дигар нашудааст, вале  осонтару шаффофтар гардидааст. Равзанаи ягона имконият медиҳад, ки миёнаравие, ки пештар дар "гирду атроф"-и  ин раванд сурат мегирифт, аз байн бурда шавад.

Шаҳрвандони 198 кишвари дунё метавонанд аризаҳои худро барои таҳсил дар донишгоҳҳои Русия ба ихтисосҳои гуногун (шурӯъ аз донишгоҳҳои тиббӣ то истисосҳои техникӣ ва физикаи ҳастаӣ) ирсол кунанд. Ҷойҳои махсус барои ихтисосҳои забони русӣ, забоншиносӣ ва филология ҷудо карда шудаанд. Ҳама чӣ, ки бо забони русӣ алоқаманд аст, дар давлатҳои хориҷӣ талаботи бештар дорад.

-Шаҳрванди хориҷӣ бояд барои гирифтани квота чи кор кунад?

— Қабл аз ҳама бояд дар равзанаи www.russia.study номнавис шавад. Ин тартибро дар муддати 20 дақиқа метавон анҷом дод, шаҳрванди хориҷӣ шахсияти худро мушаххас намуда, суроғаи электронии худро менависад ва ҳамон лаҳза ҷавоби тасдиқро мегирад. Суроғаи электронӣ барои дар оянда бо довталаб робитаи зич доштан зарур аст. Чӣ гуна ба хабарҳо муносибат кардан ва фаъолияти баъдӣ аз худи доваталаб вобаста аст.

Баъди тафтиши ҳуввияти номзад, ӯ ба саволнома дастрасӣ пайдо мекунад. Дар саволнома довталаб маълумот дар бораи худ ва дастовардҳои шахсӣ, инчунин ихтисоси интихобкардаашро пешниҳод менамояд ва онро бо номаи асоснок равон менамояд. Анкета дар қатори рӯйхати ҳамаи довталабон қарор мегирад. Баъд мутахассиси масъули ҳамон давлат бо довталаб тамос мегирад ва интихоби пешакии номзад анҷом меёбад.

— Ба фикри шумо лоиҳаи мазкур ба Русия чӣ фоида дорад?

— Дар навбати аввал ин тарҳ ба таъминоти ояндаи донишгоҳҳои Русия ва сармоягузориии дурусти онҳо вобастагӣ дорад. Донишҷӯёни хориҷӣ, ки донишгоҳҳои Русияро бо саводи хуб хатм мекунанд ва ба ватан бармегарданд, ҳам барои он кишвар ва ҳам раванди ҳамгироӣ хидмати арзанда карда метавонанд. Агар онҳо ба илму маориф сару кор гиранд, дар ин ҷода метавонанд, бо вазорати маорифи Русия ва ташкилотҳои дигарии он робитаи амиқ барқарор намоянд. Қисми бештар ва дар аксар ҳолат фаъоли донишҷӯёни хориҷӣ дар қаламрави ФР ба кору фаъолият машғул мешаванд. Дар маҷмӯъ, мо барои бахшҳои мухталифи иқтисоду иҷтимоъи Русия аз ҳамин давра кадрҳоро ҷалб менамоем.

Ғайр аз ин, ҷойҳои таҳсили ройгон дар донишгоҳҳои Руссия натанҳо барои бакалаврҳо, балки барои магистрҳо ва аспирантон низ ҷудо мешаванд, ин албатта нишондоди бевосита аст. Донишгоҳҳо дар сатҳи байналмиллалӣ робитаҳояшонро бо дигар мамлакатҳо тақвият медиҳанд ва рушд мекунанд.

Вале агар дар бораи донишҷӯёне, ки тариқи шартнома дар Русия таҳсил мекунанд, ҳарф занем, ин албатта, даромади назаррас барои донишгоҳҳо мебошад.

-Барои таҳсил дар Русия бояд забони русиро донист, ки наонқадар забони оддии ҷаҳонист. Оё барои шаҳрвандони хориҷӣ ягон кӯмаки омӯзиши забон дар назар дошта шудаст?

— Дар аксари донишгоҳҳои Русия факултаҳои тайёрӣ ва махсус барои омӯзиши забон вуҷуд доранд. Қисми донишҷӯёни хориҷӣ, ки забони русиро намедонанд, дар мудатти як сол ба омӯхтани ин забон машғул мешаванд. Вале барои ҳар яки ин донишҷӯён дар як сол наздики 100 ҳазор рубл сарф мешавад. Давлат маблағ сарф мекунад, одамон бошанд вақт.

Вобаста ба ин "Россотрудничество" тасмим дорад, дар мамлакатҳои гуногун маркази омӯзиши забони русиро кушояд.

- Оё талабгорони таҳсили ройгон дар донишгоҳҳои Русия зиёданд?

— Ҳоло талабгорон зиёд аст, бале шумораи онҳо бештар аз он аст, ки мо интизор доштем: одамони зиёд занг мезананд, дар шабакаҳои иҷтимоӣ менависанд, дар сомона номнавис мешаванд. Аз ҳама бештар шаҳрвандони ИДМ довталаби таҳсили бепул дар ФР ҳастанд.

Қабули донишҷӯёни хориҷӣ ба таҳсили ройгон дар донишгоҳҳои ФР лоиҳаи ҳарсола ва дарозмуддат мебошад. Бо дар назардошти он, ки ин лоиҳа воситаи самараноки фаъолияти сиёсати хориҷии кишварамон аст, мехоҳем дар оянда шумораи ҷойҳои таҳсил (квотаҳо)-ро зиёдтар гардонем.

679
Барчаспҳо:
квота, таҳсили ройгон дар ФР, бепул, ройгон, донишгоҳҳо, таҳсилоти касбӣ, Россотрудничество, Хадамоти федеролии назорат дар бахши маориф ва илми ФР, Любов Глебова, Русия
Мактаби деҳаи Равмеди водии Бартанги ноҳияи Рӯшон

Хушхабар: Хайрхоҳе мактаби куҳнаи деҳаи Равмеди Рӯшонро аз нав месозад-видео

1130
(Таҷдидшуда 11:40 27.10.2020)
Мактаби куҳнаи деҳаи Равмеди ноҳияи Рӯшонро, ки қаблан навори ҳоли бади он мавриди шарҳборон дар интернет қарор гирифт, аз нав бунёд мешавад

ДУШАНБЕ, 27 окт - Sputnik. Музаффари Имомдод, фаъоли ҷамъиятӣ, ки навори ин мактабро дар интернет нашр кард гуфт, пас аз нашри навор як нафар тамос гирифтаву хостори бунёди мактаби нав дар ин макон шудааст.

Ӯ бидуни ифшои номи хайрхоҳе гуфтааст, пас аз нашри навор ӯ ба наздашон омадаву хостори бунёди мактаби нав шудааст.

Музаффари Имомдод, мегӯяд бо дарёфти чунин таклиф ба раҳбарияти ВМКБ пешниҳод кард, ки ӯ дар мариди худ онро хуш пазируфт ва ба масъулини минтақавӣ дастур дод, то ҳуҷҷатҳои заруриро фавран омода созанд.

Ба навиштаи ӯ ҳуҷҷатҳо дар ҳоли ҳозир пурра омода буда, корҳо аллакай оғоз шудаанд.

Номбурда таъкид кардааст, ки умедворам, таҷрибаи мо барои минтақаҳои дигари кишварамон дарси ибрат хоҳад шуд, ки дар он ҳукумат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ба манфиати мардуми худ ҳамкорӣ хоҳанд кард.

Ёдовар мешавем навори мактаби куҳнаи деҳаи Равмеди ноҳияи Рӯшонро Музаффари Имомдод, фаъоли ҷамъиятӣ, нашр кард, ки он ҷавобгӯи талаботҳои имрӯз нест.

Дар пайи нашри навор ҳукумати ВМКБ, посух дода, гуфта буд, маблағгузории чунин макотиб мушкил буда, хуб мешуд, ки мардум кумак кунанд.

Ҳукумат гуфт, азнавсозии мактабҳои калон дар навбати аввал қарор дошта, таъмири мактабҳои хурд вақт мехоҳад ва масъала мавриди омузиши ҳаматарафа қарор дорад.

1130
Барчаспҳо:
мактаб, Рӯшон, ВМКБ, Тоҷикистон

Дари як донишгоҳи бонуфуз дар Маскав баста шуд: шумораи дардмандони коронавирус зиёд буд

699
(Таҷдидшуда 15:47 21.10.2020)
Роспотребнадзор дари Донишгоҳи давлатии техникии Маскавро мӯҳр зад. Иллати баста шудани донишгоҳ ба шумораи зиёди мубталоёни коронавирус дар ин таълимгоҳ рабт дода мешавад

ДУШАНБЕ, 21 окт - Sputnik. Яке аз бонуфузтарин донишгоҳи техникии Маскав баста шуд, хабар медиҳад Ситоди фаврии коронавирус дар Русия.

Марги 332 маризи коронавирус дар Эрон давоми як рӯз

Ба иттилои манбаъ, ДДТМ ба номи Бауман ба далели нақзи қоидаҳои профилактикӣ ва афзун шудани шумораи мубталоёни коронавирус аз ҳисоби муҳассилин ва намояндагони ин боргоҳ маҳкам намуданд.

"Донишгоҳи давлатии техникии Маскав ба номи Бауман ба далели шумораи зиёди ҳолатҳои гирифторшавӣ ба COVID - 19 ва риоя накардани режими санитарию эпидемиологӣ бастаанд", - омадааст дар иттилоия.

Зикр мегардад, ки қарори мазкуро Роспотребнадзор ба тасвиб расонд.

Дар ҳамин ҳол, ҳанӯз дар аввали моҳи октябр, вақте ки таътили дуҳафтаина ҷорӣ карда шуд, Вазорати илм ва таҳсилоти олии Федератсияи Русия эълон кард, ки донишҷӯёни донишгоҳҳоро ба таҳсили фосилавӣ намефиристад.

Бидуни фавт: афзоиши гирифторони коронавирус дар Тоҷикистон

Аммо, баъдан департамент илова кард, ки вазъи эпидемиологӣ дар ҳама донишгоҳҳо таҳти назорат қарор дорад ва тасмим дар мавриди фиристодани донишгоҳҳо ба таҳсили фосилавӣ аз вазъият дар ҳар як минтақаи алоҳида ва дар маҷмӯъ дар кишвар вобаста аст.

699
Барчаспҳо:
баста, донишгоҳ, Русия
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Денежные купюры, архивное фото

Арзиши доллар ва рубл боз боло рафт? - эъломи Бонки миллӣ

0
(Таҷдидшуда 10:44 28.10.2020)
Дар Тоҷикистон тайи ҳафтаҳои ахир афзоиши ҳама асъори хориҷӣ, аз ҷумла доллар ва рубл нисбат ба сомонӣ дар ҳоли баландшавист

ДУШАНБЕ, 28 окт — Sputnik. Пули миллии тоҷикӣ - сомонӣ дар пасманзари болоравии қурби асъори маъмули хориҷӣ дар кишвар коҳиш ёфта истодааст.

Танҳо доллари амрикоӣ дар тӯли ҳафтаи гузашта ва ҳоло чанд зина боло рафт.

Тибқи нишондодҳои Бонки миллии Тоҷикистон қурби миёнаи фурӯши 1 доллари ИМА дар муассисаҳои қарзии Тоҷикистон аз 10.3396 то 10.3400 сомонӣ арзёбӣ мешавад.

Дар тӯли ду ҳафта ба доллар муяссар шуд, ки аз 10.3310 то 10.3396 сомонӣ боло равад.

Асъори аврупоӣ низ дар ҳоли суқут набуда ҳамарӯза дар баробари сомонӣ боло меравад.

Коҳишёбии сомонӣ идома дорад: болоравии рублу доллар ва евро дар Тоҷикистон

Бар пояи нишондоди Бонки миллӣ имрӯз як евро 12.2328  сомонӣ арзиш дорад.

Ин дар ҳолест, ки ҳафтаи гузашта евро 12,1354 сомониро ташкил медод. 

Рубли русӣ низ пас аз коҳишёбии шадид, дубора дорад боло меравад.

Як рубли русӣ дар овезаи Бонки миллӣ барои имрӯз дар бозори нақд  0.1348 то 0.1380  сомонӣ нишон дода шудааст.

Ёдовар мешавем, ки қаблан коршиносони БМТ бо ишора ба пешгӯии расмии нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии кишвар дар чор соли оянда гуфтанд, ки дар ин давра коҳиши солонаи сомонӣ 3% пешбинӣ шудааст.

Иқтисодшиносон ҷаҳиши рекордии доллар ва евроро пешгӯӣ карданд

БМТ шаҳврвандонро огоҳ менамояд, ки “берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад”.

0