ДУШАНБЕ, 21 авг — Sputnik. Ба гузориши равобити умумии мақомоти Суғд ин мактаб тариқи ҳашар аз ҷониби мардуми маҳаллӣ бунёд шудаву таҷҳизоташро мақомоти вилоят харидорӣ кардааст.
Дар маросими ба истифода додани мактаби рақами 16 раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ ширкат дошт.
"Вай ҳангоми ошноӣ бо шароити муассиса сарвари мактабро вазифадор намуд, ки ба сифати таълиму тарбия диққати бештар диҳад. Бахусус омӯзиши забони давлатӣ дар муассиса дар сатҳи лозима ба роҳ монда шавад", — омадааст дар иттилоъия.
Раиси вилоят ба ин мактаб чаҳор адад компютер ва як принтер тақдим кард.
Бинои нави таълимӣ аз ҳашт синфхона ва утоқҳои корӣ барои омӯзгорон иборат буда, бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ноҳияи Шаҳристон ва соҳибкорони маҳаллӣ тавассути ҳашар бунёд ёфтааст.
Дар гузашта хонандагони деҳа дар мактаби садамавӣ, ки барои 120 нафар толибилм пешбинӣ шуда буд мехонданд. Ин бинои нав барои 200 хонанда сохта шуда, дорои системаи муттамаркази гармидиҳӣ мебошад.
ДУШАНБЕ, 27 янв — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон дар мулоқоти Назризода бо Шкарлет ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои ду ҷониб дар соҳаи илму маориф ва роҳҳои густариши он баррасӣ шуд.
Ҷонибҳо инчунин Протоколи ҷаласаи панҷуми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Украинаро оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ баррасӣ кардаанд. Омодагӣ барои баргузории ҷаласаи шашуми Комиссияи байниҳукуматӣ, ки соли равон дар шаҳри Душанбе дар назар аст, аз мавзӯъҳои дигари меҳварии ин мулоқот будааст.
Назризода ва Шкарлет имкони ташкили ҷашнвораҳои донишҷӯён ва баргузории ярмаркаҳо бо иштироки намояндагони муассисаҳои таълимоти олии Украина дар Тоҷикистонро баррасӣ кардаанд, то имкониятҳои маорифи Украина муаррифӣ шаванд.
Баргузории ин мулоқот дар ҳолест, ки Назризода моҳи қабл ба ҳайси сафири нави Тоҷикистон эътимодномаашро ба президенти Украина, Владимир Зеленский супурд. Дар маросими супоридани эътимоднома ҷонибҳо хостори густариши ҳамкориҳо шудаанд.
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, тирамоҳи соли гузашта Холбобоев Файзулло Самадовичро бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи сафири Тоҷикистон дар Украина озод карда, ба ҷои ӯ Назризода Давлаталӣ Ҳайдарро, сафири Тоҷикистон дар Украина таъйин намуд.
ДУШАНБЕ, 27 янв — Sputnik. Муассисаи давлатии “Маркази барномаҳои байналмилалӣ”-и Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ба маълумоти довталабон расондааст, ки ду бурсияи таҳсил дар Сербия ҷудо шудаанд.
Ба иттилои манбаъ, Сербия ду бурсияи таҳсилии барномаи “Ҷаҳон дар Сербия” барои шаҳрвандони Тоҷикистонро ҷудо намудааст.
Барномаи мазкур аз ҷониби Ҳукумати Сербия маблағгузорӣ гардида, пардохти хароҷоти таҳсил дар зинаҳои бакалавр, магистратура ва докторантура дар бар мегирад.
Ба иттилои хабаргузории “Ховар”, дар доираи барнома пардохти хароҷоти ҷойи хоб, хурду хӯрок дар марказҳои донишҷӯён ва стипендияи моҳона дар ҳаҷми 150 доллари амрикоӣ пешбинӣ шудааст.
Таъкид шудааст, ки муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо то 28 январи соли равон мебошад. Аз хоҳишмандон даъват шудааст, ки барои супоридани ҳуҷҷатҳо ба Муассисаи давлатии “Маркази барномаҳои байналмилалӣ”, воқеъ дар шаҳри Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода, 47 муроҷиат намоянд.
Тоҷикистон дар соли 2020 бо 108 кишвари дунё табодули коло кардааст, ки аз он 10 давлати Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва боқимонда кишварҳои хориҷи дур мебошанд.
Содирот аз Тоҷиикстон асосан ба Швейтсария – 49,0%, Туркия – 14,4%, Қазоқистон – 10,8%, Ӯзбекистон – 5,7%, Афғонистон – 5,0%, Русия – 2,9%, Чин – 2,4%, Белгия – 2,3%, Итолиё – 1,1%, Покистон – 1,0%, Гурҷистон – 0,9% ва дигар давлатҳо – 4,3% сурат гирифтааст.
Содироти нисбатан зиёд бар воридот дар додугирифт бо Швейтсария (682,0 млн. доллар), Туркия (83,4 млн. доллар), Афғонистон (69,0 млн. доллар), Белгия (28,5 млн. доллар), Гурҷистон (11,1 млн. доллар), Ҷазираҳои Вирҷин (6,7 млн. доллар) ва Латвия (6,3 млн. доллар) сабт шудааст.
Дар феҳрасти маҳсулоти асосии содиротии Тоҷикистон маҳсулоти ғизоӣ, аз ҷумла хушкмева, сангҳои гаронбаҳою нимақима, шароб ва нӯшокиҳои бе алкогол, маҳсулоти нассоҷӣ ва ғайра зикр шудаанд.
Дар мавриди воридоти мол зикр шудааст, ки Тоҷикистон колоро асосан аз Русия – 29,6%, Қазоқистон – 24,0%, Чин – 13,9%, Ӯзбекистон – 7,9%, Туркия – 3,8% ва аз Олмон – 2,9% ворид кардааст.