Автомобильное движение в Душанбе. Архивное фото

Ихроҷиҳо: панҷ донишҷӯро барои бо худрав ба донишгоҳ рафтан ихроҷ мекунанд

69
Қонуни танзими ҷашну маросим бо худрави хусусӣ ба донишгоҳу мактаб рафтани донишҷӯёну донишомӯзонро манъ кардааст. Қонуншиканонро аз донишгоҳ ихроҷ хоҳанд кард

ДУШАНБЕ, 21 сен — Sputnik. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон панҷ донишҷӯеро ошкор карда, ки бо худрави хусусӣ ба донишгоҳ ҳозир шуда будаанд. Бар асоси Қонуни танзими ҷашну маросим, ин донишҷӯён аз донишгоҳҳо ихроҷ карда хоҳанд шуд.

Бино ба иттилоъи дафтари матбуъотии ВҚД ҶТ, ин донишҷӯён дар раванди амалиёти вижае ошко шудаанд, ки 16 — 19 сентябр дар шаҳри Душанбе баргузор шудааст.

Ёсир Мирзоев, донишҷӯи соли севуми Донишгоҳи миллӣ, Қурбоналӣ Кенҷаев, донишҷӯи соли чаҳоруми Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ, Иқболшо Бобохонов ва Кишвар Қандов, донишҷӯёни соли севуми Донишгоҳи давлатии тиҷорат, ва Асланҷони Ганҷалзода, донишҷӯи соли дувуми Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе, муттаҳам ба қонуншиканӣ шудаанд.

Ёдоварӣ мекунем, ки бар асоси ислоҳоте, ки чанде пеш дар Қонуни танзими ҷашну маросим ворид карда шудаанд, рафту омади донишомӯзону донишҷӯён ба мактабу донишгоҳҳо бо худрави хусусӣ қатъан мамнуъ аст. Барои чунин қонуншиканӣ донишҷӯён аз донишгоҳҳо барои се сол ва донишомӯзони омӯзишгоҳу ҳунаристонҳо ва мактабҳо барои як сол аз муассисаҳои омӯзишӣ ихроҷ карда мешаванд.

69
Барчаспҳо:
ихроҷ аз донишгоҳ, Қонуни танзими ҷашну маросим, ВКД ҶТ, Тоҷикистон
Мавзуъ
Пешниҳодҳои раисҷумҳур қабул шуданд: Маҷлис Қонуни танзимро ислоҳ кард
Танзим: раисҷумҳур аз ин пас мансабдорони қонуншиканро аз симаташон барканор мекунад