Имтиҳон, акс аз бойгонӣ

Озмун барои таҳсил, иқомат ва табобати ройгони дипломатҳои ояндаи тоҷик дар Озарбойҷон

160
Академияи дипломатии Вазорати умури хориҷии Озорбойҷон барои таҳсили дипломатҳои ояндаи тоҷикистонӣ 5 бурсия ҷудо кардааст

ДУШАНБЕ, 7 фев — Sputnik. Дар ин бора Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон иттиллоъ дода, афзудаст, ки 5 бурсия барои таҳсил  дар зинаи бакалавр ва магистратура ҷудо шудаанд.

В новой школе района Рудаки
© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook.

Манбаъ таъкид кардааст, ки таҳсил, ҷойи зист ва суғуртаи тиббӣ барои донишҷӯён ройгон мебошад.

Ба иттилои Вазорати маориф, довталабоне, ки хоҳиши иштирок дар озмунро доранд, бояд ҳуҷҷатҳояшонро ба суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода 47, Маркази барномаҳои байналмилалӣ,  то санаи 12-уми феврал аз 14 то 17:00 пешниҳод кунанд.

Ин ниҳод илова кардааст, ки довталабон барои иттилои бештар метавонанд тариқи рақамҳои +992(37)2 21-23-97, 223-23-57 дар тамос шаванд.

160
Барчаспҳо:
Тоҷикистон-Озарбойҷон, бурси таҳсилӣ, бурсия, озмун