Шаҳри Истамбул. Акс аз бойгонӣ

Туркия барои мубориза бо Фатҳуллоҳ Гулен ва ДОИШ донишгоҳи исломӣ таъсис медиҳад

92
(Таҷдидшуда 12:32 31.07.2017)
Туркия барои мубориза бо Фатҳуллоҳ Гулен ва "Давлати исломӣ" донишгоҳи ҷадиди исломӣ таъсис медиҳад

ДУШАНБЕ, 31 июл — Sputnik. Бино ба иттилоъи расонаҳои хориҷӣ, дар Туркия донишгоҳи нави исломӣ бунёд карда мешавад.

Қарор шудааст, ки таълим дар ин донишгоҳ аз тарзи дарсдиҳӣ дар Ал-Азҳар ва Донишгоҳи исломии Мадина комилан мутафовит бошад.

"Донишгоҳи ҷадиди исломӣ дар шаҳри Истамбул сохта мешавад. Дар он дар баробари омӯзиши забони арабӣ ҳамчунин дарсҳои сира, ҳадис ва фиқҳ омӯзонида мешавад", — омадааст дар иттилоъия.

Дар ин донишгоҳ омӯзиш бо се забон — арабӣ, туркӣ ва инглисӣ хоҳад буд. Барои тадрис дар ин донишгоҳи байналмилалӣ устодону ва диншиносон ҷалб хоҳанд шуд.

Яке аз ҳадафҳои аслии ин донишгоҳ "мубориза бо "Давлати исломӣ", дастаи Фатҳуллоҳ Гулен ва "Боко Ҳарам" эълом шудааст.

Донишгоҳ фаъолияти худро дар соли таҳсилии 2019 — 2020 оғоз хоҳад кард.

92
Барчаспҳо:
исломӣ, таъсиси донишгоҳ, Туркия
Мавзуъ
Таҳсил дар Туркия осон мешавад: мулоқоти Раҳмон ва Эрдуғон
Туркия беш аз 2600 шаҳрванди Тоҷикистонро мамнуъ ул-вуруд кард
Раисҷумҳури Туркия ҳангоми гузоштани намози Ид дар масҷид аз ҳуш рафт