Раисҷумҳур ба сохтмони мактаб дар ноҳияи Носири Хусрав баҳои баланд дод

© Аз хадамоти матбуоти раисҷумҳурИфтитоҳи мактаб дар ноҳияи Носири Хусрав
Ифтитоҳи мактаб дар ноҳияи Носири Хусрав - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар доираи сафари кории худ дар ноҳияи Носири Хусрави вилояти Хатлон Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Баҳори ҷамоати Фирӯза мактаби навро бо 1680 ҷой дар ду баст мавриди баҳрабардорӣ қарор дод

ДУШАНБЕ, 4 авг — Sputnik. Бино ба иттилоъи хадамоти матбуоти раисҷумҳур, санги асоси бунёди мактабро соли 2014 зимни як сафари кориаш гузошта буд.

Ба гузориши манбаъ пас аз  ифтитоҳи муассисаи таълимӣ раисҷумҳур, Эмомалӣ Раҳмон дар синфхонаҳои алоҳида ва толорҳои он бо шароити таълиму тарбияи насли оянда шинос шуда, бо хонандагону омӯзгорони даргоҳи илму маърифат суҳбатҳои самимӣ доир карданд.

Мактаби рақами 26 дар деҳаи Баҳори ҷамоати деҳоти Фирӯза дар масоҳати 2 гектар замин бо 32 синфхона, аз ҷумла ҳафт кабинети фаннии физика, химия, биология, лингафон, компютерӣ, таълими меҳнати духтаронаю писарона, кабинети инкишофи кӯдак, толори варзишӣ бо 300 ҷойи нишаст, толори корти теннис, толори маҷлисгоҳ бо 200 ҷойи нишаст, ошхона бо 60 ҷой, китобхона бо 32 ҷойи нишаст, дигар иншооти ёрирасон аз қабили нуқтаҳои санитарию гигиенӣ ва утоқҳои корӣ сохта шудааст.

Эмомали Рахмон в Кубодиёнском районе Хатлонской области - Sputnik Тоҷикистон
Аз Шаҳритус ба ноҳияи Носири Хусрав: Сафари кории Эмомалӣ Раҳмон идома дорад

Дар саҳни мактаб майдончаҳои варзишӣ барои бозии футбол, волейбол, баскетбол ва майдонча барои дарси тайёрии ҳарбӣ бунёд гардидааст.

Фармоишгари сохтмони мактаб Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, дар татбиқи лоиҳаи бунёди мактаби мазкур, аз ҷумла иҷрои корҳои лоиҳакашӣ, сохтмонӣ ва бо ашёи зарурии хониш, мизу курсиҳо таъмин кардани муассисаи таълимӣ пудратчиён Ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуди “Панасия ЛТД”, “Қалъасоз”, “Нузам” ва “АртМедиа” иштирок карданд. Дар маҷмуъ дар корҳои сохтмону васлкунӣ беш аз 200 нафар бо кор ва маоши хуб таъмин шуданд.

Иншооти мазкур бо сифати баланд ва ҷавобгӯ бо талаботи меъёрҳои муосири меъморию сохтмонӣ ва пеш аз муҳлат бунёд гардид ва аз ҷониби сарвари давлат ба сифати корҳо баҳои баланд дода шуд.

Баъди мавриди баҳрабардорӣ қарор додани Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 26 дар деҳаи Баҳори ҷамоати деҳоти Фирӯза Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сокинону фаъолони ноҳияи Носири Хусрав мулоқоти самимию созанда доир карданд.

Ҳадафи сафари навбатии кории Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳия шиносоӣ бо рафти корҳои саҳроӣ, тадбирҳои ободонию созандагӣ ва иштирок дар ифтитоҳи иншоотҳо арзёбӣ гардида, сарвари давлат нахуст ҳамаи ҳозиринро бо бунёди ин мактаби муосири таълимӣ муборакбод гуфтанд.

Таъкид гардид, ки дар ноҳияи Носири Хусрав то замони таъсиси ноҳия ҳамагӣ 10 муассисаи таълимӣ фаъолият мекард. Дар 20 соли мавҷудияти ноҳия шумораи муассисаҳои таълимӣ ба 26 адад расида, дар онҳо беш аз 8 ҳазор нафар хонанда ба омӯзиш фаро гирифта шудааст.

Сафари кории Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияҳои Қубодиён ва Шаҳритус - Sputnik Тоҷикистон
Барои ошноӣ бо вазъи зиндагии мардум: Раисҷумҳур ба Қубодиён ва Шаҳритус сафар кард

Сарвари давлат таъкид доштанд, ки ба хотири беҳтар шудани вазъи соҳаи маориф, бунёди муассисаҳои таълимӣ ва синфхонаҳои иловагӣ бо ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ ба роҳ монда шудааст, ки ин ҳам аз иқдомҳои шоиста дар ин самт мебошад.

Дар охир  Эмомалӣ Раҳмон бо итминон иброз доштанд, ки хонандагон бо истифода аз ин имкониятҳои фароҳамовардаи роҳбарияти давлату Ҳукумати кишвар нағз таълим гирифта, оянда ҳамчун шахсони соҳибилму соҳибкасб ба халқу ватани хеш содиқона хизмат мерасонанд.

Сокинони ноҳияи Носири Хусрав дар навбати худ ба  раисҷумҳур барои ҳамаи ғамхориҳо изҳори сипосу миннатдорӣ карда, дар ҷавоб ба ин дастгириҳо ваъда доданд, ки бо кору пайкори хеш дар ободонию шукуфоии ватани азиз саҳми муносиб мегузоранд.

Лентаи хабарҳо
0