Санҷиш. Акс аз бойгонӣ

Маркази миллии тестӣ салиқаи эссенависии синфҳои 11-ро месанҷад

163
(Таҷдидшуда 18:04 13.10.2017)
Маркази миллии тестии назди раисҷумҳури Тоҷикистон, аз 14 уми сентябр то 15-уми октябри соли равон дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо ҷалби 10 ҳазор нафар хонандаи синфи 11 озмоиши калони кори хаттӣ (эссе)-ро баргузор менамояд

ДУШАНБЕ, 13 окт — Sputnik. Ба гузориши равобити умумии ҳукумати вилояти Суғд, дар ин минтақа дар кори хаттӣ ду ҳазор нафар ширкт кардааст.

"Дар озмоиши кори хаттӣ 2 ҳазор нафар хонандагони синфи 11-уми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Бобоҷон Ғафуров, Гулистон, Бӯстон, Спитамен, Ҷаббор Расулов, Панҷакент ва Айнии вилояти Суғд ҷалб шудаанд", — омадааст дар хабарнома.

Маркази миллии тестӣ барои ворид намудани кори хаттӣ (эссе – иншои мухтасар) ба низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ,  тибқи Нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Эмомалӣ Раҳмон, ки аз 31 август то 1 сентябри соли 2015 ҳангоми сафари корӣ ба шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон баён дошт, корҳои заруриро анҷом дода истодааст.

Марказ тибқи фармоиши вазири маориф ва илм аз 14 уми сентябри соли 2017 то рӯзи 15-уми октябри соли равон дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо ҷалби 10 ҳазор нафар хонандаи синфи 11-уми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ озмоиши калони кори хаттӣ (эссе)-ро баргузор менамояд.

163
Барчаспҳо:
эссе, санҷиш, Суғд, Тоҷикистон
Мавзуъ
Маркази миллии тестӣ "эссе"-нависии хонандагони тоҷикро месанҷад
Дар соли 2018 барои довталабон супоридани “эссе” ҳатмӣ мешавад