Бинои Академияи улуми Тоҷикистон, акс аз бойгонӣ

Даргузашти Шодихон Юсуфбеков, профессори помиршиноси Тоҷикистон

559
(Таҷдидшуда 14:10 09.09.2018)
Профессор Шодихон Юсуфбеков, мудири Пажуҳишгоҳи илмҳои гуманитарии Академияи улуми Тоҷикистон даргузашт

ДУШАНБЕ, 9 сен — Sputnik. Дар ин бора наздикони профессори марҳум иттилоъ дода, афзуданд олими сатҳи ҷаҳонӣ пеш аз зуҳри имрӯз дунёро падруд гуфт.

Юсуфбеков, помиршинос ва забоншиноси Тоҷикистон дар доираҳои илмии сатҳи ҷаҳонӣ маъруф буда, асосан забонҳои помириро пажуҳиш кардааст. Таҳти роҳбарии ӯ корҳои зиёди илмӣ дар ин бахш ҳимоя шудаанд.

Дар сомонаи Донишгоҳи давлатии Хоруғ дар мавриди Юсуфбеков иттилоъ дода шудааст, ки кори илмии худро ба "Грамматикаи забонҳои помирӣ" бахшида,  рисолаю мақолаҳои зиёди илмии ӯро маҷаллаҳои дохилу хориҷ, аз ҷумла Русия нашр кардаанд.

Марҳум аз ҷонибдорони таълими забонҳои помирӣ дар макотиби минтақаи корбурдашон буд ва қаблан изҳор дошта буд, ки дар ин бора ба Ҳукумати ҷумҳурӣ ва вилоят пешниҳодҳо ироа кардааст, аммо ин ташаббус то ҳол татбиқ нашудааст.

559
Барчаспҳо:
забоншинос, профессори тоҷик, помир, даргузашт, Тоҷикистон