Маросими ифтитоҳи курсҳои кӯтоҳмуддати дипломатӣ дар ВКХ-и Русия. Акс аз бойгонӣ

Дипломатҳои тоҷик аз курсҳои Академияи ВКХ-и Русия мегузаранд

23
Сафири Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов қайд кард, ки курсҳои кӯтоҳмуддати дипломатӣ барои такмили дониши назариявӣ ва амалии кормандон муфид аст

ДУШАНБЕ, 15 ноя — Sputnik. Дар Академияи диломатии ВКХ-и Русия курсҳои такмили ихтисос барои кормандони дастгоҳи марказии Вазорати корҳои хориҷии ҶТ кушода шуданд, хабар дода мешавад дар торномаи сафорати ҶТ дар ФР.

Дар маросими ифтитоҳи курсҳо, сафири фавқуллодаи Тоҷикистон дар Русия Имомуддин Сатторов ва муовини ректори Академияи дипломатии Русия Татяна Мозел ширкат карданд.

"Зимни баромад Сатторов ҷиҳати  омода намудани кормандони касбӣ барои дастгоҳи дипломатӣ ба Академия изҳори миннатдорӣ карда, таъкид намуд, ки чунин курсҳо барои такмили дониши назариявӣ ва амаӣ дар соҳаи муносибатҳои байналмиллалӣ имконияти хубе хоҳад буд",-омадааст дар хабарнома.

Ҷонибҳо ҳамчунин қайд карданд, ки кусрҳо яке аз омилҳои муҳими ҳамкориҳои байни ду давлат мебошанд.

23
Барчаспҳо:
курсҳои кӯтоҳмуддат, ВКХ Русия, сафорати Тоҷикистон дар Русия, Академияи дипломатӣ, Имомуддин Сатторов, Тоҷикистон, Русия
Школа, архивное фото

Раиси Рашт: афзоиши хонандагон бунёди синфҳои иловагиро тақозо мекунад

36
(Таҷдидшуда 12:53 13.07.2020)
Раҳимҷон Муқимӣ, раиси ноҳияи Рашт, мегӯяд, афзоиши шумораи хонандагон дар ноҳия сохтмони биноҳои нави таълимӣ ва синфхонаҳои иловагиро тақозо менамояд

ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Раҳимҷон Муқимӣ гуфт, бунёди синфхонаҳо барои беҳтар ба роҳ мондани кори таълиму тарбия ва сифати таълим ҳатмист.

"Синфхонаҳои иловагӣ имконият фароҳам меоранд, ки дар муассисаҳои таълимӣ кабинетҳои фаннӣ ташкил карда шаванд. Дар ду моҳи охири соли равон дар назди 6 муассисаи таълимӣ аз ҳисоби маб­лағҳои буҷети маҳаллӣ, соҳибкорони саховатманд ва аҳолӣ барои 800 ҷойи нишаст бино ва синфхонаҳои нави таълимӣ сохта, ба истифода дода шудааст", - иттилоъ дод нашрияи "Садои мардум" аз қавли раиси Рашт.

Манбаъ афзуд, ки тайи як рӯз дар ноҳия 18 иншооти нав ба истифода дода шуданд. Дар қатори иншооти набунёд -  бинои иловагӣ барои шуъбаи касалиҳои сироятӣ дар маҳаллаи Фурудгоҳи деҳоти ба номи Нусратулло Махсум иборат аз 20 кат аз ҳисоби Агентии захираҳои давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 3 чоҳи амудӣ аз ҳисоби соҳибкорони маҳаллӣ барои таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокӣ, майдончаи варзишӣ дар деҳаи Руноби деҳоти "Аскалон" номбар шуданд.

Инчунин биноҳои нави таълимӣ дар деҳаҳои Ялдамичи деҳоти "Қалъанак", Чашмаи Қозии деҳоти ба номи Нусратулло Махсум, Навдонаки деҳоти "Қалъаи Сурх" ва Ҳисораки деҳоти "Ясман", сохтмони маркази савдо, қаҳвахона ва 5 хонаи истиқоматии дуҳуҷрагӣ дар шаҳраки Ғарм, корхонаи истеҳсоли обҳои ташнагишикану маҳсулоти қаннодӣ дар деҳаи Ҳисораки деҳоти "Ясман" ва нуқтаи таъмири нақлиёти сабукрав дар деҳаи Зарангаки деҳоти "Ҳиҷборак" ба истифода дода шудаанд.

36
Барчаспҳо:
бино, Рашт, Тоҷикистон
Школьная ярмарка на рынке Душанбе перед 1 сентября

Бо дастури Қоҳир Расулзода: дар Тоҷикистон ярмаркаи фурӯши либоси мактабӣ баргузор мешавад

286
(Таҷдидшуда 15:08 10.07.2020)
Дар тамоми шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон аз авоили моҳи август ярмаркаи фурӯши либос ва дигар маводи зарурии мактабӣ оғоз меёбад

ДУШАНБЕ, 10 июл — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати маорифи Тоҷикистон ин якмарка бо пешниҳоди Вазорат, дархостии Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон ва дастури бевоситаи сарвазир Қоҳир Расулзода баргузор мешавад.

"Оғоз аз 1 августи соли 2020 дар тамоми шаҳру ноҳияҳо ярмаркаи фурӯши либос ва дигар маводи зарурии мактабӣ оғоз меёбад", - омадааст дар хабарнома.

Тибқи маълумоти Вазорати саноат ва технологияҳои нав, дар миқёси ҷумҳурӣ иқтидори корхонаҳои дӯзандагӣ баҳри пурра таъмин намудани хонандагон бо либоси мактабӣ басанда мебошад ва дар ҳолати саривақт, сифатнок ва назорати ҷиддии масъулин имконияти истеҳсоли либоси мактабӣ дар корхонаҳо дар давоми сол фароҳам оварда шуда, хонандагон ба пуррагӣ бо маҳсулоти воридотивазкунандаи хушсифат таъмин мегарданд.

Аз ҷониби корхонаҳои дӯзандагӣ дӯхти либоси мактабӣ дар асоси талаботи Дастурамали либосҳои тавсияӣ барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ки аз ҷониби Вазорати маориф ва илм таҳия шудааст, роҳандозӣ карда мешавад.

Инчунин, бо мақсади ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти босифат аз ҷониби Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон стандарти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Либосҳои мактабӣ – шартҳои умумии техникӣ» бо қайди давлатӣ СТ ҶТ 1110-2018 таҳия гардида, ба корхонаю коргоҳҳои соҳа ҷиҳати дар асоси он истеҳсол намудани молу маҳсулоти худ пешниҳод карда шудааст.

Ҳамзамон, дар робита ба баргузории ярмаркаи фурӯши либос ва дигар маводи зарурии мактабӣ ба Иттифоқи «Тоҷикматлубот» ҷиҳати ройгон ҷудо намудани нуқтаи алоҳида барои баргузории ярмарка ва ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар барои дар сатҳи хуб доир намудани он дастур дода шудааст.

286
Барчаспҳо:
Вазорати саноат ва технологияи нави ҶТ, Вазорати маориф, ярмарка-намоиш, ярмарка, Тоҷикистон
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон

Ҷаласаи Ҳукумат: аз коронавирус то омодагӣ ба зимистон баррасӣ шуд

0
(Таҷдидшуда 21:05 13.07.2020)
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, бо баргузории ҷаласаи Ҳукумат, масъалаҳои таъмини амнияти озуқаворӣ, ҷамъоварии ҳосил, кишти такрорӣ, чораҳои санитарӣ - гигиенӣ алайҳи коронавирус ва омодагӣ ба зимистони солҳои 2020-2021-ро баррасӣ кард

ДУШАНБЕ, 13 июл — Sputnik. Тибқи иттилои котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи аъзои Ҳукумати кишвар, роҳбарони вазорату идораҳо ва шаҳру ноҳияҳоро ба вазъи имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ, таъсири омилҳои беруна ба иқтисоди миллӣ, хатари пандемияи коронавирус дар ҷаҳон ва таъсири манфии он ба рушди иҷтимоиву иқтисодии кишварҳои олам ҷалб кард.

Раисиҷумҳур ба Ҳукумати кишвар, мақомоти шаҳру ноҳияҳо, роҳбарони вазорату идораҳо супориш додаст, ки бо мақсади фаъолияти босуботи иқтисоди миллӣ, ҷиҳати кам кардани таъсири манфии хавфҳои беруна ба он ва таъмини фаъолияти мунтазами тамоми соҳаҳои иқтисодиёт, чораҳои таъхирнопазир андешанд.

Ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ ҷиҳати тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешниҳоди тавсияи мутахассисони соҳа барои риояи қоидаҳои санитарӣ-гигиенӣ, таъмини марказҳои саломатӣ бо маводи доруворӣ дастуру супоришҳо дода шуд, таъкид кард котиботи раисиҷумҳур.

"Инчунин тамоми роҳбарони мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадор шуданд, ки захираву имкониятҳоро вобаста ба ғамхорӣ нисбат ба табақаҳои ниёзманд, беҳтаргардонии хизматрасониҳои тиббӣ ва пешгирӣ кардани бемории сироятии коронавирус ва пешбурди корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ оид ба тозаву озода нигоҳ доштани муҳиту маҳалли зист, коргоҳу, иншоот ва риояи қоидаҳои беҳдоштӣ (гигиенаи шахсӣ) ба таври самаранок истифода баранд", - омадааст дар иттилоия.

Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумат ва дигар расонаҳои иттилоотии кишвар супориш гирифтаанд, ки дар бораи истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ ва хоҷагиҳои ёрирасон, бо истифода аз имкониятҳои ҳар як оила коркарди хонагии меваю сабзавот ва захираи зарурии маводи хуроквориро дар хонаҳо бештар тарғиб намоянд.

Дар охири кори маҷлис Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати кишвар ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ барои дар сатҳи зарурӣ доир кардани маъракаи зимистонгузаронӣ, истифодаи сарфаркоронаи неруи барқ дар шароити камобӣ, омода намудани иншооти соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ба давраи зимистон, захираи кофии маводи хӯрокворӣ, захираи ангишт ва дигар сӯзишворӣ, таъмини барқу гармӣ ба муассисаҳо ва аҳолӣ дар фасли зимистон, омода кардани марказҳои барқу гармидиҳӣ, тайёр кардани муассисаҳои миёна ва олии таълимии кишвар, аз ҷумла донишгоҳу донишкадаҳо, литсейю коллеҷҳо ва омӯзишгоҳҳо ба соли хониши 2020-2021, оид ба вусъати корҳои ободониву бунёдкорӣ бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ, супоришҳои мушаххас додаст.

0
Барчаспҳо:
зимистон, Ҳукумат, Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон