Чрезвычайный и Полномочный Посол России в Таджикистане Игорь Лякин-Фролов, архивное фото

Дидори сафири Русия бо омӯзгорони рус дар Душанбе

81
Омӯзгорони Русия дар бораи кору фаъолият ва шароити зисташон дар Тоҷикистон нақл карданд

ДУШАНБЕ, 26 мар - Sputnik. Сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов бо омӯзгорони рус, ки дар доираи тарҳи дарсдиҳӣ ба донишомӯзони тоҷик дар Тоҷикистон қарор доранд, дидору мулоқот кардааст.

Сафир омӯзгоронро бо ҷашни Наврӯз табрик карда, саҳми онҳо дар таҳкими муносиботи миёни Тоҷикистону Русия баланд арзёбӣ кардааст.

Омӯзгорони рус дар бораи шароити кору зиндагӣ муносибат бо ҳамкорон ва фазои хуби корию меҳмоннавозии тоҷикон нақл кардаанд.

Соли дуюм мешавад, ки омӯзгорони Русия барои дарс додан ба донишомӯзони тоҷик аз фаннҳои забони русӣ, математика, алгебра биология ва дигар ба Тоҷикистон меоянд.

Ба гуфти вазири рус Олга Василева дар доираи ин тарҳ дар солҳои 2017-2018 аз Русия ба Тоҷикистон беш аз 50 омӯзгор равон карда шуд.

Пештар хабар дода шуд, ки Валентина Матвиенко, раиси Шӯрои Федератсияи Русия ва Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон, дар Душанбе аз мактабҳое, ки омӯзгорон аз Русия дар он ҷо кор мекунанд, боздид намуданд.

81
Открытие нового здания факультета политики и государственного управления Государственного университета Бохтара

ММТ қоидаҳои қабул ба донишгоҳҳои Тоҷикистонро дар соли 2020 эълон кард

974
(Таҷдидшуда 11:33 29.05.2020)
Маркази миллии тестии Тоҷикистон эълон кард, ки қабули донишҷӯён ба донишгоҳҳо ва коллеҷҳои ҷумҳурӣ чӣ гуна сурат мегирад

ДУШАНБЕ, 29  май — Sputnik. Тоҷикистон тасмим нагирифтааст, ки қоидаҳои баргузории имтиҳони марказонидашудаи дохилшавӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбиро тағйир диҳад.

Гуфта мешавад, ки довталабон аз 1 июл то 7 июл метавонанд дар имтиҳонҳо иштирок кунанд.

"Дар сурати ворид намудани тағирот ба қоидаҳои баргузории СЕЕ, мо дар ин бора дар вебсайти расмии худ ва тавассути васоити ахбори омма иттилоъ хоҳем дод. Довталабон бояд аз 10 то 30 июн дубора сабти ном шаванд", - омадааст дар иттилоияи ММТ.

Ба иттилои манбаъ, то имрӯз беш аз 110 ҳазор нафар барои дохил шудан ба донишгоҳу донишкадаҳои кишвар ҳуҷҷат супоридаанд.

Соли 2020 дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии Тоҷикистон беш аз 80 ҳазор ҷой ҷудо карда шудааст.

Масъулини ММТ мегӯянд имсол довталабон бешиар ҳуҷҷатҳояшонро дар риштаҳои  тиб, ҳуқуқ, биология, тарбияи ҷисмонӣ, филология, педагогика ва санъат супоридаанд.

Сабти ном барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ дар соли 2020 2 март оғоз шуда, 30 апрел ба анҷом расид.

974
Дети собирают конфеты по обычаю идгардак

Омӯзгорон муваззаф шуданд дар рӯзи ид рафтори шогирдонашонро зери назорат гиранд

1079
(Таҷдидшуда 22:12 22.05.2020)
Вазорати маорифи Тоҷикистон устодону омӯзгорони тамоми зинаҳои таҳсилотро вазифадор кардааст, ки дар рӯзҳои ид рафтору муносибати хонандагону донишҷӯёни маҳалли зисти худро зери назорат гиранд

ДУШАНБЕ, 22 май – Sputnik. Вазорати маорифи Тоҷикистон дар як муроҷиатномае аз хонандагону донишҷӯён хоҳиш кардааст, ки дар рӯзҳои таҷлили иди Рамазон ва рӯзҳои дигари таътил ба вазъи саломатии худ ва атрофиёнашон таваҷҷуҳи бештаре зоҳир карда, тартибу низоми вазъи кунунии кишварро ба таври ҳатмӣ риоя намоянд.

"Дар рӯзҳои ид барои идгардак ба хонаи якдигар нараванд, ҳамсинфону ҳамкурсони худро ба зиёфатҳои идона даъват нанамоянд ва шиори Вазорати маориф ва илмро, ки "Мо худ ва дигаронро аз беморӣ ҳифз менамоем" аст, ба таври қатъӣ риоя кунанд.Устодону омӯзгорони тамоми зинаҳои таҳсилот даъват ва вазифадор мешаванд, ки дар рӯзҳои ид рафтору муносибати хонандагону донишҷӯёни маҳалли зисти худро зери назорат қарор дода, бетарафӣ зоҳир накунанд", - омадааст дар муроҷиатномаи Вазорат.

Дар баробари ин, ин ниҳод дар муроҷиат ба падару модарон хоҳиш кардааст, ки вазъи имрӯзаи эпидемикии кишвар ва оламро дуруст дарк намуда, ба заҳмату талошҳои духтурон, ҳамшираҳои шафқат, кормандони дорухонаҳо ва санитарию эпидемикии деҳа, ноҳия ва шаҳри худ эҳтиром гузоранд ва ба онҳо кумаку дастгириҳои хешро ба хонадони онҳо дареғ надоред, зеро онҳо ҳастии худро барои ҳифзи саломатии мардум равона кардаанд.

"Падару модарони меҳрубон, бо назардошти эҳтирому арҷгузорӣ ба ҳамаи анъанаву суннатҳои миллӣ оид ба таҷлили идҳои динӣ аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки дар рӯзҳои ид садди роҳи идгардаки кӯдакон шуда,  аз оростани дастурхонҳои пурдабдабаи идона, омода кардани хӯроку хӯришҳои гуногун, даъвати хешу табору наздикон худдорӣ карда, маблағҳои худро барои ҳифзи саломатии хонадону пайвандон, харидории китобу лавозимоти таълимӣ ва вазъи беҳдоштии фарзандони худ равона сохта, ба шахсони ятим, беморону дармондагони маҳалли зисти худ дасти ёрию навозиш дароз намоед", - таъкид намудааст Вазорат. 

Зиёда аз ин Вазорат дар хитоб ба волидайн хоҳиш кардааст, ки ҷиҳати самаранок гузаронидани таътили тобистонаи фарзандон, ҳифзи саломатии онҳо  таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда, рафтору муносибат ва фазои иттилоотии онҳоро дар ин рӯзҳои ниҳоят душвори паҳншавии бемории оламро фарогир – КОВИД-19 зери назорати ҷиддӣ қарор диҳандд.

"Нагузоред, ки гурӯҳҳои мухолифу манфиатҷӯ аз ин вазъият истифода карда, фарзандони мову шуморо гирифтори доми фиребу найранги худ созанд", - омадааст дар муроҷиатнома. 

Ҳамчунин роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, сардорони сарраёсат, раёсат ва мудирони шуъбаҳои маорифи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор шудаанд, ки дар чунин рӯзҳои ҳассос бо тамоми сохторҳои давлатӣ, соҳибкорон ва аҳли пешоҳанги ҷомеа ҳамкорӣ карда, дар паст гардидани шиддати паҳншавӣ, аз байн бурдани бемории коронавирусу дигар маризиҳои сироятӣ саҳмгузор бошанд ва дар самти иҷрои ҳамаи дастуру супоришҳои Ҳукумати мамлакат ва Вазорати маориф ва илм доир ба раванди таълиму тарбия ва ҳифзи саломатии мардум чораҳои зарурӣ андешанд.

1079
Барчаспҳо:
муроҷиатнома, Вазорати маориф, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Карантин в Узбекистане

Карантин дар Ӯзбкистон тамдид шуд: то 15 июн

0
(Таҷдидшуда 18:33 30.05.2020)
Дар қисматҳои "сабз" аз рӯзи душанбе аллакай майдонҳои варзишӣ, санаторияҳо, меҳмонхонаҳо ва урдугоҳҳо ба фаъолият медароянд

ДУШАНБЕ, 30 май — Sputnik. Дар Ӯзбекистон карантин то 15 июни соли равон тамдид шуд. Қарори мазкур аз ҷониби комиссияи мубориза бо коронавирус қабул шудааст.

"Чораҳои маҳдудкунанда ба хотири паҳншавии камтари вируси корона дар Ӯзбекистон то 15 июн тамдид шуд", - гуфта мешавад дар шабакаи телеграмии Вазорати адлия.

Ӯзбекистон бинобар афзоиши COVID-19 қарантинаро шадидтар мекунад

Мувофиқи қарори комиссия дар қисматҳои "зард" кори ташкилотҳое, ки ба омода кардани ронандаҳо, мақомоти давлатӣ ва марказҳои хизматрасонӣ оғоз хоҳад шуд.

Дар қисматҳои "сабз" аз рӯзи душанбе аллакай майдонҳои варзишӣ, санаторияҳо, меҳмонхонаҳо ва урдугоҳҳо ба фаъолият медароянд.

Пойтахти Ӯзбекистон пурра карантин шуд: гирифторони коронавирус дар ин кишвар меафзояд

"Дар баробари ин чорабиниҳо танҳо дар миқёси маҳалли зист баргузор карда мешаванд ва шумораи меҳмонон набояд аз 30 нафар бештар бошад", - омадааст дар хабарнома.

Ёдрас мешавем, ки аз 1 апрел то 1 июн мақомоти Ӯзбекистон дар шаҳри Тошканд ва дигар манотиқи кишвар чораҳои маҳдудкунандаро ҷорӣ кард.

Ва аз 30 апрел қисман низоми шадидро сусттар кард.

0
Барчаспҳо:
тамдид, вируси нав, Ӯзбекистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон