Хонандаҳоҳои тоҷик дар озмуни байналхалқии GeniusKids-2018 дар Маскав 35 медал гирифтанд

Нобиғаҳои арифметикадони навраси тоҷик аз Маскав 35 медал оварданд

109
Хонандаҳои тоҷик дар олимпиадаи байналмилалии арифметикаи зеҳнӣ - “GeniusKids-2018” дар шаҳри Маскав 35 медал ба даст оварданд

ДУШАНБЕ, 7 ноя — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, олимпиадаи мазкур  бо иштироки 400 хонанда аз 12 давлати дунё, аз ҷумла 40 хонандаи тоҷикистонӣ аз 2 то 5 ноябр баргузор шуд.

“Ба хонандагони тоҷик муяссар гардид, ки 35 медал – 8 медали тилло, 11 медали нуқра ва 16 медали биринҷиро соҳиб шаванд. Аз байни 400 иштирокчӣ Шоҳҷоизаи озмуни “GeniusKids-2018” насиби Исломзода Абубакр,  хонандаи синфи 8-и литсей барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе гардид”, - омадааст дар иттилоияи Вазорати маориф.

Манбаъ афзуд, ки аз аввали соли 2018 хонандагони Тоҷикистон  дар 19 олимпиадаи байналмилалӣ иштирок намуда, 248 медал - 58 медали тилло, 86 медали нуқра ва 107 медали биринҷиро ба даст оварданд.

“Ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 115 медал - 28 медали тилло, 43 медали нуқра ва 44 медали биринҷӣ зиёд мебошад”, - таъкид намудааст Вазорати маориф.

109
Барчаспҳо:
озмун, медал, маориф, Тоҷикистон