Дарс шавқовару фаҳмо бошад: дастури Рустами Эмомалӣ барои ислоҳи камбудиҳои маориф

© Sputnik / Amir IsaevМэр Душанбе Рустам Эмомали
Мэр Душанбе Рустам Эмомали - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Рустам Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе, мегӯяд, бо вуҷуди муҳайё намудани шароити лозимаи таълиму таҳсил, фаъолияти соҳа ҳоло ҳам ба беҳбудӣ ниёз дорад

ДУШАНБЕ, 1 янв — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти шаҳрдорӣ, Рустами Эмомалӣ зимни ҷаласа дар рӯзи охири соли 2018 пурзӯр намудани назорати интизоми таълимии толибилмону омӯзгорон ва шавқовару фаҳмо гузарондани дарсҳоро тақозо кардааст.

Ёдгор Файзов, иҷрокунандаи вазифаи раиси ВМКБ - Sputnik Тоҷикистон
Файзов бурду бохти ВМКБ дар соли 2018 ва интизориҳо аз 2019-ро гуфт

Шаҳрдори Душанбе дастур додааст, ки корҳои таблиғотиву ташвиқотӣ бо истифодаи наворҳои пешгирии ҷалби наврасону ҷавонон ба созмону ташкилотҳои ифротиву террористӣ ҷоннок карда шаванд.

Ба иттилои дафтари матбуоти шаҳрдорӣ,  ташкили вохӯриҳо бо омӯзгорони собиқадор барои омӯзиши таҷрибаи онҳо барои боз ҳам шавқовару фаҳмо гузаронидани дарсҳо, дуруст ва мақсаднок ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар самти таҳкими робитаи падару модарон бо мактаб, ташкили викторина ва дигар чорабиниҳои интелектуалӣ барои бедор намудани завқи донишандӯзӣ ва васеъ намудани дараҷаи ҷаҳонбинии хонандагон, тақвият бахшидани робитаи  мактаб бо сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ ва дигар ниҳодҳои дахлдор аз ҷумлаи ҳадафҳое мебошанд, ки Рустами Эмомалӣ назди масъулин гузоштааст.

Лентаи хабарҳо
0