Эмомалӣ Раҳмон, акс аз бойгонӣ

Сипоси Раҳмон ба Ғуломов барои харҷи 21 миллион дар мактаб ва норозигӣ аз сатҳи забондонӣ

1757
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз дар ноҳияи Рӯдакӣ, мактаби нави рақами 35-ро ифтитоҳ кард

ДУШАНБЕ, 21 дек – Sputnik. Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар маросими ифтитоҳи мактаби нав гуфт, ин муассисаи таълимӣ дар деҳоти Гулистони ноҳияи Рӯдакӣ аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ ба маблағи умумии 21 миллион сомонӣ бунёд гардидааст.

“Бо истифода аз фурсат, ба соҳибкори ҳимматбаланди ватанӣ Ғуломов Абдухалил, муҳандисону сохтмончиён ва ҳамаи онҳое, ки дар бунёди мактаби замонавӣ ва фароҳам овардани шароити муосири таълиму тарбия барои насли ояндасози халқамон саҳми ватандӯстона гузоштаанд, миннатдории самимӣ изҳор менамоям”, - гуфт Эмомалӣ Раҳмон.

Раисиҷумҳур зикр кард, ки танҳо соли ҷорӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ биноҳои нави макотиби рақами 88 ва 117 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, ҳоло сохтмони 7 бинои нави таълимӣ бо 4000 ҷойи нишаст, 87 синфхонаҳои иловагӣ дар назди 32 муассисаи таълимӣ, муассисаҳои томактабии хусусӣ дар шаҳракҳои Сомониён, Мирзо Турсунзода ва деҳоти Лоҳур идома дорад.

Ӯ афзуд, ҳоло дар ноҳияи Рӯдакӣ, ки қариб 500 ҳазор нафар аҳолӣ дорад, 172 муассисаи томактабӣ ва таҳсилоти умумӣ фаъолият дошта, қариб 5700 нафар омӯзгорон ба таълиму тадрис машғуланд, ки беш аз 3700 нафари онҳоро занон ташкил медиҳанд.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон дар баробари дастовардҳо аз сатҳи забондонии хонандагон дар ноҳияи Рӯдакӣ изҳори норозигӣ кард.

“То ҳанӯз сатҳи забондонии хонандагони ноҳия, бахусус, забонҳои русиву англисӣ қонеъкунанда нест. Бинобар ин, масъулони соҳаи маориф ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакиро зарур аст, ки барои баланд бардоштани сатҳи забондонии наврасону ҷавонон усулҳои пешқадами забономӯзиро роҳандозӣ намоянд”, - дастур дод Эмомалӣ Раҳмон.

Ӯ бо зикри афзоиши хонандагон зарур донист, ки  ҷалби соҳибкорону дигар шахсони саховатпеша ба бунёди муассисаҳои таълимӣ вусъат дода шавад.

1757
Мавзуҳо:
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон (153)