Ученики в таджикской школе

Русия дар Тоҷикистон 5 мактаби русӣ бунёд мекунад

69
(Таҷдидшуда 14:29 05.10.2017)
Вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров гуфт, Маскав мехоҳад дар шаҳрҳои бузурги Тоҷикистон панҷ мактаби русӣ бисозад

ДУШАНБЕ, 5 окт — Sputnik. Вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров дар мусоҳиба бо рӯзномаи "Российская газета" гуфт, ки Маскав ва Душанбе ҳамакнун масъалаи сохтусози 5 мактаби русӣ дар шаҳрҳои бузурги Тоҷикистон баррасӣ доранд.

"Бар пояи тавофуқоти сарони ду кишвар дар моҳи август 28 омӯзгор аз минтақаҳои гуногуни Русия барои кор дар мактабҳои маҳаллӣ ба Тоҷикистон омаданд, 60 ҳазор китоби дарсӣ бо забони русӣ фиристода шуд. Масъалаи сохтусози 5 мактаби русӣ дар шаҳрҳои калони ин кишвар дар дасти баррасӣ қарор дорад", — тавзеҳ дод вай.

Сергей Лавров ин матлабро дар мақолаи "Корёрие, ки аз озмоиши замон гузаштааст" баён карда, ки ба муносибати 25-умин солгарди роҳандозии равобити сиёсӣ миёни Русия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ мунташир шудааст.

Ҳамакнун дар саросари Тоҷикистон камубеш 30 мактаби миёнаи таҳсилоти ҳамагонӣ ба забони русӣ фаъол аст, ки дар онҳо беш аз 17 ҳазор донишомӯз таҳсил мекунад.

 

69
Барчаспҳо:
ҳамкории омӯзишӣ, мактаб, Вазорати умури хориҷии Русия, Сергей Лавров, Русия-Тоҷикистон
Мавзуъ
Нахуствазир ҳамкории илмиву омӯзишии Тоҷикистону Русияро "пурдастовартарин" хонд
Дар Донишгоҳи русӣ-тоҷикӣ барои муҳоҷирон давраҳои омӯзишӣ баргузор мешаванд