Суханронии Оқохони 4 зимни ифтитоҳи ДОМ дар шаҳри Нарини Қирғизистон

Оқохони IV: ДОМ-қувваест, ки метавонад зиндагии мардумро тағйир диҳад

1904
(Таҷдидшуда 17:50 19.10.2016)
Дар шаҳри Норини Қирғизистон маросими кушодашавии Донишгоҳи Осиёи Марказӣ бо иштироки Оқохони IV, пешвои исмоилиёни ҷаҳон ва сарвазири Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков баргузор гардид.

ДУШАНБЕ, 19 окт — Sputnik. Имрӯз аз ҷониби пешвои исмоилиёни ҷаҳон Оқохони IV дар шаҳри Норини Қирғизистон Донишгоҳи Осиёи Марказӣ кушода шуд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти ҳукумати ҶҚ.

"Донишгоҳи Осиёи Марказӣ-натанҳо қудрати маориф, қувваи ҳамкориҳои байналмиллалӣ, балки қувваест, ки метавонад зиндагиии мардумро тағйир диҳад",-гуфт Оқохони IV зимни маросими ифтитоҳи донишгоҳ.

Оқохони IV зимни гирифтани ордени Данакер аз дасти Алмосбек Отамбоев. Акс аз бойгонӣ
© Фото : Пресс-служба президента КР / Султан Досалиев

Дар баробари ин  Оқохони IV зимни маросими кушодашавӣ суханронӣ намуда қайд кард, созишномаи байналмиллалӣ оиди бунёди ДОМ, ки соли 2000 миёни Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон ба имзо расид, беназир буда,  намунаи талошҳои се кишвар барои расидан ба ҳадафи ягона мебошад.

"Бояд дарк кард, коре, ки мо имрӯз анҷом медиҳем, натанҳо дар оянда намунаи бебаҳои ҳамкории байналмиллалӣ дар минтақа, балки барои мардуми берун аз он хоҳад буд",-қайд кард пешвои исмоилиёни ҷаҳон Оқохони IV.

Баъди ифтитоҳи донишгоҳ Оқохони IV ва нахуствазири Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков дар маросими кушодашавии боғи истироҳатии шаҳрӣ иштирок карданд.

Боғи фарҳангӣ пурра аз ҷониби Бунёди Оқохон маблағгузорӣ шудааст.

1 / 5
Маросими кушодашавии ДОМ дар шаҳри Норини Қирғизистон
1904
Барчаспҳо:
ҳамкориҳои байналмиллаӣ, ифтитоҳи ДОМ, маориф, Оқохони IV, Қирғизистон
Дети собирают конфеты по обычаю идгардак

Омӯзгорон муваззаф шуданд дар рӯзи ид рафтори шогирдонашонро зери назорат гиранд

1067
(Таҷдидшуда 22:12 22.05.2020)
Вазорати маорифи Тоҷикистон устодону омӯзгорони тамоми зинаҳои таҳсилотро вазифадор кардааст, ки дар рӯзҳои ид рафтору муносибати хонандагону донишҷӯёни маҳалли зисти худро зери назорат гиранд

ДУШАНБЕ, 22 май – Sputnik. Вазорати маорифи Тоҷикистон дар як муроҷиатномае аз хонандагону донишҷӯён хоҳиш кардааст, ки дар рӯзҳои таҷлили иди Рамазон ва рӯзҳои дигари таътил ба вазъи саломатии худ ва атрофиёнашон таваҷҷуҳи бештаре зоҳир карда, тартибу низоми вазъи кунунии кишварро ба таври ҳатмӣ риоя намоянд.

"Дар рӯзҳои ид барои идгардак ба хонаи якдигар нараванд, ҳамсинфону ҳамкурсони худро ба зиёфатҳои идона даъват нанамоянд ва шиори Вазорати маориф ва илмро, ки "Мо худ ва дигаронро аз беморӣ ҳифз менамоем" аст, ба таври қатъӣ риоя кунанд.Устодону омӯзгорони тамоми зинаҳои таҳсилот даъват ва вазифадор мешаванд, ки дар рӯзҳои ид рафтору муносибати хонандагону донишҷӯёни маҳалли зисти худро зери назорат қарор дода, бетарафӣ зоҳир накунанд", - омадааст дар муроҷиатномаи Вазорат.

Дар баробари ин, ин ниҳод дар муроҷиат ба падару модарон хоҳиш кардааст, ки вазъи имрӯзаи эпидемикии кишвар ва оламро дуруст дарк намуда, ба заҳмату талошҳои духтурон, ҳамшираҳои шафқат, кормандони дорухонаҳо ва санитарию эпидемикии деҳа, ноҳия ва шаҳри худ эҳтиром гузоранд ва ба онҳо кумаку дастгириҳои хешро ба хонадони онҳо дареғ надоред, зеро онҳо ҳастии худро барои ҳифзи саломатии мардум равона кардаанд.

"Падару модарони меҳрубон, бо назардошти эҳтирому арҷгузорӣ ба ҳамаи анъанаву суннатҳои миллӣ оид ба таҷлили идҳои динӣ аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки дар рӯзҳои ид садди роҳи идгардаки кӯдакон шуда,  аз оростани дастурхонҳои пурдабдабаи идона, омода кардани хӯроку хӯришҳои гуногун, даъвати хешу табору наздикон худдорӣ карда, маблағҳои худро барои ҳифзи саломатии хонадону пайвандон, харидории китобу лавозимоти таълимӣ ва вазъи беҳдоштии фарзандони худ равона сохта, ба шахсони ятим, беморону дармондагони маҳалли зисти худ дасти ёрию навозиш дароз намоед", - таъкид намудааст Вазорат. 

Зиёда аз ин Вазорат дар хитоб ба волидайн хоҳиш кардааст, ки ҷиҳати самаранок гузаронидани таътили тобистонаи фарзандон, ҳифзи саломатии онҳо  таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда, рафтору муносибат ва фазои иттилоотии онҳоро дар ин рӯзҳои ниҳоят душвори паҳншавии бемории оламро фарогир – КОВИД-19 зери назорати ҷиддӣ қарор диҳандд.

"Нагузоред, ки гурӯҳҳои мухолифу манфиатҷӯ аз ин вазъият истифода карда, фарзандони мову шуморо гирифтори доми фиребу найранги худ созанд", - омадааст дар муроҷиатнома. 

Ҳамчунин роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, сардорони сарраёсат, раёсат ва мудирони шуъбаҳои маорифи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор шудаанд, ки дар чунин рӯзҳои ҳассос бо тамоми сохторҳои давлатӣ, соҳибкорон ва аҳли пешоҳанги ҷомеа ҳамкорӣ карда, дар паст гардидани шиддати паҳншавӣ, аз байн бурдани бемории коронавирусу дигар маризиҳои сироятӣ саҳмгузор бошанд ва дар самти иҷрои ҳамаи дастуру супоришҳои Ҳукумати мамлакат ва Вазорати маориф ва илм доир ба раванди таълиму тарбия ва ҳифзи саломатии мардум чораҳои зарурӣ андешанд.

1067
Барчаспҳо:
муроҷиатнома, Вазорати маориф, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Тотальный диктант в Душанбе

Русия барои овардани омӯзгорони рус ба Тоҷикистон ҳавопаймои вижа мефиристад

803
(Таҷдидшуда 12:40 20.05.2020)
Русия барои бозпас овардани омӯзгорони рус, ки дар манотиқҳои гуногуни Тоҷикистон фаъолият мекунанд, ҳавопаймои махсус мефиристад

ДУШАНБЕ, 19 май — Sputnik. Масъулони Шӯрои Федератсияи Русия, намояндагони вазорату идораҳои дахлдори Русия ва Тоҷикистон масъалаи интиқол додани омӯзгорони рус аз Тоҷикистонро баррасӣ карданд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Шӯрои Федератсия.

Бино ба гуфти раиси Шӯрои Федератсия оид ба илм, маориф ва фарҳанг Лилия Гумерова, соли хониши имсола дар Тоҷикистон бинобар авҷ гирифтани маризии сироятии коронавирус  каме пештар анҷом ёфт.

Ба ҳамин минвол, Русия тасмим гирифт, 48 омӯзгор аз 16 минтақаи Русия, ки то ҳол дар мактабҳои русӣ дар Тоҷикистон дарс мегуфтанд, баргардонад.

Гумерова шарҳ дод, ки чаро омӯзгорони рус мехоҳанд дар Тоҷикистон бимонанд

Гумерова гуфт, ки рӯзи 25 май ҳавопаймои вижа вориди Тоҷикистон мешавад, то муаллимони русро аз кишвар берун орад. Аммо, ин маънои онро надорад, ки лоиҳаи башардӯстона қатъ карда мешавад.

Тавре сенатор қайд кард, омӯзгорони рус пас аз хотима ёфтани пандемияи коронавирус рисолати худро идома медиҳанд.

Ёдовар мешавем, ки лоиҳаи таълимӣ байни Русия ва Тоҷикистон соли 2017 роҳандозӣ шуд. Ташаббускори ин лоиҳа раиси Шӯрои Федератсия Валентина Матвиенко буд.

803
Министр иностранных дел РФ Сергей Лавров

Лавров дар бораи танишҳо дар марзи Тоҷикистону Қиғизистон: Русия омодаи кӯмак аст

0
(Таҷдидшуда 19:58 26.05.2020)
Вазири умури хориҷаи Русия Сергей Лавров аз Тоҷикистону Қирғизистон даъват кардааст, ки дар марз аз истифодаи нерӯ худдорӣ кунанд

ДУШАНБЕ, 26 мая — Sputnik. Ҷониби Русия аз Тоҷикистон ва Қирғизистон даъват меорад, ки дар марз аз истифодаи силоҳ даст кашанд ва омода аст, ки ҳамчун миёнрав хизмат кунад. Дар ин боравазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров баъди нишасти вазирони умумири хориҷа дар ҷаласаи СПАД гуфтааст.

 "Ин вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, мутаассифона бори аввал нест. Мо аз шариконамон даъват меорем, ки онҳо роҳи маслиҳатомезро пеш гиранд ва ҳарчи тавонанд аз истифодаи қувва худдорӣ кунанд. Мо омодаем ҳамчун миёнрав хизмат кунем. Ҳарчи зудтар вазъият ба эътидол ояд, ҳарчи беҳтар аст. Дар ин бора имрӯз ба дӯстонамон ҳам гуфем", - таъкид кардааст Лавров.

Ёдрас мешавем, 24 май бар марзи Тоҷикистону Қирғизистон таниши навбатӣ ба миён омад. Марбонони ҳарду кишвар тир кушоданд.

Марзбонии ду давлат ҳодисаро гуногун тавзеҳ доданд.

Фаврӣ: тирандозӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон дар рӯзи ид

Қирғизистон сокинони Ворухро дар гузаштан ба минтақаи қирғизҳо барои чарронидани чорво муттаҳам кард, аммо ба иттилои КДАМ Тоҷикистон баръакс, чӯпонҳои қирғиз дар ҳудуди деҳаи Пули Офтобрӯяи ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфара, ки бо деҳаи қирғизнишини Мойнок ҳамсарҳад мебошад, вориди қаламрави Тоҷикистон гардида, ба муноқишаи навбатӣ бо сокинони наздимарзии ҶТ даст заданд.

0