Писари вазири маорифи Тоҷикистонро аз унвонаш маҳрум мекунанд

© © SputnikСайт сообщества "Диссернет", архивное фото
Сайт сообщества Диссернет, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Пештар панҷ олими тоҷик, ки солҳои 2010-2017 рисолаҳои илмӣ ҳимоя карда, аз ВАК-и Русия унвони илмӣ гирифтаанд, дар асардуздӣ айбдор шуданд

ДУШАНБЕ, 4 апр — Sputnik. Писари вазири маорифи Тоҷикистон Шоҳин Саидовро аз унвони номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ маҳрум мекунанд, хабар медиҳад равобити умумии вебгоҳи "Диссернет".

Гуфта мешавад, ки 27 феврали соли равон дар Донишгоҳи дӯстии халқҳо дар Маскав нишасти комиссюни Шӯрои Донишгоҳ оид ба ҳимояи рисолаҳои номзадӣ, баргузор шудааст.

Бо дархости "Диссернет", рисолаи илмии дотсенти шӯъбаи ҳуқуқи ҷиноии факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Шоҳин Саидов бознигарӣ шудааст.

Қайд мешавад, ки Шӯрои диссертатсионӣ пешниҳод кардааст, ки Саидовро аз унвони номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ маҳрум кунанд.

Сайт сообщества Диссернет, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Бунгоҳи "Диссернет" панҷ олими тоҷикро ба асардуздӣ айбдор кард

Саидов рисолаи худро таҳти унвони "Ҷавобгарии ҷиноӣ барои қочоқ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон", 15 декабри соли 2011 дар Донишгоҳи давлатии забонҳои Маскав ҳимоя кардааст.

Намояндагони ин вебгоҳ, қайд кардаанд, ки Саидов дар рисолааш аз маводҳои олимони рус истифода кардаву фақат калимаи "Русия"-ро ба "Тоҷикистон" иваз кардааст.

Аз миёни 15 узви комиссюни диссертатсионӣ 8 нафарашон бо чунин қарор розӣ шудаанд.

Пештар бунгоҳи "Диссернет" панҷ олимро аз Тоҷикистон дар асардуздӣ айбдор карда буд.

Намояндагони "Диссернет" ба Вазорати таълими Русия муроҷиат намудаанд, ки ду нафар олими тоҷик ─ Зафар Тайфуров (номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ) ва Назрулло Амиров (доктори илмҳои иқтисодӣ, намояндаи мардумии Маҷлиси шаҳри Душанбе) ─ аз унвонҳои илмияшон маҳрум карда шуданд.

Лентаи хабарҳо
0