Муҳассилин дар Душанбе, акс аз бойгонӣ

Дурдасттарин деҳаи Мастчоҳ соҳиби мактаб шуд

70
(Таҷдидшуда 19:32 02.09.2018)
Ҳукумати вилояти Суғд аз ифтитоҳи мактаби навбунёд дар деҳаи Азизободи ноҳияи Мастчоҳ хабар дод

ДУШАНБЕ, 2 сен — Sputnik. Тибқи иттилоияи расмӣ, мактаби нав бо маблағгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бунёд шуда, бо 5 синфхона ва утоқҳои ёрирасон барои таҳсили 125 хонанда дар як баст пешбинӣ гардидааст.

Манбаъ зикр кардааст, ки Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд,  моҳи майи соли равон ба деҳаи дурдасттарини ноҳия — деҳаи Азизобод ташриф оварда, ба бунёди ин бинои таълимӣ санги асос гузошта буд.

"Дар гузашта бо сабаби набудани мактаб хонандагон 5 км роҳро тай намуда, дар деҳаи ҳамсоя таълим мегирифтанд", — иттилоъ дод раёсати вилояти Суғд.

Манбаъ афзуд, ки дар ноҳияи Мастчоҳ 46 муассисаи таълимӣ мавҷуд буда, дар онҳо 23 ҳазору 39 хонанда ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.

70
Барчаспҳо:
Мастчоҳ, сохтмон, деҳа, нав, мактаб, Тоҷикистон