Петр Порошенко, акс аз бойгонӣ

Духтарони раисиҷумҳур ба ягон донишгоҳи кишвар дохил нашудаанд

251
(Таҷдидшуда 19:27 30.08.2018)
Духтарони раисҷумҳури Украина ба донишгоҳҳои ин кишвар дохил нашудаанд

ДУШАНБЕ, 30 авг — Sputnik. Номи духтарони дугоники раисҷумҳури Украина, Пётр Порошенкоро дар пойгоҳи электронии бахши маориф пайдо накардаанд, хабар дод РИА Новости.

Гуфта мешавад, ки соли равон духтарони 18-солаи раисҷумҳури Украина —  Евгения ва Александра Порошенко таҳсилро дар коллеҷи Конкорди  (Concord College) Бритониёи Кабир ба анҷом расонда, ба Украина баргаштаанд.

Дар пойгоҳи ягонаи расмӣ-электронӣ оид ба таҳсил дар мактабҳои олии Украина, ки довталабонро ба қайд мегирад,  номи духтарони раисҷумҳурро пайдо накарданд.

Сухангӯи бонуи аввали Украина, Марина Порошенко хабар додааст, ки  маълумот дар бораи дохилшавии духтарон ба мактаби олӣ то аввали соли хониш пайдо хоҳад шуд.

ВАО-и маҳалӣ тахмин мезананд, ки духтарони дугоники раисиҷумҳур ба мактаби иқтисодии (LSE) Бритониёи кабир ва ё Донишкадаи аврупоии идораи тиҷорат дар Фаронса, ки писари раисҷумҳур Алексей хатмкардаи он мебошад, таҳсил хоҳанд кард.

251
Барчаспҳо:
духтарон, раисиҷумҳур, донишгоҳ, довталабон, дохилшавӣ, Тоҷикистон