Мактаби интерактивӣ дар Волгоград

Моҳонаи омӯзгорони рус дар Тоҷикистон маълум шуд

400
(Таҷдидшуда 19:09 30.08.2018)
Моҳонаи омӯзгорони русро дар Тоҷикистон Русия пардохт мекунад, тарафи Тоҷикистон бо хонаву пардохтҳои комуналӣ таъмин менамояд

ДУШАНБЕ, 30 авг — Sputnik. Моҳонаи омӯзгорони рус дар Тоҷикистон 60 ҳазор рублро ташкил медиҳад, иттилоъ додаанд расонаҳои маҳаллӣ.

Моҳонаи омӯзгоронро ҷониби Русия бар душ гирифтааст, аммо Тоҷикистон бояд онҳоро бо хонаву пардохтҳои камуналӣ таъмин намояд.

Дар ҳоли ҳозир панҷ омӯзгор аз Костромаи Русия ба Тоҷикистон рафтанд. Чаҳор нафари онҳо соли гузашта дар Тоҷикистон кору фаъолият мекарданд.

Омӯзгорони рус дар мактабҳои Тоҷикистон забони русӣ, биология ва информатика таълим медиҳанд. 

Ёдрас мешавем, ки қаблан расонаҳо дар истинод ба мақомоти Тоҷикистон хабар дода буданд, ки моҳонаи омӯзгорони Русияро Ҳукумати Тоҷикистон бар дӯш гирифта, Вазорати маорифи Русия ба онҳо иловапулӣ медиҳад.

Ахиран раиси Шӯрои Федератсияи Русия Валентина Матвиенко бо гурӯҳи омӯзгорони русе, ки ба Тоҷикистон мераванд, дидор ва мулоқот кард.

Ба гуфтаи вай имсол беш аз 50 омӯзгори рус ба Тоҷикистон равон карда мешавад. Омӯзгорон ба кудакони тоҷик фанҳои забони русӣ, адабиёт, физика, химия ва ғайраҳо омӯзиш хоҳанд дод.

Ин дар ҳолес, ки дар барои роҳандозии ин лоиҳа Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ва Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон соли гузашта тасмим гирифта буданд. Соли гузашта дар мактабҳои Тоҷикистон 29 омӯзгор аз Русия фаъолият мекарданд.

 

400
Барчаспҳо:
омӯзгорон, музди меҳнат, рус, Русия, Тоҷикистон, Тоҷикистон