Бинои Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, акс аз бойгонӣ

Ҷашни 80-солагии “Марги судхӯр” ва шарҳи Эмомалӣ Раҳмон дар бораи фармонаш барои китобхонӣ

1752
Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки 80-солагии асари Садриддин Айнӣ – “Марги судхӯр”-ро ҷашн бигирад

ДУШАНБЕ, 3 апр - Sputnik. Ато Мирхоҷа, муовини раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, хабар дод, ки ба муносибати 80-солагии “Марги судхӯр”,  рӯзи 12 апрели соли 2019, соати 14 дар толори хурди Иттифоқи нависандагон маҳфили бошукӯҳи илмию адабӣ барпо мегардад. Мирхоҷа дар саҳифаи фейсбукияш итилоъ додааст, ки иштирок дар ин маҳфил озод мебошад.

Китоби “Марги судхӯр” дар ҳоле дар Тоҷикистон дигарбора вирди забонҳо шуд, ки Бег Сабур, раиси Хадамоти алоқаи кишвар онро баробари “Нисо”, “Одина”, “Арбоб Камол” дар  феҳрасти китобҳои хондааш ном бурда, тавзеҳ дод, ки онҳо хусусияти иқтисодӣ доранду бо тиҷорат пайванди қавӣ доранд.  

Дар пайи ин суҳбат, китобхонӣ ба яке аз мавзуъҳои меҳварӣ дар расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоии Тоҷикистон табдил ёфту вирди забонҳо шуд.

Инчунин Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон низ зимни сафараш дар вилояти Суғд дар бораи китобхонӣ суҳбат карда, фармони марбут ба китобхонияшро шарҳ дод.

Раисиҷумҳур дар ноҳияи Спитамен баъди ифтитоҳи китобхонаи нав зикр кард, ки чанде пеш бо фармони Президент озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ…” эълон гардид ва яке аз ҳадафҳои асосӣ аз эълон намудани озмуни мазкур ба мутоилаи китоб ҳарчи бештар ҷалб кардани мардум, махсусан, наврасон ва ҷавонону донишҷӯён мебошад.

“Зеро тавре ки мушоҳида мешавад, баъди ба ҳаёти мардум васеъ ворид шудани истифодаи технологияҳои иттилоотӣ ва дигар василаҳои коммуникатсионӣ завқи ҷавонон ба китобу китобхонӣ торафт кам шуда истодааст”, - изҳор дошт Эмомалӣ Раҳмон.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон гуфтааст, албатта, наслҳои наврасу ҷавон бояд ҳамқадами пешрафти илму техника бошанд, аз навовариҳои технологии замони муосир қафо намонанд.

“Дар баробари ин, фаромӯш накунанд, ки воситаҳои техникии имрӯза ҳеҷ гоҳ ҷойи китобро гирифта наметавонанд”, - таъкид намудааст Эмомалӣ Раҳмон.

Ӯ афзудааст, “наслҳои калонсол хуб медонанд, ки тоҷикон аз азал бо омӯзиши илму дониш, офаридани осори илмиву адабӣ, бунёду таъсиси китобхонаҳо, марказҳои илмӣ ва маҳфилу ҳавзаҳои адабӣ машҳур буданд, ки албатта, китобу қалам дар меҳвари онҳо қарор дошт ва фикр мекунам, ки ин анъана набояд фаромӯш гардад”.

1752