Ректори МГУ ба номи М.В. Ломоносов Виктор Садовничий. Акс аз бойгонӣ

Садовничий: хатмкунандагони МГУ-и Душанбе “элита”-и Тоҷикистон ҳастанд

55
Филиали МГУ дар шаҳри Душанбе соли 2009 бо фармони президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон сохта шуд. Наздики 70%-и ҳайати омӯзгорон олимони МГУ буда, 30%-и онҳоро омӯзгорон ва мутахассисони кордони маҳаллӣ ташкил медиҳанд

ДУШАНБЕ, 3 ноя — Sputnik. Хатмкунандагони филиали МГУ дар Тоҷикистон намояндагони ҷавони "элита"-и кишвар мебошанд, изҳор дошт ректори Донишгоҳи давлатии Маскави ба номи Ломоносов, Виктор Садовничий.

Ректор ёдовар шуд, ки филиалҳои донишгоҳ феълан дар Тоҷикистон, Озарбойҷон, Арманистон, Қазоқистон ва шаҳри Севастополи Русия фаъол аст. Дар баробари ин Садовничий сатҳи баланди омода намудани мутахассисони донишгоҳро қайд кард, хабар медиҳад Вестник Кавказа.

"Имрӯз ин филиалҳо яке аз беҳтарин донишгоҳҳои минтақа буда, аз рӯи низоми факултавӣ бо барномаи магистрӣ ва аспирантӣ фаъолият мекунанд. Дар умум дар филиалҳои МГУ  дар ҳоли ҳозир 3,5 ҳазор донишҷӯён таҳсил мекунанд ва онҳо-элитаи кишварҳои худ ҳастанд",-изҳор дошт ректори МГУ.

Ӯ қайд кард, ки ба донишҷӯён омӯзгорони беҳтарини МГУ омада дарс мегӯянд ва дониши онҳоро месанҷанд. Дипломи филиалҳои МГУ аз дипломи МГУ-и Маскав ягон фарқияте надорад, гуфт Садовничий.

"Мо фахр мекунем, ки филиалҳои мо фаъолият мекунанд ва президентони кишварҳо шахсан фаъолияти панҷ филиалро дастгирӣ менамоянд",-хулоса кард ректори МГУ ба номи Ломоносов.

Филиали МГУ дар шаҳри Душанбо соли 2009 бо фармони президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон сохта шуд. Наздики 70%-и ҳайати омӯзгорон олимони МГУ буда, 30%-и онҳоро омӯзгорони ва мутахассисони кордони маҳаллӣ ташкил медиҳанд.

Таҳсил дар Донишгоҳҳои Русия
© Инфографика
Таҳсил дар Донишгоҳҳои Русия
55
Барчаспҳо:
таҳсил, МГУ, Виктор Садовничий, Тоҷикистон
Мавзуъ
Беҳтарин донишгоҳҳои Русия: мактаби олии худро интихоб намо
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон

Эмомалӣ Раҳмон дар "Шаҳраки донишҷӯён" хобгоҳ ва бинои нав ифтитоҳ кард

1185
(Таҷдидшуда 13:10 22.01.2021)
Кишвардори Тоҷикистон ва раиси шаҳри Душанбе дар "Шаҳраки донишҷӯён" бинои нави факултаи иқтисод ва молияро мавриди истифода қарор доданд

ДУШАНБЕ, 22 янв — Sputnik. Имрӯз бо иштироки раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар Донишгоҳи милли Тоҷикистон бинои нави факултаи иқтисод ва молия ва ҳамчунин хобгоҳи замонавӣ барои донишҷӯён мавриди истифода қарор дода шуд.

Ба иттилои котиботи раисҷумҳури Тоҷикистон, бинои нави таълимии факултетҳои иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барои дар ду баст ба таҳсил фаро гирифтани 5048 нафар пешбинӣ шудааст.

Раҳмон дар Балҷувон аз бинои Хадамоти муҳоҷират то хобгоҳ ва боғчаи кудакон ифтитоҳ кард

Иншооти мазкур аз ду қисми 7-ошёнагӣ иборат буда, дар он факултети молиявию иқтисодӣ, иқтисод ва идора, баҳисобгирӣ ва иқтисоди рақамӣ ҷойгир мебошад.

Таъкид гардидааст, ки бинои нави таълимии факултетҳои иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ширкати сохтмонии ватанӣ Ҷамъияти Дорои Масъулияти Маҳдуди "Азизӣ-сохтмон" бо тарҳи наву замонавӣ сохта шудааст.

Раҳмон гуфт, дар панҷ сол ҳоҷати воридот намемонад: ифтитоҳи корхонаи санги хорову мармар

Аснои шиносоӣ роҳбари давлат ба сифати корҳои сохтмонӣ ва тарҳи бино, ки аз ҷониби мутахассисони ватанӣ анҷом дода шудааст, баҳои баланд дод.

Раисҷумҳур пас аз ифтитоҳи иншоот аз устодон ва кормандони соҳаи илму маориф талаб намуд, ки дар самти тарбия намудани ҷавонони худогоҳу худшинос ва мутахассисони варзидаи талаботи бозори меҳнат бештар таваҷҷуҳ намоянд.

1185
Барчаспҳо:
ифтитоҳ, бино, хобгоҳ, Рустами Эмомалӣ, Эмомалӣ Раҳмон
Школьный класс новой средней школы № 102 в Шохмансурском районе

Ҷопон барои сохтмони ду мактаб дар Тоҷикистон пул ҷудо кард

134
(Таҷдидшуда 17:33 21.01.2021)
Сафири Ҷопон дар Душанбе эълом кард, бо кумаки молии давлати Токио ду мактаб бо ҳазинаи ду миллион сомонӣ дар Тоҷикистон сохта мешавад

ДУШАНБЕ, 21 янв— Sputnik. Tакаюки Миясита дар маросими имзои ин созишнома гуфтааст, ки то кунун бо кумаки ройгони Ҳукумати Ҷопон дар Тоҷикистон 50 мактаб сохта шуда, ин барнома идома хоҳад дошт, иттилоъ додааст сафорати Ҷопон дар Душанбе.

“Ду мактаби ҷадид дар ноҳияҳои Турсунзода ва Файзобод ҳар як бо ҳазинаи 1 миллион сомонии ройгони ҳукумати Ҷопон сохта ва таҷҳиз хоҳад шуд. Мо талош мекунем, ки ин ду мактаб бо таҷҳизоти пешрафтаи омӯзишӣ таъмин шаванд то донишомӯзони тоҷик битавонанд дар шароити матлуб улуми рӯзро фарогиранд”, - гуфт Tакаюки Миясита.

Ҳамзамон сафири Ҷопон таъкид доштааст, ки кишвараш дар чорчӯби ин барнома бо Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ҳамкории наздик дорад.

Гуфта мешавад аз соли 1996 ҳукумати Ҷопон барои иҷроӣ 421 тарҳи иҷтимоӣ ва омӯзишӣ дар Тоҷикистон 34 доллар кумаки ройгон ихтисос додааст.

134
Барчаспҳо:
пул, сохтмон, мактаб, Ҷопон, Тоҷикистон
Ирландский боец без правил Конор Макгрегор, архивное фото

Набарди ҷавобии Макгрегор ва Поре: мусобиқоти UFC 257 дар АМА. Пахши мустақим

0
(Таҷдидшуда 08:04 24.01.2021)
Кадоме аз размикорони кунунӣ дар вазни суб - Конор Макгрегор ё Дастин Пуэре пирӯз хоҳад шуд, ба зудӣ маълум мешавад

ДУШАНБЕ, 24 янв — Sputnik. Имороти Муттаҳидаи Араб аввалин мусобиқаро имсол дар “Ҷазираи муҳорибаҳо” дар наздикии Абу-Даби баргузор мекунад.

Диққати аксари тамошобинон ба бозии ҷавобии Конор Макгрегор ва Дастин Паре нигаронида шудааст.

Ҳарду варзишгар 32 сол доранд. Ҳарду паҳлавон тақрибан як вазн нишон доданд: Поре 70,7 кило ва Конор бошад 70,3 кило.

Интизор меравад, ки сабқати асосии UFC 257 байни МакГрегор ва Поре тақрибан аз соати 8:00 то 8:30 субҳи 24 январ ба вақти Маскав оғоз шавад.

Ин нахустин қувваозмоии Макгрегор ва Поре дар майдон нест. Сентябри соли 2014 Макгрегор дар даври аввал Пореро ба нокаут фиристод.
Бояд гуфт, ки дар размҳои омехта Макгрегор 26 сабқат гузаронд, ки аз он 22 ададашро бурид. Дар чор қувваозмоӣ бохт.

Дар маҷмуъ Поре 32 сабқат гузарондааст, ки 26 ададашро бо пирӯзӣ ва 6 ададро бо шикаст анҷом додааст. Поре на танҳо дар қувваозмоиҳои UFC, балки WEC низ иштирок мекунад.

 

0
Барчаспҳо:
рақиб, рақобат, АМА, муҳориба, Макгрегор