Омӯзгори мактаби миёна. Акс аз бойгонӣ

Табрикоти раиси вилояти Суғд ба муносибати Рӯзи омӯзгорон

269
(Таҷдидшуда 22:43 01.10.2017)
Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ бо паёме омӯзгорони Тоҷикистонро ба муносибати иди касбиашон табрик кард

ДУШАНБЕ, 1 окт — Sputnik. Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ омӯзгорони Тоҷикистонро бо иди касбиашон муборакбод гуфт.

Боиси ифтихор ва шукргузорист, ки дар сатҳи давлат ва ҳукумати кишвар таваҷҷуҳ ба мактабу маориф сол то сол афзун гардида, дар ин росто хидматҳои омӯзгорону мураббиён сазовор қадрдонӣ мешаванд.

Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониашон ба муносибати Рӯзи дониш, дарси сулҳ зимни ифтитоҳи  бинои Академияи Вазорати корҳои дохилӣ заҳмати пурмасъулияти тарбиятгарони насли наврасро шоиста қадр карда, гуфта буд:

"Маҳз омӯзгор аст, ки наврасону ҷавононро ба интихоби касбу ҳунар ва роҳи дурусти зиндагӣ ҳидоят мекунад. Дар шароити пуртазоди ҷаҳони муосир рисолат ва масъулияти касбии омӯзгор бамаротиб зиёд шудааст. Дар ин росто ҳар як омӯзгор бояд ҳисси баланди миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва худшиносиву худогоҳӣ дошта бошад ва шогирдонашро дар ҳамин руҳия тарбия намояд".

"Барои пешрафти соҳаи маориф, баланд бардоштани нақш ва мақоми омӯзгор дар ҷамъият имрӯз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят пайваста тадбирҳо меандешад. Таъсиси ҷоизаи раиси вилоят барои омӯзгороне, ки шогирдонашон дар озмуну олимпиадаҳои дохиливу байналмилалӣ ҷойҳои намоёнро мегиранд, фарогирии ройгони собиқадорони соҳа, омӯзгорони фаъолу навовар ба истироҳатгоҳҳо, ҳавасмандкунии пайвастаи онҳо аз зуҳуроти нави ғамхории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят нисбати соҳибони касби бошараф маҳсуб мегардад",-гуфт раиси вилоят.

Қодирӣ дарёфти унвонҳои баланди "Муаллими соли ҷумҳурӣ" ва "Мураббияи соли ҷумҳурӣ" мушарраф гардидани ду тан тарбиятгарони насли навраси муассисаҳои таълимӣ ва томактабии вилоятро дао соли хониши 2016-2017,  самараи ин таваҷҷуҳ арзёбӣ кард.

"Аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шахсан худам бори дигар кулли маорифчиёни вилоят, дар шахси онҳо собиқадорони соҳа, устодону омӯзгоронро бо иди касбиашон сидқан муборакбод гуфта, ба онҳо рӯзи хушу рӯзгори босаодат ва дар ҷодаи таълиму тарбияи насли наврас равнақу барор хоҳонам", — гуфт раиси вилоят.

269
Барчаспҳо:
Рӯзи омӯзгорон, Абдураҳмон Қодирӣ, Суғд, Тоҷикистон
Мавзуъ
Русия ба Тоҷикистон 30 омӯзгор ва 70 ҳазор китоби дарсӣ мефиристад
Тоҷикистон аз Русия омӯзгор "ворид" мекунад
Омодагии собиқ омӯзгор ба 25-солагии истиқлолияти ҶТ
Коршиносон: омӯзгор набояд алфози қабеҳро ба забон орад
Шавкат Мирзиёев посетил прядильное предприятие в Шахрисабзе - фото

Мирзиёев: "Фирори мағзҳо" вуҷуд дорад. Донишгоҳе назири Оксфорд месозем

97
(Таҷдидшуда 01:06 19.01.2021)
Президенти Ӯзбекистон тасмим дорад, барои нигоҳ доштани нерӯи зеҳнии кишвараш шароит фароҳам оварад ва донишгоҳи президентии назири Оксфордро роҳандозӣ кунад

ДУШАНБЕ, 19 январ - Sputnik. Донишгоҳи президентӣ дар Тошканд барои таҳсили 8000 донишҷӯ пешбинӣ шудааст. Дар ин бора президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ҳангоми мулоқот бо намояндагони минтақаи Юнусободи пойтахт изҳор доштааст, хабар медиҳад, телевизиони "Узбекистон-24".

“Мо як донишгоҳи президентӣ месозем. Мехоҳем бори аввал дар Ӯзбекистон таҳсилоти Оксфордро ҷорӣ кунем. Бахши маорифи Бритониё дар ҷаҳон дар ҷои аввал аст. Мо мактабҳои нави президентӣ кушодем, акнун барои 8000 донишҷӯ донишгоҳи нави президентӣ мекушоем. Ҳама муаллимон аз хориҷ хоҳанд буд », - гуфтааст, президент.

Шавкат Мирзиёев бо таассуф қайд кард, ки нисфи ҷавонон пас аз таҳсил дар хориҷа ба ватан барнамегарданд.

“Фарзандони мо ба хориҷа мераванд - 50%-и онҳо барнамегарданд. "Фирори мағзҳо" вуҷуд дорад. Шароити онҷо ба онҳо писанд аст, маош баланд аст. Аммо ҳоло мо мехоҳем ин шароитро дар ин ҷо фароҳам орем ва онҳоро омӯзонем. Бигзор фарзандони мо нараванд”,- гуфт ӯ.

Мақомоти ин кишвар ҳоло дар бораи санаи ифтитоҳи донишгоҳ гузориш надодаанд.

Шавкат Мирзиёев ҳанӯз 1 марти соли 2019 дар як мулоқот дар шаҳри Намангон ифтитоҳи донишгоҳи президентӣ дар Тошкандро эълон кард.

Ёдовар мешавем, дар шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон низ соли 2018 муассисаи таълимии таҳсилоти умумии ғайридавлатии “Академияи умумиҷаҳонии Кембриҷ” ифтитоҳ шуд.

Раҳмон дар Академияи Кембриҷ: ҷавононамонро барои донишгоҳҳои Кембриҷу Оксфорд омода созем

Мактаб барои 500 нафар пешбинӣ шуда, таълим дар он тибқи барномаҳои таълимии зинаҳои таҳсилоти томактабӣ ва таҳсилоти умумӣ дар асоси стандартҳои давлатии таҳсилоти Британияи Кабир ва мутобиқ ба стандартҳои давлатии таҳсилоти Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифта, забони таълим забони англисӣ мебошад.

 

 

97
Барчаспҳо:
таҳсил, донишгоҳ, Шавкат Мирзиёев, Ӯзбекистон
Ректор Московского государственного университета имени М. В. Ломоносова Виктор Садовничий

Садовничий гуфт, теъдоди донишҷӯёни хориҷӣ дар давраи ҳамагирӣ кам нашудааст

52
(Таҷдидшуда 18:48 17.01.2021)
Ректори Донишгоҳии давлатии Маскав ба номи М. В. Ломоносов гуфт, ҳамагирии коронавирус ба таҳсилот ва теъдоди донишҷӯёни хориҷӣ бетаъсир буд

ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputnik. Ректори Донишгоҳии давлатии Маскав ба номи М. В. Ломоносов, Виктор Садовничий дар доираи дарҳои кушод, гуфт ҳамагирии коронавирус ба камшавии теъдоди донишҷӯёни хориҷӣ боис нашуд.

Ба гуфти ӯ ба баста шудани марзҳо нигоҳ накарда, теъдоди шаҳрвандони хориҷӣ аз ҳисоби донишҷӯёне, ки тариқи фосилавӣ таҳсил мекунанд, кам нашуд.

Коршинос: чӣ гуна дар пандемия донишҷӯи хориҷӣ метавонад дипломро дар Русия дифоъ кунад

"Мо ҳатто дар чунин шароити экстрималӣ сатҳ ва теъдодро кам накардем", - гуфт Садовничий.

Феълан дар МГУ тақрибан 8 ҳазор донишҷӯи хориҷӣ аз 75 кишвари ҷаҳон таҳсил мекунад.

Сатторов гуфт, ки донишҷӯён аз Тоҷикистон кай ба Русия баргашта метавонанд

Наздики 30 дарсади донишҷӯёни хориҷӣ аз кишварҳои хориҷи наздик: Қазоқистон, Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Озарбойҷон, Арманистон ва  Белорус мебошанд.

52
Барчаспҳо:
таҳсил, вируси корона, Виктор Садовничий, МГУ, ректор
Рустам Ходжаев стал новым главным тренером Панджшера

Ваъдаи пирӯзӣ дар ҳар бозӣ: тими "Хуҷанд" сармураббии навашро эълон кард:

0
(Таҷдидшуда 10:25 19.01.2021)
Ба ҳайати тими Рустам Хоҷаев Фаррух Марофиев мураббии калон, Мансур Ҳакимовро мураббии интихобӣ ва Алишер Тӯйчиевро ҳамчун мураббии дарвозабонҳо шомил шудаанд.

ДУШАНБЕ, 19 янв — Sputnik.18 январ ноиби чемпиони Тоҷикистон, клуби футболи "Хуҷанд" номи сармураббии нави дастаро эълон кард. Бино ба иттилои дафтари матбуотии Федератсияи футболи Тоҷикистон ҳамакнун тими "Хуҷанд"-ро мутахассиси 48-сола Рустам Ҳоҷаев тамрин хоҳад дод, ки солҳои 2013 ва 2017 ба ҳайси мураббии беҳтарини Тоҷикистон шинохта шуда буд.

Ба ҳайати тими Рустам Хоҷаев Фаррух Марофиев мураббии калон, Мансур Ҳакимовро мураббии интихобӣ ва Алишер Тӯйчиевро ҳамчун мураббии дарвозабонҳо шомил шудаанд.

Рустам Хоҷаев аз соли 2017 то 2018 "Хуҷанд"-ро роҳбарӣ карда, бо клуб Ҷоми Тоҷикистон-2017-ро ба даст овард ва дар чемпионати соли 2017 медали нуқра ба даст овард.

Дар мавсими 2020, Хоҷаева ба ҳайати мураббиёни Никола Лазаревич дохил шуд, пас аз рафтанаш иҷрокунандаи вазифаи сармураббӣ буд ва бо омадани Ҳаким Фузайлов ёвари ӯ шуд.

"Ҳиссиёти махсус дорам, хеле шодам, ки бори дигар ба ин тими калон, ки дорои таърих ва анъанаҳои бой аст, боварӣ карданд. Мехоҳам ба роҳбарияти вилояти Суғд, мӯҳтарам Раҷаббой Аҳмадзод ва директори маҳфил Муроҷон Умаров барои эътимодашон ташаккур гӯям. Ман аз мавсими оянда интизориҳои хуб дорам, ба бозигаронам боварӣ дорам, мо тасмим гирифтаем, ки дар ҳар як бозӣ пирӯз шавем. Ва албатта, дар кори худ мо мунтазири дастгирии мухлисони "Хуҷанд" ҳастем".

Ҳаким Фузайлов сармураббии тими “Динамо”-и Самарқанд шуд

Ӯ гуфтааст, ҳамчун як футболбоз ба Хуҷанд омад, ин дастаро тамрин медод ва медонад, ки мардум дар ин ҷо ба таври хос тимро дӯст медоранд ва дастаи худро дастгирӣ мекунанд.

0
Барчаспҳо:
интихоби сармураббӣ, тими футболи "Хуҷанд", Тоҷикистон