Махмадсаид Убайдуллоев, архивное фото

Убайдуллоев хостори бунёди боз як мактаби русӣ дар Тоҷикистон шуд

318
(Таҷдидшуда 13:56 25.10.2018)
Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси миллӣ дар шашумин Форуми байнипарлумонии “Русия – Тоҷикистон: нерӯи ҳамкории байниминтақавӣ” таъкид намудааст, ки забони русӣ дар Тоҷикистон талаботи зиёд дорад

ДУШАНБЕ, 25 окт – Sputnik.  Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси миллӣ  аз мақомоти Русия хостааст, дар Тоҷикистон боз як мактаби русӣ ифтитоҳ намоянд.

“Мехоҳем бо он омӯзгороне, ки ба Тоҷикистон барои тадриси забони русӣ рафта буданд, дидор намоем. Инчунин мехоҳем бо омӯзгороне, ки дар Тоҷикистон фаннҳои риёзӣ, физика рафтаанд мулоқот намоем”, - гуфтааст Убайдуллоев зимни мулоқот бо раиси Парлумони Русия Вячеслав Володин.

Ба гуфтаи вай, яке аз омӯзгори рус ки дар шаҳраки Ғарм дарси забони русӣ медиҳад аз набудани мактаби русӣ дар ин минтақа изҳори нигарони кардааст.

“Барои бунёди панҷ мактаб дар Тоҷикистон сипосгузорам. Мо ба шумо ва ҳамкорони шумо пешниҳод мекунем, ки дар бораи ифтитоҳи боз як мактаби русӣ дар шаҳраки Ғарм андеша намоем. Ин омӯзгор ҳамагӣ дар ин минтақа як моҳ зиндагӣ кардааст ва дар тӯли ин муддат чунон ба мардуми маҳаллӣ дил бастааст, ки хостори ифтитоҳи мактаб шудааст. вай мехоҳад, ҳар фарди ин минтақа бо забони русии бузург суҳбат кунад. Маҳз ба ҳамин хотир ӯ ин масъаларо матраҳ кардааст. Бо омӯзиши забони русӣ мо бо ҷаҳон ошно мешавем, чунки забони русӣ яке аз забонҳои асосии муошират мебошад”, - таъкид кардааст Маҳмадсаид Убайдуллоев.

Дар соли равон, дар доираи барномаи гуманетарӣ миёни Русияву Тоҷикистон беш аз 50 омӯзгор ба ҷумҳурӣ равон карда шуд.

Русия ба омӯзгорон моҳона медиҳад, Тоҷикистон дар навбати худ омӯзгоронро ба ҷои зист таъмин намуда, пардохтҳои комуналиро бар душ гирифтааст.

Омӯзгорони рус дар шаҳрҳои мухталифи Тоҷикистон фаъолият мекунанд.

Аз 26 омӯзгоре, ки 1 сентябр вориди Душанбе шуданд, 6 нафараш дар Душанбе кор мекунад, 7 нафараш ба шимоли кишвар ба вилояти Суғд, 7 нафар ба  вилояти Хатлон, 3 нафар ба ВМКБ ва 3 нафари дигар ба ноҳияҳои тебеъи марказ равон карда шуданд.  

Ёдрас мешавем, ки беш аз 20 омӯзгор тасмим гирифтанд фаъолияти худро дар Тоҷикистон тамдид карданд. Онҳо дар як соли хониш ба ин кишвар дил бастанд.     

 

318
Барчаспҳо:
ифтитоҳ, мактаб, Русия, Маҳмадсаид Убайдуллоев, Маҷлиси Миллӣ, Тоҷикистон