Конверт с деньгами, архивное фото

Дар Суғд ғолибони олимпиадаҳои байналмилалӣ мукофотпулӣ мегиранд

57
(Таҷдидшуда 18:09 18.06.2018)
Тибқи қарори навбатии раиси вилояти Суғд хонандаҳои муассисаҳои таълимии вилоят, барои пирӯзӣ дар олимпиадаҳои байналмилалии фаннӣ, бо мукофотпулӣ ҳавасманд карда мешаванд

ДУШАНБЕ, 18 июн — Sputnik. Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода қарореро ба имзо расонидааст, ки тибқи он хонандаҳои муассисаҳои таълимии вилоят, барои пирӯзӣ ва сазовори ҷойҳои намоён дар олимпиадаҳои байналмилалии фаннӣ, пас аз хулосаи мусбати комиссияи экспертӣ бо мукофотпулӣ ҳавасманд карда мешавад.

Дар ин бора дафтари матбуотии Ҳукумати вилояти Суғд хабар медиҳад.

Ба иттилои ҳамин манбаъ хонандае, ки дар олимпиадаи байналмилалии фаннӣ сазовори медали тилло мегардад соҳиби 10 ҳазор сомонӣ мешавад.

Хонандаҳое, ки сазовори медали нуқра мегарданд 7 ҳазор сомонӣ ва сазовори медали биринҷӣ, 3 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ ба даст меоранд.

Инчунин ба хонандае, ки дар олимпиадаҳои фаннии ҷумҳуриявӣ соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ мегаштааст аз 500 то 2 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ дода мешавад.

Аз ҷониби раиси вилоят  омӯзгорон низ аз 2 то 6 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ дода мешавад.

Дар ҳамин ҳол, ба суратҳисоби муассисаҳои таълимии вилоят, ки хонандаҳои он аз ҳама бештар дар олимпиадаҳои байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ мегарданд, аз 3 то 10 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ гузаронида мешавад.

 

57
Барчаспҳо:
Олимпиада, мактаб, сомонӣ, хонанда, озмун, Суғд, Тоҷикистон