Бинои Додситонии кулли Тоҷикистон, акс аз бойгонӣ

Прокурор дар бораи “пешволидерон” дар мактабҳо ва омӯзгорони “пуштибон”

623
Баракатулло Камолзода, сардори Раёсати назорати иҷрои қонунҳо оид ба ноболиғон ва ҷавонони Додситони кулли Тоҷикистон, мегӯяд, дар бархе ҳолатҳо волидон монеаи таҳсили фарзандон мешаванду омӯзгорон қоидавайронкуниҳои хонандагонро пинҳон мекунанд

ДУШАНБЕ, 19 ноя — Sputnik. Камолзода зимни соати парлумонӣ изҳор доштааст, ки баъзе омӯзгорон ба ҷойи пешгирии қонунвайронкуниҳои хонандагон,  ба дарсҳо ҳозир нагаштани онҳоро рӯйпӯш менамоянд.

Нашрияи парлумонии “Садои мардум” бо нашри суханронии Камолзода, иттилоъ додааст, ки дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ кормандони прокуратура 98 ҳолати монеъ шудани падару модаронро ба гирифтани таҳсилоти ҳатмии асосӣ ошкор карда, парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардаанд.

Ба гуфтаи Камолзода бетаваҷҷуҳии волидону омӯзгорон ва дигар омилҳо боиси пайдо шудани “пешволидерон” дар байни хонандагони муассисаҳои таълимӣ ва ташкил намудани ҷанҷолу муштзаниҳо гардидааст.

Масъули Додситонии кул, иттилоъ додааст, ки аз ҷониби ноболиғон дар 9 моҳ, 78 ҷинояти авбошӣ ба қайд гирифта шудааст, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 17 адад зиёд мебошад.

“Танҳо дар шаҳри Душанбе аз ҷониби ноболиғон 20 ҷинояти авбошӣ, аз ҷумла, чор адад гурӯҳӣ, рух дода, дар ду ҳолат задухӯрди хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ бо истифодаи яроқи сард содир шудааст", - изҳор дошт прокурор.

Ӯ таъкид намуд, ки ҳолатҳои зикршуда аз он шаҳодат медиҳанд, ки то ҳанӯз дар байни падару модарон ва муассисаҳои таълимӣ ҳамкорӣ ба таври дахлдор ба роҳ монда нашудааст.

623