Лавозимоти таъмиркунӣ. Акс аз бойгонӣ

На аз кисаи волидон: Рустам Эмомалӣ таъмири мактабро бар дӯши раисони ноҳия вогузошт

161
Акнун дабистонҳо ва боғчаҳои пойтахт аз ҳисоби буҷаи ноҳиявӣ таъмир хоҳанд шуд

ДУШАНБЕ, 1 июн — Sputnik. Шаҳрдори Душанбде Рустам Эмомалӣ ҷамъоварии маблағро аз волидони донишомӯзон барои таъмири дабистон манъ кард.

Дар ин росто номаи шаҳрдорӣ бо имзои Рустам Эмомалӣ ба раисони ҳамаи ноҳияиҳои шаҳри Душанбе равон карда шудааст, хабар медиҳанд расонаҳои маҳаллӣ.

Акнун таъмири мактаб пурра аз ҳисоби буҷаи ноҳияҳо гузаронида мешавад.

"Бо мақсади аз байн бурдани маблағҷамъкунӣ барои таъмири синфхонаҳо, раисони ноҳияҳо бояд дабистонҳоро барои омӯзиш дар мавсими тирамоҳ — зимистон омода намуда, онҳоро таъмир кунанд", — қайд шудааст дар нома.

Ин масъала дар паи шумораи зиёди шикоятҳо аз тарафи волидони донишомӯзон аз ҷумла оиди ҷамъоварии маблағ барои таъмир баррасӣ шуд.

Пештар бархе аз дабистонҳо аз ҳисоби волидон таъмир карда мешуданд.

161
Барчаспҳо:
таъмири мактабҳо ва боғчаҳо, Рустам Эмомалӣ, Душанбе, Тоҷикистон
Мавзуъ
Шаҳрдории Душанбе пойтахтро ободтар мекунад
Шаҳрдории Душанбе назорат бар тозагии пойтахтро тақвият медиҳад
Сокинони Душанбе аз Рустам чиро интизоранд: ҷойи кор, мактаб ё роҳ
Бунёди мактаб дар Тоҷикобод бо кӯмаки Ҷопон