Хатмкунандагони макотиби олии Русия дар Тоҷикистон. Акс аз бойгонӣ

Хуҷанд: 8 донишгоҳи Русия намоиши таълимӣ баргузор карданд

63
(Таҷдидшуда 10:43 06.04.2016)
Масъулини ин макотиби олии ФР аз афзалиятҳои муассисаи худ, ба монанди хобгоҳ, пойгоҳи моддиву техникӣ ва шароити таълиму тадрис сухан намуда, зикр карданд, ки сол то сол шумораи донишҷӯёни тоҷик дар ин муассисаҳо зиёд мегардад.

ДУШАНБЕ, 6 апр — Sputnik. Дар чорчӯби панҷумин ярмарка-намоиши байналмилалии "Таҳсилоти русиягӣ. Душанбе 2016" дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 23-и шаҳри Хуҷанд мулоқоти масъулини 8 мактаби олии Русия бо хатмкунандагони шаҳри Хуҷанд баргузор шуд, иттилоъ медиҳад сомонаи ҳукумати ин шаҳр.

Ба қавли роҳбари маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои Раёсати маорифи вилояти Суғд Баҳоваддин Хоҷаев, равобити Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишвари ба мо дӯсти Федератсияи Русия сол то сол густариш ёфта, саҳми ин давлат дар омодасозии кадрҳои соҳибтахассус торафт зиёд мешавад.

"Ҳамасола баргузории ярмарка- намоиши байналмилалии "Таҳсилоти русиягӣ" шаҳодати ин гуфтаҳост",- илова кард ӯ.

Намояндагони донишгоҳҳои Русия тариқи наворҳои видеоӣ, буклет ва роҳнамо- дастурҳо муассисаҳои таълимии худро муаррифӣ намуданд.

Аснои  чорабинии таълимӣ онҳо аз афзалиятҳои муассисаи худ, ба монанди хобгоҳ, пойгоҳи моддиву техникӣ ва шароити таълиму тадрис сухан намуда, зикр карданд, ки сол то сол шумораи донишҷӯёни тоҷик дар ин муассисаҳо зиёд мегардад.

Манбаъ мегӯяд, имрӯз олимпиада барои дохил шудан ба Донишгоҳи давлатии тиббии Олтой, Донишгоҳи давлатии ҳуқуқи Уралск ва Донишгоҳи федералии Шарқи Дур доир хоҳад шуд.

63
Барчаспҳо:
намоиши таълимӣ, намоишгоҳ-ярмарка, таҳсили ройгон дар ФР, таҳсилоти касбӣ, донистани забони русӣ, мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 23-и шаҳри Хуҷанд, Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои Раёсати маорифи вилояти Суғд, Баҳоваддин Хоҷаев, Хуҷанд, Суғд, Душанбе, Тоҷикистон, Русия
Мавзуъ
Дар макотиби Тоҷикистон дарси мубориза бо фасод ба роҳ монда мешавад